Раҳи умри абад

(Дар ҳошияи кору пайкор ва рӯзгори шахсияти номдор, вакили Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амон Абдуллоев)

«Қаҳрамони мардумӣ»

Амон Абдуллоевро натанҳо дар вилояти Суғд, балки дар ҷумҳурӣ аксарият хуб мешиносанд. Воқеан ҳам мавсуф бо меҳнатдӯстӣ, ҳалолкориву хайрхоҳӣ, ободкорӣ, садоқат ба меҳану миллат ва хислатҳои некаш дар байни мардум маъруфу машҳур аст. Саҳифаҳои умри Амон Абдуллоев, ки рӯзҳои наздик 80-сола мешавад, пур аз воқеаву ҳодисаҳои ҷолиб, хотираҳои нек, амалҳои неку созанда ва иқдомҳои бунёдкорона мебошанд. Солҳои 1990-1995 ва солҳои 1995-2000 ду даъват вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Барои хидматҳояш бо ордени «Дӯстии халқҳо» сарфароз гардидааст.

Дар саҳифаи 186-и китоби «Иҷлосияи наҷотбахш», ки дар нашриёти «Анис» – и шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст, дар бораи вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҳайдар Усмонов, №152 Амонҷон Абдуллоев маълумот дода шудааст.

Дар рӯйхати вакилони халқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 феврал ва ҳангоми овоздиҳии такрорӣ 12 марти соли 1995 интихоб шудаанд ва аз қайди Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд, номи Амон Абдуллоев таҳти рақами 2 номнавис гардида буд.

«Беҳтарин саховатманд» дар соли 2000-ум эътироф гардидааст. Алҳол роҳбари ширкати кишоварзию истеҳсолии «Амон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 1 июни соли 2026 мавсуф 80-сола мешавад.

Лавҳаҳои зер аз лаҳзаҳои умри ин марди хоксору бунёдкор нақл мекунанд, ки пешкаши хонандагони рӯзнома менамоем.

«Мости Амон» ё кӯпруки Иномҷон

29 феврали соли 1996-ро мардуми деҳаҳои назди соҳили дарёи Сир, бахусус Румону Унҷӣ ҳеҷ фаромӯш намекунанд. Субҳи сард шамоли сахт вазиду оби дарёи Сир дамида, кӯпруки понтоние, ки аз чубу тахта ҳанӯз солҳои 1946-1948 аз ҷониби комбинати шашуми Вазорати мошинсозии миёнаи СССР сохта шуда буд, вайрону корношоям гардид. Бояд зикр дошт, ки то соли 1991 кӯпруки мазкур дар тобеъияти корхонаи мазкур қарор дошту барои ронандагону аҳолӣ хизмати пулакӣ мерасонд. Бо шарофати бозсозӣ онро ширкати кишоварзию истеҳсолии «Амон» хусусӣ намуда, роҳбари ширкат Амон Абдуллоев мақсад гузошт, ки пулро навсозӣ намояд. Ба роҳбари вақти вилоят муроҷиат ҳам кард, вале ба ин иқдоми бузург бовар накарданд ва иҷозат надоданд. 

Мардуми ду тарафи соҳили Сир аз равуо маҳрум гаштанд, нақлиёт ҳам дигар гузашта наметавонист. Ягона илоҷ бунёди кӯпрук буд. 

Амон Абдуллоев, ки дар он солҳо ҳам роҳбари ширкат ва ҳам вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо фаъолони деҳоту ноҳия маслиҳат карду нақшаи бунёди пулро ба миён гузошт. Ният кард, ки корро бо дуои неки Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз менамояд.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Боре баъди ҷаласаи Шӯрои Олӣ назди Роҳбари давлат даромаду аз нақшаи хеш ҳарф зад.

-Мо ният дорем, дар болои Сирдарё кӯпруки нав созем, – гуфт ӯ.

Он солҳо вазъи иқтисодии мамлакат хеле вазнин буд. Роҳбари давлат баъди лаҳзае изҳор доштанд, ки иқдоми зарурӣ аст ва агар маблағ пайдо шавад, ҳатман пулро бунёд менамоем.

-Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ман барои гирифтани иҷозат ва дуои неки Шумо омадам, бо дастгирии мардум, аҳли ҷамоат ва афроди хайрхоҳ маблағи заруриро пайдо менамоем. Агар иҷозат диҳед, ба корҳои сохтмонӣ оғоз намоем…

Ҳамин тавр, бо дуои нек, ҳидояту дастгирии Роҳбари давлат 1 октябри соли 1999 сохтмони пул оғоз ёфт. Дар мӯҳлати кутоҳ дар институти лоиҳакашии Душанбе бо сарварии сармуҳандис Олимҷон Холдоров лоиҳаи пули нав тартиб дода шуд. Корро дар ду баст ташкил карданду сохтмон авҷ гирифт. 120 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардиданд. Ниҳоят, корҳои сохтмонӣ 28 июли соли 2000 ба анҷом расонида шуду кӯпруки нав бо Маҷмааи нави хизматрасонӣ дар рӯзи таҷлили Истиқлоли давлатӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар ин рӯзҳо ин мисраҳоро эҷод

«Хуми тилло» ва панди падару модар

Мардум ободкориву хайрхоҳии Амон Абдуллоевро дида, ҳар гуна андеша доштанд. Яке ҳадс мезад, ки «Амон хуми тиллоӣ ёфтааст». Баъзеҳо мегуфтанд, ки кӯпруки навсохтаи ӯ пулакӣ мешавад ва ӯ ба хотири сармоя ба даст овардан пулро сохтааст.  Аммо на ҳама медонистанд, ки сармояи ба даст овардаи Амон аз ҳофизист. Ӯ соли 1985 ансамбли «Умед»-ро таъсис дод, ки дере нагузашта дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон машҳур гардид. Лауреати чандин озмуну симпозиумҳои байналмилалӣ буд. Суруди машҳури «Модари ман»-и «Умед»-ро то ба имрӯз мардум гӯш мекунанду маҳбуби дилҳост.

Муваффақияти дигари Амон дар он солҳо дар он буд, ки ӯ бори аввал дар вилоят баргузории консертҳоро дар варзишгоҳҳо ба роҳ монд. Ба шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон, бахусус Фарғонаву Намангон, Қуқанду Андиҷон бо барномаҳои консертӣ, ба маъракаву чорабиниҳо сафар менамуд ва аз он ҷо маблағи зиёде ба Тоҷикистон меовард.

Ӯ ҳамеша панди падарро дар ёд дорад ва заҳмати модарро.

Падараш деҳқони оддӣ буд. Марде хоксор, вале боҳиммат…

Чун аз хотираҳо нақл кард ва вақте аз падару модараш пурсидем, дар чашмони ӯ ашк ҳалқа зад.

-Афсӯс, ки бархе падару модари худро ба ёд намеоранд, -мегӯяд бо чашмони пур аз ашк.

– Номи модарам Қумринисо, зар гаҳе модар гӯям гиря мекунам.

Об аз чашмони ӯ ҷорӣ мегардад. Модар, модар…, – зери лаб такрор мекунад.

-Намегузоштам, ки дасти модарам ба оби хунук расад. Гоҳ ҷомашӯӣ мекардаму гоҳ нон мепӯхтам. Додаронам хурд буданд, ягон нафари мо оиладор нашуда будем, дар хона ҳанӯз келин набуд. Дастёри модар будам, ба корҳои хона ёрӣ медодам.

Панди падар ҳеҷ аз гӯшам намеравад, ки мегуфтанд, се чизро риоя кун: Агар баногоҳ худованд ба ту мансаб диҳад, аз худ нарав, мансабпарасту мансабмаст нашав. Дуввум, яке ту одами пулдор шудӣ, хоксор бош. Назди касе пули бисёр дорам гуфта, худнамоӣ макун, бахусус ба бечорае ҳамёни пулатро нишон мадеҳ, ки хуб нест. Саввум, ба ягон кас ҳарфи бад магӯ, мардумозориву бадхоҳӣ касро ба мурод намерасонад, дар ҷомеа, байни мардум обрӯ ва номи нек намедиҳад. Дар ҷомеа одамони баду бахил ҳам ҳастанд, ту муҳим одами хуб бош.

Як одами хуб метавонад, ҳидоятгари даҳҳо инсон ба роҳи неку босаодат бошад…

Як рӯзи пур аз саодат

-Дар зиндагиам рӯзҳои бо саодат зиёданд. Фақат шукр мегӯяму таманно мекунам, ки Тоҷиксиони азизамон бо сарварии Пешвои миллат, марди ҷонфидо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зебо ва рӯзгори мардум хубтару хуштар гардад, – мегӯяд Амон Абдуллоев. -Раҳмат ба Ҷаноби Олӣ, ки ғамхори халқ, пушту паноҳи мардум ҳастанд. Ҳар иқдомашон боиси рӯҳбаландиву дастгирист. Ҳар коре, ки ба сомон расонидаам, муҷиби он ҳидояту ташаббусҳои Сарвари давлатамон аст.

