Боздиди меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон
Сафаре ба таърих
Имрӯз Муассисаи давлатии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» ба маркази таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст. Ба ин даргоҳи фарҳанг ва маърифат чеҳраҳои шинохтаи илму адаб, намояндагони соҳаи фарҳанг ва меҳмонони хориҷӣ аз Федератсияи Россия ташриф оварданд. Дар ҳайати меҳмонон Сайёфи Мизроб, Ашот Товмасян аз Арманистон ва Шоира Раҳимҷон низ ҳузур доштанд, ки бо шавқу ҳаваси зиёд аз толорҳо ва гӯшаҳои гуногуни осорхона дидан намуданд.
Аз лаҳзаи ворид гардидани меҳмонон фазои гарму самимӣ ва фарҳангӣ эҳсос мешуд. Кормандони осорхона меҳмононро бо чеҳраи кушода истиқбол гирифта, онҳоро ба саёҳати хотирмон дар саҳифаҳои таърих раҳнамоӣ намуданд. Ҳар толор барои меҳмонон олами дигар менамуд оламе, ки аз гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик қисса мекард. Аҷобати кор ин ҳам буд, ки мунодии фарҳанги мо бонуи туркмантабори русзабони зодаи вилояти Хатлон будаву Тоҷиконро ба мо муаррифӣ менамуд…
Ҳар гӯша қиссаи асрҳо
Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангии минтақа табдил ёфтааст. Бинои осорхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳазорҳо нигораҳои нодир нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳар 1 гӯшаи осорхона бозгӯкунандаи 1 давраи муайяни таърих мебошад. Аз давраҳои қадима то замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳама дар ин ҷо бо забони нигораҳо ва ашёҳои таърихӣ ҳикоят мекунанд.
Меҳмонон ҳангоми боздид аз бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, асбобҳои қадимаи рӯзгор, либосҳои миллӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Баъзе аз ашёҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсуси меҳмононро ба худ ҷалб мекарданд, зеро онҳо аз таърихи чандҳазорсолаи халқи тоҷик дарак медоданд.
Дар ҳар толор фазои махсус эҳсос мешуд. Гӯё деворҳо, нигораҳо ва ашёҳои қадимӣ худ сухан гуфта, аз рӯзгори гузаштагон нақл мекарданд. Барои меҳмонон ин боздид танҳо тамошои ашё набуд, балки сафаре ба умқи таърих ва фарҳанги миллат ба ҳисоб мерафт.
Пайванди гузашта ва имрӯз
Роҳбаладони осорхона бо суханони ҷолиб ва тавзеҳоти муфассал меҳмононро бо таърихи ҳар 1 нигора шинос намуданд. Онҳо дар бораи аҳамияти илмӣ ва фарҳангии бозёфтҳо маълумот дода, нақши онҳоро дар омӯзиши таърихи миллат шарҳ медоданд.
Меҳмонон бо диққат гӯш дода, аз ғановати таърихии тоҷикон изҳори ҳайрат менамуданд. Ба гуфтаи онҳо, чунин осорхонаҳо барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ нақши муҳим мебозанд.
Роҳбаладон таъкид намуданд, ки ҳар 1 ашё дар осорхона танҳо 1 нигора нест, балки порчае аз сарнавишти миллат мебошад. Маҳз ҳамин гуна бозёфтҳо ба наслҳои ҷавон таърихи воқеии халқро меомӯзонанд.
Осорхона мактаби худшиносӣ
Имрӯз Осорхонаи «Авасто» на танҳо макони нигоҳдории нигораҳои таърихӣ, балки маркази муҳими маърифат ва худшиносӣ ба шумор меравад. Ҳар нафаре, ки ба ин ҷо ворид мешавад, эҳсос мекунад, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ мебошад.
Меҳмонон низ иброз доштанд, ки чунин муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи насли наврас ва эҳёи арзишҳои миллӣ аҳамияти бузург доранд. Зеро миллате, ки таърихи худро медонад ва ҳифз мекунад, ояндаи худро низ бо эътимод хуб месозад.
Ҳамчунин меҳмонон ба сатҳи баланди ташкил ва нигоҳдории осорхона баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки ин боргоҳи фарҳангӣ метавонад ба яке аз марказҳои муҳими ҷалби сайёҳон табдил ёбад.
Тоқии миллӣ рамзи эҳтиром
Дар ҷараёни боздид аз ҷониби муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода ба меҳмонон тоқии миллӣ тақдим гардид.
Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром, дӯстӣ ва анъанаҳои неки тоҷикона пазируфта шуд. Меҳмонон аз чунин истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, меҳмоннавозии тоҷиконро намунаи беҳтарини фарҳанги шарқӣ арзёбӣ карданд.
Фарҳанг пули дӯстии халқҳо
Имрӯз чунин боздидҳо барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии байни миллатҳо аҳамияти калон доранд. Осорхонаҳо метавонанд халқҳоро ба ҳам наздик намуда, онҳоро бо таърих ва фарҳанги якдигар ошно созанд.
Меҳмонон таъкид намуданд, ки миллати тоҷик соҳиби тамаддуни куҳан буда, осорхонаҳои кишвар ин таърихро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ба андешаи онҳо, нигоҳдорӣ ва ҳифзи чунин мероси фарҳангӣ вазифаи ҳар шахси худогоҳ мебошад.
Осорхонае, ки ифтихор меофарад
Дар анҷоми боздид меҳмонон ба фаъолияти кормандони осорхона баҳои баланд дода, заҳмати онҳоро дар ҳифз ва муаррифии мероси таърихӣ шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд. Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» имрӯз ба 1 оинаи таърихи миллат табдил ёфтааст. Ҳар нигора, ҳар гӯша ва ҳар 1 ашёи таърихӣ дар ин боргоҳ аз гузаштаи пуршарафи халқи тоҷик қисса намуда, эҳсоси ифтихор ва худшиносиро дар қалби ҳар бинанда бедор месозад.
Ин боргоҳи фарҳангӣ далели равшани он аст, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи бой, фарҳанги воло ва тамаддуни бузург мебошад. Ҳар касе, ки ба ин макон қадам мегузорад, бо эҳсоси ифтихор аз таърихи миллат ва муҳаббат ба фарҳанги тоҷикӣ бозмегардад.
Қосимзода Нуриддин,
Хатлон, ш. Бохтар.
