Волидон боғбонанд. Агар ниҳолро дар кучакиаш рост кунем, он то охир рост меравад. Тарбияи кӯдак низ мисоли тарбияи дарахт аст. Боғбон дарахтони мевааш бесифату бемаззаро бо дарахтони мевааш аълосифат пайванд мекунад, то ки аз самараи он инсонҳо ҳаловат баранд.
Кӯдаконро аз хурдӣ бо меҳнатдӯстӣ тарбият бояд кард, то ки онҳо дар зиндагӣ ба мушкиле дучор наоянд. Мисоли равшан аз ҳаёт меорам. Як ҳамсояи қашшоқ доштам. Касбу кораш мардикорӣ буд. Модар ноилоҷ кӯдаконро баъди дарс ба корҳои саҳроӣ ҷалб менамуду аз ҳаққи меҳнаташон рӯз мебурданд. Кӯдакон дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонданд. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Рӯзҳои истироҳат мардикорӣ карда, мактаби олиро хатм карданду соҳиби касбу кор шуданд. Хонаҳои падариро обод карданд ва аз ҳисоби даромади худ хонадор шуданд. Падару модарро ба зиёрати хонаи Худо фиристониданд. Ҳар сол ду маротиба, волидонро дар санаторияҳо барои табобат мефиристонанд.
Хешовандоне, ки ҳангоми тангдастӣ саломашон намедоданд, имрӯз ба гирдашон парвонаанду баҳри ҳалли мушкилоти худ кумак мепурсанд.
Албатта ин муваффақиятҳо самараи тарбияи модар аст, зеро падар баҳри таъмини аҳли байташ сол дар дувоздаҳ моҳ бо мардикорӣ дар шаҳрҳо банд буд.
Мисоли дигар як оилаи сарватмандро меорам. Бачаҳояш бо сару либоси озода мегаштанд. Аз хурди савори мошинҳои сабукрав буданд. Ҳаёташон бо фароғат мегузашт. Аз бонкҳо қарзҳои калони имтиёзнок гирифта, бемақсад истифода бурданду муфлис шуданд. Мошинҳоро фурухтанду зиндагии қашшоқона доранд. Дороиашон сарфу саттори бонкҳост. Бачаҳо дар пирӣ аз ҳоли волидон хабар намегиранду баракс таъмини оилаҳояшон бар дӯши волидонанд. Кӣ ба ин гунаҳгор аст? Албатта модар аст, зеро кӯдаконро нозпарвард калон кард. Чи хостанд , баҳрашон муҳаё сохту ба сарфаю сариштакорӣ саҳланкорӣ кард ва имрӯз ҳангоми пирӣ азоб дорад.
Мақсадулло Ҷамолов,
н. Деваштич
