Дар шаҳри Кӯлоб маросими супурдани хок аз қабри фармондеҳи бригадаи Артиши Сурх Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Россия таҳти шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» баргузор гардид.
Дар ин маросим раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, Шурои собиқадорони шаҳру минтақаи Кӯлоб, собиқадорон, хизматчиёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, намояндагони базаи ҳарбии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва муовини раиси маъмурияти шаҳри Куртамиши вилояти Курган иштирок карданд.
Мавриди зикр аст, ки Николай Дмитриевич Томин 4 декабри соли 1886 дар деҳаи Кочердики шаҳри Челябинск, губернияи Оренбург (ҳоло деҳаи Қазоқ-Кочердик вилояти Курган) таваллуд шудааст. Ӯ дар Ҷанги якуми Ҷаҳон, Ҷанги шаҳрвандии Россия ва Ҷанги Шуравӣ-Полша иштирок карда, бо ду ордени Байрақи сурх ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст.
Соли 1924, ӯро ҳамчун фармондеҳи Бригадаи 6-уми савораи алоҳидаи Олтой ба Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро барои мубориза бо шӯришгарони фиристоданд. Вақте ки бригада бо савора ба Кӯлоб наздик шуд, Томин пеш аз расидан ба шаҳр, аз асп фаромад ва ба ҳамаи сарбозон фармон дод, ки аз асп фароянд: “Мо забткунанда нестем, балки озодкунанда ҳастем”, – гуфт ӯ. “Аз ин рӯ, мо бояд ба шаҳр пиёда ворид шавем. Ин эҳтиром ба мардум аст.” Дар он тобистон нерӯҳои асосии босмачиён дар минтақаи Кӯлоб мағлуб шуданд.
Қисми ҷудонашавандаи роҳбарии Томин иштироки мустақими ӯ дар ҷанг буд. Дар тӯли ҳамагӣ 15 рӯз, Томин дар 27 ҳамла бар зидди гурӯҳҳои босмачӣ иштирок кард. Ӯ дар яке аз задухӯрдҳо маҷрӯҳ шуд ва дар беморхонаи Кӯлоб табобат гирифт.
Дар ҷанге бо босмачиён аз дастаи Аланазар-Қурбашӣ, ки дар наздикии деҳаи Қарағоч дар бекии Кӯлоб (ҳоло деҳаи Хоҷа-Мӯъмин дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон) рух дод, фармондеҳи бригада маҷрӯҳ шуд ва 12 августи соли 1924 вафот кард.
Шӯрои иҷроияи шаҳри Кӯлоб қарор қабул намуд, то ин, ки ҷасади Томин дар маркази шаҳри Кӯлоб дафн карда шавад. Дар макони дафни таърихии ӯ навиштаҷот (обелиск) насб карда шудааст.
Нимпайкараи фармондеҳи бригадаи Артиши Сурх Николай Томин соли 2022 дар боғи Ғалабаи шаҳри Кӯлоб насб карда шуд.
Ин маросим барои гиромидошти хотираи неки фармондеҳи бригадаи Артиши Сурх Николай Томин баргузор гардида, иштирокдорон қайд намуданд, ки намунаи дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошад.
Зарфе, ки дар он хок гирифта шуд, аз ҷониби хизматчиёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини раиси маъмурияти шаҳри Куртамиши вилояти Курган, зодгоҳи фармондеҳ супурданд.
Дар маросими мазкур қайд гардид, ки дар вилояти Кургани Федератсияи Россия, дар зодгоҳи Николай Томин хона-музейи ӯ мавҷуд буда, барои бошандагони шаҳри Куртамиши вилояти Курган боиси ифтихор ва намунаи мардонагӣ мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати пос доштани хотираи нек хоке, аз қабри фармондеҳи бригадаи Артиши Сурх Николай Томин гирифта шударо, дар хона-музей ҷойгир мекунанд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