Соли 2010 коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмониро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд кардаму бо қудуми муборак ва дуои неки Ҷаноби Олӣ ифтитоҳ гардид.

Маро ба наздашон даъват намуда, бо чеҳраи шукуфон суҳбат карданд, аз ҷараёни корҳоям пурсон шуданд, суханоне гуфтанд, ки ба ман пару бол, рӯҳу қувват ва нерӯи нав бахшиданд.

То ҳол эҳсос мекунам, ки рӯзи аз ҳама саодатбори ман ҳамон рӯз аст…

Баъди он рӯз Амон Абдуллоев бо ҳидояти Пешвои миллат камари ҳиммат баст, корҳои азхудкунии заминҳои дашти Қароҷингилро тақвият бахшид ва баъди солҳои зиёди азму талош, тахту ҳамворкунии дашти бегиёҳу беоб дар майдони 1200 гектар хоҷагии деҳқонӣ ва як боғи пур аз дарахтони мевадиҳандаро бунёд намуд…

Хоксорӣ

Рӯзе фарзандонаш ба ӯ мошини нав хариданд. Мошин ба қавле калонҳаҷм буду баландпоя… Ӯ ба мошин савор шуду аз байни деҳаи Рӯмон гузашт. Худро ноҳинҷор ҳис мекард. Дар назараш мардум ба ӯ бо тамасхур нигоҳ мекарданд…

Ба хона омадан замон калиди мошинро ба дасти писараш ҳаво дод.

-Ба ман ҳамон «Мерседес»-и куҳнаам маъқул. Ин мошинро аз касе харида бошӣ, бурда бозпас супор…

Ва ҳар рӯз ӯ савори мошини «Мерседес»-и куҳна аст. Бархе ӯро дида дар ҳайрат мешаванд:

-Ин одам наход Амон Абдуллоев аст?

Аёдат

Як марди соҳибмансабе, ки борҳо ба Амон душманӣ карда буд, баъди чанд вақти аз вазифа рафтан, бемор мешавад. Ҳеҷ кас назди ӯ намерафт. Вале Амон рафт. Ба ӯ салом дод. Аммо вай шахс ҳатто ба саломаш алейк нагирифт. Фикр кард, ки Амон ба ҷангу ҷидол омадааст.

-Барои чӣ омадӣ? Рав, аз паи корат шав, намебинӣ, ки ман дар бистари маризӣ ҳастам.

-Ман бо дили соф, барои аёдати ту омадам. Дар баробари бадиҳоят ба ман некиҳо ҳам кардаӣ, ошно. Ба қавле, ҳоли даврон яксон намемонад ва ман ба ту ҳеҷ кина надорам.

Бемор аз ҷой бархосту Амонро ба оғӯш гирифт. Гиря кард, беовоз, мардона…

-Ту инсони бузургӣ, Амон! Маро бубахш!

«Барномаи ман – Паёмҳои Президент»

-Ман аз дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳом мегирам, нақшаи кору барномаи фаъолиятамро барои оянда муайян менамоям. Имрӯзҳо дар партави Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат бобати бунёди коргоҳи истеҳсоли панелҳои барқии офтобӣ саъю талош намуда истодаам, ки аз ҳидояти нек ва аз Паёми Пешвои миллат сарчашма мегирад, – мегӯяд Амон Абдуллоев.

Аллакай ӯ бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтугӯ кардаву нақшаи корӣ ва тарҳи корхонаро омода намудааст. Боварӣ ҳаст, ки ин иқдоми ӯ низ амалӣ мегардад ва ба рушди кишвари соҳибистиқлоламон ва беҳбуди зиндагии мардум мусоидат менамояд.

-Ягон кори дунё хастакунанда нест, ба шарте ки он аз самими қалб бошад. Ман аз корҳои анҷом додаам, лаззати маънавӣ мебарам, – изҳор медорад Амон Абдуллоев.

Оре, ҳама корамон бояд аз сидқи дил, бо нияти нек ва аз рӯи ҳавасҳоямон бошад, то баъди анҷоми он лаззате барем…

Ба ин марди 80-сола, ки ҷавондилу сиришташ аз хубиву некист, сари сабзу саодати бегазанд таманно менамоем.

Ҳотаму Фарҳод андар зиндагист,

Марди роҳу марди майдон аст,

 Амон!…

 Мухтори Абдулло,

журналист

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube