Санаи 03.12.2025 устод Сайф Достиев дар саҳифаи расмии худ (Фейсбук) чунин ишора намудаанд:
“Ман ба хулосае омадан дорам, ки журналистикаи тоҷик дигар ҷои ман нест… Рӯзҳои наздик тасмими ниҳоӣ мегирам…”.
Устоди азиз!
Мо, хонандаи доимии нашрияи “СССР” буда, аз оғози нашри он то ин вақт ҳамаи шумораҳои онро пайваста мутолиа менамоем ва ҳар ҳафта нашр шудани онро воқеан ҳам бесаброна интизорӣ мекашем! Ягон шабакаи интернетӣ ва ягон нашрияи дигар ҷои “СССР”-ро дар худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандорию арҷ гузоштан ба тамаддуни пурифтихори миллати тоҷик гирифта наметавонад!
“СССР” минбари озоди тамоми қишри ҷомеа буда, дар ҳар шумораи он хабару мақолаҳо аз тамоми манотиқи кишвар ба нашр мерасад. “СССР” дардошнои мардум аст, “СССР” даргоҳи умеди корафтодагон аст, “СССР” дарди дили мардумро мешунавад ва баъдан онро ба чоп медиҳад! Ку дар ҷомеаи имрӯзаи мо нашрияе, ки ба мисли “СССР” бошад? Ку дар ҷомеаи имрӯзаи мо нашрияе, ки ба мисли “СССР” ба мардум минбар диҳад?
Ҳамсӯҳбат шудани хабарнигори “СССР” Шамсиддини Муқим дар шаҳри Москва бо Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин санаи 18.12.2025 ва пешниҳоди ин рӯзноманигор ҷиҳати дар шаҳри Москва кушодани “Маркази Хайёмшиносӣ” далели он аст, ки “СССР” берун аз кишвар ҳам мақому манзалати худро дорад! Шамсиддини Муқим ягона журналисти тоҷик буд, ки дар ин ҳамоиш тавонист бо Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин ҳамсӯҳбат шаваду пешниҳодоти барои миллат муфидро ироа намояд, Яъне, вай дар ин замонаи бархӯрди тамаддунҳо аз монофеи миллии кишвар сарбаландона пуштибонӣ намуд! “СССР” нишон дод, ки метавонад бо сиёсатмадорону пешвоёни давлатҳои абарқудрати дунё дар робитаю гуфтугӯ бошад!
Устоди азиз!
Замоне мерасад, ки аз рӯи нигоштаҳои “СССР” олимон тадқиқотҳо бурда, диссертатсияҳои илмии худро ҳимоят хоҳанд кард! Ин муболиға не, ҳақиқати ҳол аст!
Бо арзи ин гуфтаҳо, Шумо наметавонед, ки майдони журналистикаро дар ин вазъияти мураккабу ҳассоси дунё тарк намоед!
“СССР” газетаи Патриотҳои Давлати Тоҷикон аст! “СССР” нашрияест, ки на маҳал дораду на Тоҷикистонро ба қисматҳо ҷудо кардан дорад! Ҳамаи хабару мақолаҳои ба он ирсолгардида ҳатман ба чоп мерасанд! “СССР” нашрияест, ки тавонистааст журналистони наврӯидаро ба журналистони соҳибқалам табдил диҳад!
Идомаи нашрҳои ҷолиби “СССР”-и азизро бо рубрикаи “Сухани сардабир” ҳар ҳафта интизор мешавем. Чунки “СССР” дар роҳи интихобкардаи худ, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ЯГОНА аст!
Шиори “СССР” барои тамоми меҳанпарастону патриотҳои кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз як аст: МО МЕТАВОНЕМ!
Аз ин рӯ хоҳиши онро дорем, ки бо Тоҷикистони азиз, бо хонандагони “СССР” ва бо мо бошед ва фикри тарки майдони журналистикаи тоҷикро аз тафаккури худ дур кунед!!!
Фарорасии Соли нави милодиро бароятон табрик гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем! Саодати рӯзгор дар хонадонатон!
Бо эҳтирому самимият
Ҷалолиддин Сафарзод ва Шералӣ Давлатов, ноҳияи Темурмалик
