Апам!!!

Ман дар симои Маҳбуба Камоловаи нозанин апаи худро ёфтам. Апаам Моҳлиқо Достиева шарикдарси Маҳбуба буду дар айни авҷи камолийяти ҳусну ҷавонӣ ба таври фоҷеавӣ фавтид. Замона даврони ҷанг буд. Ҳамонгунае, ки шавҳари Маҳбуба Камолова қаҳрамонона фавтиду бори масъулияти зиндагонӣ ва садоқат бар ИШҚро Апаам то имрӯз бар душ гирифт. Апам мубориз аст, қаҳрамон аст, намунаи беҳтарини бонуи тоҷик аст, ки фарзандонро тани танҳо ба воя расониду имруз соҳибкасб намуд. Дигарон намедонанд, ҳатто фарзандон шояд фаромуш карда бошанд, аммо ман медонам, ки Апам кудакони хурдсолашро дар таги мизи корияш пинҳон мекард, то “гап нашунавад”… Имрӯз ҳама он заҳамот самар овардаанд. Самарааш номи наку ва сари баланди апам аст. Масъулияти раҳбарии бузургтарин газетаи русии ҶТ кори саҳлу сода нест.

Бошӣ апаҷони гулам. Ҳамеша бо мо бошӣ. Мо Метавонем!

Сайф Достиев

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube