Иван Василевич Илин
Илин Иван Василевич соли 1938 дар оилаи рус таваллуд ёфта, маълумоти миёна гирифтааст. Соли 1918 ба аъзои РКП(б) пазируфта мешавад.
Ба ҳайси прокурори РСС Тоҷикистон аз моҳи августи соли 1935 то соли 1938 иҷрои вазифа намудааст. Аз санаи 10-уми ноябри соли 1937 ба ҳайси аъзои сегонаи НКВД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол будааст.
Аз ҳисоби округи интихоботии ноҳияи Кангурт вакили Шурои олии РСС Тоҷикистон, даъвати 1-ум интихоб гашта, аъзои КМ ПК РСС Тоҷикистон будааст.
Дар бораи зиндагии ин прокурори вақти кишварамон баъди соли 1938 маводе ба даст наомад. Шояд соли 1938 бар асари маъракаи «тозакунии кишвар аз унсурҳои зиддишуравӣ» зери сарварии И.В.Сталин чун «душмани халқ» парронида шуда бошад? Инро тадқиқоти минбаъдаи насли ҷавони ҳуқуқшиносону таърихнигорони тоҷик оянда муайян хоҳанд кард.
Лебедев Пётр Александрович
Лебедев Пётр Александрович соли 1877 дар шаҳри Харкови Украина, дар оилаи марди рустабори хизматчии хурди ҳарбӣ, ки бо харакати халқчиён муносибати қавӣ дошт, таваллуд гаштааст.
Худи Пётр Александрович аз соли 1898 дар ҳаракатҳои инқилобӣ аввал дар Саратов ҳангоми таҳсил дар гимназия ва баъдан вақти донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Петербург буданаш ширкати фаъол доштааст.
Маълумоти олии ҳуқуқшиносиро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Петербург соли 1910 гирифта, ба ҳайси ҳуқуқшинос иҷрои вазифа намудааст. Мавсуф яке аз болшевикони аввалин буда, аз соли 1901 аъзои РСДРП (б) будааст. Баъди бадарға аз Питер дар Саратов, зери назорати ошкорои пулис қарор дошта, ба ин нигоҳ накарда, дар таъсиси кумитаи Саратовии ҳизби Сотсиал – демократии Россия ширкати тамоме доштааст.
Ҳангоми ҷудошавии ин ҳизб ба болшевику меншевик бо як қатъияти том зери назари ғояҳои болшевикӣ ҷойю мавқеъи худро интихоб намудааст. П.А.Лебедев якчанд маротиба зери ҳабсу бадарға фаро гирифта шуда, аз бадарғаи 5 сола аз губернияи Иркутск дар давраи Инқилоби февралии соли 1917 ба Саратов баргаштааст. Мавсуф яке аз фаъолтарин шахсоне буд, ки дар табадулоти октябрии сарнагункунии ҳукумати муваққатии губернияи Саратов иштирок ва ҳукумати болшевикиро созмон ва якумин комиссари болшевикии губернияи Саратов таъин гардидааст
Баъди чанде ба ҳайси сарвари мақомоти адлияи губернияи Саратов интихоб карда мешавад. Баъдан ба ихтиёри Комиссариати адлияи РСФСР ва аз онҷо ба ихтиёри Комиссариати адлияи ҶМШС Туркистон гузаронида шудааст.
Лебедев, ки дорои маълумоти олии юридикӣ буд, таҷрибаи 5 солаи кории ҳимояро дар судҳои тоинқилобӣ низ дошт, ҳамчун роҳбари таҷрибадор ва аъзои фаъоли ҳизби болшевикон ба зудӣ барои фаъол гардондани системаи судии нав таъсисёбандаи СССР кашида мешавад. Соли 1924 тибқи шаҳодати профессори ҳуқуқ Н.Н.Овясников мавсуф якумин раиси коллегияи судӣ-граждании Суди Олии СССР интихоб гашта, дар рушди ин самти муҳими фаъолияти судӣ хизмати бебаҳоеро анҷом додааст.
Аз моҳи декабри соли 1934 то моҳи августи соли 1935 ба ҳайси прокурори РСС Тоҷикистон интихоб ва иҷрои вазифа намудааст.
Баъдан, боз аз моҳи августи соли 1935 ба ҳайси раиси коллегияи баррасии судии парвандаҳои граждании Суди Олии СССР иҷрои вазифа намудааст.
Дар рушду инкишофи самти баррасии парвандаҳои гражданӣ дар судҳо дар СССР нақши муҳими худро ба ҷой гузоштааст ва дар ин хусус мақола ва асарҳо низ чоп кардааст.
Дар бораи ҳаёту фаъолияташ чун инқилобгар ва ҳуқуқшиноси варзида дар Саратов ва Маскав мақолаву асарҳо ба нашр расидаанд.
Гумон мекунам, ки аз сабаби он, ки дар Тоҷикистон хело кам, ҳамагӣ каму беш 8 – моҳ зиста ва кор намудааст дар борааш навиштаҳо хело кам ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки мавҷуд низ нестанд. Аз инҷост, ки насли на танҳо имрӯзаи кормандони мақомоти прокуратураи тоҷик, балки насли калонсол, собиқадорони мақомоти прокуратура низ дар бораи ин ҳуқуқшиноси баландпояи касбияташ хело баланди СССР камтар медонанд.
Аз сарчашмаҳо он чиз мароқовар ҳаст, ки камина кофта ёфт. Ин ахбороти П.А.Лебедев ба котиботи КИМ-и СССР оиди ахборот «Оиди вазъи қонунияти инқилобӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Мавсуф дар мактуби худ ба номи Акулов И.А. менигорад, ки дар моҳи августи соли 1935 рафиқ Уншлихт ба ман таклиф карда буд, ки оиди вазъи қонунияти инқилобии РСС Тоҷикистон маълумот диҳад. Бо сабаби ба рухсати рафтани рафиқ Уншлихт ин кор он замон амалӣ нашуд. Айни замон ба Шумо барои диди назар ахборот «Дар бораи вазъи қонунияти инқилобӣ дар ҶШС Тоҷикистон»-ро пешниҳод менамоям. Дар поёни мактуб чунин оварда шудааст: «Бо дуруди коммунистӣ профессори РСС Тоҷикистон П.А.Лебедев- 29-уми сентябри соли 1935 (бояд қайд намуд, ки Пётр Александрович Лебедев аллакай моҳи августи соли 1935 барои кор ба Суди Олии СССР даъват шудаву рафта буд ва ин ахборотро баъди аз вазифаи прокурори ҶШС Тоҷикистон рафтанаш ба КИМ-и СССР пешниҳод намуда буд-шарҳи В.З.).
Ҳамон замон шояд дар яке аз мактабхои олии кишвар низ ба ҳайси профессор дарс низ мегуфтааст, зеро худро дар мактуби ҳамроҳ бо ахборот «Оиди вазъи қонунияти инқилоби дар Тоҷикистон» пешниҳод намуданаш чун «Профессори ҶШС Тоҷикистон» нишон додааст.
Дар ахборот ба ин масъалаҳо диққат додааст:
1. Дар бораи ҳабси ғайриқонунӣ
Ба ҳабс дар бисёре аз ҳолатҳо бо аъмолҳои камаҳамият ва ё бо сабабҳое, ки ваҷҳҳо содиркунини ҷиноят бо пуррагӣ маъмуланд кашида мешаванд. Такяи маъмул ба ин фарзия он аст, ки шахси айбдоршаванда метавонад, ки аз тафтишот ва суд гурехта пинҳон шавад. Гурехтану пинҳон шудан аз суд дар Тоҷикистон як омили бисёр паҳншуда аст ва дар бисёр ҳолатҳо прокуроронро гунаҳгор мекунанд, ки ба ҷинояткорон онҳо шароит барои гурехтанро фароҳам овардаанд (яъне нисбаташон чораи пешгирӣ на дар шакли ҳабс, балки чораи назарбанд (дастхат оиди нарафтан аз ҷои зистро аз чораи ҳабси пешакӣ авлотар донистаанд (назарбанд ин ҳамон луғати мурофиавии судӣ-ҷиноятии мо дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри пор аст, ки ба ҷои дастхат оиди нарафтан аз ҷои истиқомат гирифта мешуд ва ибораи хело хубу бомавқеъ низ ҳаст-шарҳи В.З.).
2. Дар нисбати кадрҳои миллӣ бошад ҷумҳурӣ, яке аз нодортарин ҷумҳуриҳо ба ҳисоб меравад. Ин омил бо он асос меёбад, ки вазъи маорифи халқ дар ҷумҳурӣ дар шароити ниҳоят ғайриқаноатбахш қарор дорад. Дар инҷо на танҳо мактабҳои 10 сола, балки мактабҳои 7-сола низ мавҷуд нестанд (манзураш хело кам будани чунин мактабҳост-шарҳи В.З.). Дар асл қисмати бузурги хонандагон бо хондани 4 синф ва ё аз он болотар бо маълумоти 5 синф маҳдуд мешаванд (суханҳои прокурори вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳақиқат инҷо хело бамаврид ва дуруст низ ҳастанд, чун мо аслан маркази дурусти шаҳри чун Тошкенту Ашқободу Фрунзе ва Алмаато надоштему Душанбе солҳои 30-юм низ нав кам – кам қомат меафрохт)
Пётр Александрович Лебедев соли 1952 вафот кардааст.
Варқаи Зайниддин,
корманди фахрии прокуратураи ҶТ
