Ҷавонтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 100-сола шуд

Нағзибеков Бозор аз иштирокчиёни ангуштшумори барҳаётбудаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 аст, ки 81-умин солрӯзи бузургдошти Ғалаба бар фашизми Германияро истиқбол мегирад.

Нағзибеков Бозор соли 1926 дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. То синфи шашум дар мактаби зодгоҳаш таҳсил карда, баъдан, ҳамроҳи 45 нафар наврасони ВМКБ барои касбомӯзӣ ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) фиристода мешавад. Дар курси шашмоҳаи гуруҳи устои барқ (электромонтёр) таҳсил карда, фаъолияти меҳнатиашро дар комбинати бофандагӣ оғоз мекунад. Баъди чанд муддат бо роҳхати Комитети Марказии комсомоли ҷумҳурӣ ба ноҳияи Тавилдара фиристонда мешавад. Яку ним сол маъмури корҳои комсомолӣ буд. Маҳорату донишашро ба назар гирифта, соли 1944 ӯро котиби якуми комсомоли ноҳияи Қалъаихумб таъин мекунанд. Бозори ҷавон чандин маротиба ба комиссариати ҳарбӣ барои ба фронт рафтан ариза менавишт, вале ҳар бор чунин ҷавоб мегирифт: “Ту ҳанӯз ҷавон ҳастӣ. Синну солат, ки расид, ҳамон вақт туро даъват мекунем.”

Ноябри соли 1944 Нағзибеков Бозори 18-сола даъватномаи деринтизорашро мегирад. Нахуст дар дивизияи 13-уми баталёни Павлови округи ҳарбии Оренбург аз тайёри ҳарбӣ мегузарад ва моҳи феврали соли 1945 Бозор ба ҳайати махсуси ҳайати афсарони Вазорати дифои СССР, ки дар шаҳри Уфа мустақар буд, фиристода мешавад. Дар ин айём вазъи сарҳад дар минтақаи Манҷурия аз тарафи армияи Квантути Япония ноором буд. Дар хати марзи давлатии ин ҷо 59 дивизияи сибирӣ устуворона меистод, ки ба пӯшоку ғизо ва силоҳ ниёз дошт. Бозор масъули нигаҳбонии анбори ҳарбии №571 ва дастрас кардани «мавод”-и махсуси ҳарбӣ барои сарбозони Лашкари Шуравӣ буд.

Бозор Нағзибеков ифтихорманд аст, ки бо вуҷуди дар дар хати пеши фронт ҳузур надоштан, барои таъмини ғалаба бар фашизм чун ватандӯсти асил садоқатмандона саҳм гузоштааст. Ин ҷавонмарди куҳистонӣ моҳи октябр соли 1947 ба иллати беморӣ аз сафи Лашкари Шуравӣ ҷавоб шуда, ба Тоҷикистони азизаш баргашт. 2 сол дар вазифаи котиби якуми комсомоли ноҳияи Ғарм фаъолият дошт. Баъди таҳсил дар мактаби ҳизби коммунист дар вазифаҳои котиби комитети комсомоли вилояти Ғарм оид ба кадрҳо, котиби ташкилоти партиявии МТС-и шаҳри Сталинобод, директори комбинати хӯрокворӣ, фабрикаи “Шириниҳои миллӣ” ва чойхонаи “Роҳат” сарбаландона ифои вазифа кардааст. Хизмати софдилонааш бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шудааст.

Бобои Нағзибек 40 сол мешавад, ки дар сояи давлати пирӣ роҳат мекунад.

Соҳиби 6 фарзанд, 18 набера ва 22 абера аст.

 «Пайғоми Рӯшон»

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube