9-уми май рӯзи ғалабаи падар буду 10-уми май зодрӯзи ман- ҲОШИМ ГАДО
Чаҳор сол доштам, ки падарамро ба ҷанг бурданд. Дар насибаш зинда мондан будааст, ки то рӯ ба рӯзи Ғалаба овардан ҷонбозиҳо карду бо сари баланд баргашт, ки он вақт аллакай дар синфи дуюм мехондам.
Гоҳ-гоҳе падар аз даҳшатҳои ин ҷанги хонумонсӯз қисса мекард, ки қисмате аз онҳоро инҷо хоҳем овард:
“Писарам, Худо умрат диҳаду чоряки азобҳои дидаи маро набинӣ. Дар вақти ҷавониям падарамро, ки бисёри вақт шикамашро қапида кунҷи хона менишаст, медидам. Баъдтар фаҳмидам, ки чаро ӯ бо ин ҳол хомӯширо ихтиёр мекардааст. Ӯ нолаи охиринаш-(тути қоқ, зардолуи қоқ ё талқон) -ро ба мо медоду худ аз гурӯснагӣ ихтиёр мекард. Баъдтар ба ин ҳоли падар раҳмам омаду рафта дар деҳаи Ёл (ҳамсоядеҳа дар Мӯъминобод), ки заставаи аскари сурх онҷо буд, бо аробаи дар миёни ду барзагов басташуда аз дарё санг мекашондам. Либосҳоям аз карбос ва пойҳоям бисёри вақтҳо луч буд. Яъне бо ҳамин роҳ як муддат оиларо аз гуруснагӣ наҷот додам. Баъдан ба Кӯлоб омада, дар заводи пахтатозакунӣ ба ҳайси сӯхторхомӯшкун чанд соли дигар кор кардам. Барои як ду “қаҳрамониям” ба вазифаи сардори ҳамин бахш таъинам карданд. Пас аз ҳамин ба деҳа рафта, аҳли оиларо ба ин ҷо оварда, ҷой кардам. Бародарам, ки Муродмад ном дошт, ӯро дар заводи равғанбарорӣ ба ҳайси алавмон ба кор мондам (дар бораи модарам чизе намегуфт). Баъд маро ба ҷанг даъват карданд. Ту он вақт ин сӯву он сӯ давида бозӣ мекардӣ, вале додарат базур роҳ мегашт. (Баъдтар аз гурӯснагӣ мурда буд)…
Ҳангоме, ки Армияи Советӣ – ман низ як узви он будам, Прага-ро аз дасти фашист озод кард, ба як хона ворид шудем, пиразанеро бо наберачааш, ки аз гурӯснагӣ мадори гап задан надоштанд, ман дарҳол аз халтаи сарбозиям каме нон бароварда, ба онҳо додаму ҳамон лаҳза туву додарат пеши назарам ҷилвагар шудед, ки оё касе ба шумо нон медода бошад ё не… (ашки чашмашро пок карда) ба фикрам ҳамон лаҳзаҳо додарат аз гурӯснагӣ мурда буд…
Дар ҳамон лаҳза барои шуҷоатам ордени «Барои озод кардани Прага»-ро лоиқ диданд. Ҳар рӯзе, ки шаб мешуду «Отбой» мегуфтанд, худ ба худ мегуфтам кай ин ҷанги хонумонсӯз хотима меёфта бошад, ки дидаам ба дидори шумо расад…
Писарам, он филмҳоеро, ки дар бораи ин ҷанг нишон медиҳанд, ба ҷуз техника ва либосҳо дигар ҳеҷ чизаш қариб ба ҳақиқат наздик нест. Мисол, ҳангоме ба яке аз нуқтаҳои озоднамудаамон, ки заводе онҷо вақеъ буд даромадем, одамонро мисле, ки чорворо дар камбинати гӯшт пуст карда овезон мекунанд, ҳамон гуна пуст карда, овехта буданд ва қисме аз онҳо дар замин паҳну парешон. Ман дар тааҷҷуб афтода, худ ба худ мегуфтам, оё инсонҳо нисбати якдигар то ба ҳамин дараҷа бераҳманд, ки ин кори ваҳшиёнаро ба худ раво дидаанд?!
Баъдтар ба мо гуфтанд, ки воқеан он ҷо сехи пуст кардани одамони советӣ буда, аз он пустҳо мӯза, дасткашак, портфел, чатр ва дигар навъҳои гуногуни чарминро омода мекардаанд. То дидани ин манзараи даҳшатнок чандинҳояшонро борҳо аз марг наҷот дода будам, ба хотири ҳамнажоди ориёӣ буданамон. Баъди ин андешаам ба куллӣ дигар шуд…
Вақте як қисми Сталинградро аз дасти фашист озод намудаем, вориди клубе шудем, ки он ҷо фақирону асиронро ҷой карда буданд. Ду пиразани рус ва як духтарҷаи хурдакакро, ки аз тарс ва гурӯснагӣ дар рӯяшон ранг намонда буд, он ҷо зинда дарёфтем, дигар ҳама мурда буданд. Ҳарчанд ба пиразанҳо мегуфтем «Мы свои», вале бовар намекарданд. Баз ҳам он кӯдакчаро дида, шумо пеши назарам намоён шудед. Дигар намедонам тақдири онҳо чӣ шуд. Баъд аз ду рӯз ба пуррагӣ он ҷоро озод карда, чандин аскарони фашистро асир гирифтем. Командирамон генерал-майор Ватутин, медал «Барои озод кардани Сталинград»-ро ба сари синаамон часпонд.
Дар даромадгоҳи дарвозаи лагере, ки калон навишта шуда буд: «STOP», ворид шудем. Атрофашро чунон бӯйи бад пахш карда буд, ки тасвирнокарданист, аз ин хотир бо гӯшаи остин биниҳоямонро зер карда он ҷое, ки болои дараш навиштаҷоти «ДУШ» дошт, ворид шудем. Якчанд хумдонҳои калоне он ҷо ба чашм мерасид, ки дар дохилашон пур аз хокистар ва устухонҳо буд. Ба гуфтаи асирони дар даст афтодаи фашист – Ин ҷо асирони советиро оварда мӯйҳои сарашонро тарошида, ки аз он ресмон мебофтанд, баъд бараҳна намуда, бо гази махсус мекуштанд ва мурдаҳоро дар дохили ҳамин хумдонҳо гузошта, месӯзонданд ва хокистарашонро дар заминҳои корам истифода мебурданд, барои серҳосил шудан. Ин суханҳоро шунида, нафратам нисбати фашизм зиёд шуд.
Ҳамон рӯз ба шаҳри дигари забткардаамон дохил шуда, воқеъаи аз ин ҳам даҳшатноктарро дида, аз инсоният ку яктараф истад, умуман аз дунё дилам монд. Ба ҳавлие, ки бинояш хеле бодабдаба буд, ворид шудем. Тамоми атрофро аз назар гузаронида, баъд ба таҳхонааш, ки лабараторияи махсусе будааст, даромадем. Бо дидани манзарае рӯ ба рӯ шудам, ки кош намедидам. Беҳисоб узвҳои мардонаву занона он ҷо гузошта шуда буданд. Дидан замон зуд ба берун баромадам, ки нафаҳмам ин чи гуна лабаратория аст…
(Падар муддате талх гириста гуфт): Ин буд ҳақиқати ҳол, на он саҳнаҳои сохтаву бофтаи пур аз дурӯғ, ки дар филмҳояшон нишон медиҳанд.
Имрӯз Худоро ҳазорон бор шукр мегӯям, ки ба он тинҷӣ, ки пайваста орзуяшро мекардем расидем. Танҳо дар ин маврид чунин гуфтаниям, ки тамоми мардуми рӯйи олам бо ҳам дӯсту бародар бошанд ва ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷидол, ки решаи асосияш нест ё кам кардани инсонҳост ба вуҷуд наояд…
НЕСТ БОД ҶАНГ, ЗИНДА БОД СУЛҲ!
Пешниҳоди Тоҳир Назар
