Озмуни “Мухлисони беҳтарини футболи Тоҷикистон дар соли 2025” ҷамъбаст гардид. Чорабинии тантанавии тақдими ҷоизаҳо ба соҳибонашон рӯзи 18 декабр дар шаҳри Душанбе доир шуда, ки дар он ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, намояндагони дастаҳо ва гурӯҳҳои мухлисони футболи кишвар ширкат варзиданд.
Тибқи ҷамъбасти натиҷаи Озмун дар он гурӯҳи мухлисон ё худ “Фан-Клуб”-и дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, ки унвони «Шерони Кӯлоб»-ро дорад ғолиб дониста шуд. Ҷойи дуюмро гурӯҳи мухлисони дастаи «Истаравшан» –и Истаравшан, ки «Палангони шимол» номида мешавад ишғол намуд. Мақоми сеюми ифтихориро бошад “Фан-клуб”-и дастаи «Вахш»-и Бохтар, ки бо номи “Палангони водии Вахш” маъруф аст, соҳиб гашт. Ба ғолибон, мутаносибан ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 40, 30 ва 20 ҳазор сомонӣ пардохт шуд.
Дар байни гурӯҳи мухлисони беҳтарин дар лигаи якуми Тоҷикистон бошад гурӯҳи ҳаводорони дастаи футболи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ ғолиб дониста шуда, бо маблағ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Фан Клуби дастаи ноҳияи Панҷ “Бабрҳо” ном дорад ва онҳо дастаи худро дар бозиҳои хонагиву сафарӣ дастаҷамъона ҷонибдорӣ менамоянд. Ҷоизаи махсуси ташкилкунандагони Озмун дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ба мухлисони дастаи “Мастчоҳ”-и Мастчоҳ, ки номи ифтихории “Шерони шуҷои Мастчоҳ”-ро дорад, тақдим гашт.
Ҷоизаҳои инфиродиро Манижа Рӯзиева (Панҷакент), Заррина Исмоилзода (Рӯдакӣ), Бахтиёр Собиров (Бохтар) ва Шӯҳрат Шонов, яке аз роҳбарони гурӯҳи мухлисони тими миллии Тоҷикистон соҳиб гардиданд. Инчунин, мухлисони дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Эсхата”-и Хуҷанд, “Ҳосилот”-и Фархор, “Ҳулбук”-и Восеъ, “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Сардор”-и Турсунзода, “Моҳир”-и Ёвон, “Сомон”-и Данғара ва “Шодмон”-и Ҳисор бо ҷоизаҳои махсуси Лигаи футболи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки ин Озмун соли дуюм аст, бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар тибқи иҷрои протоколи ҷаласаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндагони ҷомеаи футболи кишвар, ки моҳи ноябри соли 2023 баргузор шуда буд, ташкил карда мешавад. Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дарвоқеъ, баргузории ин Озмун, ки шарту талаботи мушаххасро ифода намуда, ҳадафи асосӣ аз он – эҳё ва муосир гардонидани фарҳанги мухлисӣ байни ҳаводорони футболи ватанӣ аст, миёни гурӯҳҳои ҳаводори дастаҳои футболи ватанӣ ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва ҳамзамон як рақобати солимро ба вуҷуд овард. Қоидавайронкунии мухлисон дар варзишгоҳҳо хеле коҳиш ёфт. Мухлисон ҷузъи футбол будани худро дарк намуданд. Роҳбарони Фан-клубҳо ба аъзоёни худ “суду зиёни” мухлисиро то ҷое фаҳмониданд, ки ҳалолашон бод.
Вале, як нуқтаро ба мухлисони тамоми дастаҳо ва махсусан ба ҳаводорони дастаи “Равшан”, ки дар ин Озмун ғолиб дониста шуданд, баён карданиям, ки он бояд ҳадафи ҳар як мухлиси футбол бошад. Фарҳанги харидорӣ намудани билетро ба роҳ монед. Ба тамошои бозиҳои дастаҳои худ, ҳатман бо харид кардани билет ҳозир шавед ва ин корро байни дигар мухлисон тарғиб намоед. Зеро, шумо бо харидорӣ кардани билети бозӣ, дар пешрафт ва ба ғалаба расидани дастаҳои худ саҳмгузор мешавед.
СССР
