Дар солҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи шуравӣ барои Ғалаба бар фашистони немис мардонагию ҷасорат ва қаҳрамониҳои беназир нишон дода, барои муҳофизати Ватан ҷоннисориҳои намуда буданд.
Ёди неки иштирокчиёни ҷанги мудҳиши ҷаҳон имрӯз дар ҳар хонадон пос дошта мешавад, зеро хотираи ин абармардон арзандаи посдорист.
Чӣ тавре, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати иштирокчиёну заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг ҳарф зада, таъкид доштаанд: «Мо ҷоннисории ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолон – модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Ҳамаи онҳо дар қалбу хотираи халқи мо ҳамчун фарзандони делеру қаҳрамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирифтаанд».
Бо марг рӯ ба рӯ шуда, бо душмани қаттол даст ба гиребон шудан амали саҳл нест, аммо ҷавонони солҳои ҷанг ин ҳамаро паси сар намуда, дар роҳи озодии Ватан, дар роҳи Ғалаба ҷоннисорӣ кардаанд.
Яке аз родмардони Ватан Ҳодӣ Кенҷаеви хистеварзӣ буд, ки китоби зиндагиаш пур аз корнамоӣ дар майдони ҷангу меҳнат мебошад.
Ҳодӣ Кенҷаев 7 ноябри соли 1914 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ соли 1922 ба хондан ба мактаби ибтидоӣ рафта, баъди дарс аз сабаби вазнинии ҳаёти иҷтимоии оилааш бо падар дар саҳро деҳқонӣ мекард.
Ҳодӣ Кенҷаевро соли 1930 ба хондан, ба курси муаллимтайёркунии шаҳри Хуҷанд мефиристанд. Сипас, дар институти муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд таҳсил намуда, пас аз хатми он, аз соли 1937 ҳамчун мудири қисми илмии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа (Бохтари имрӯза) ба кор оғоз менамояд. Соли 1938 ба сафи Армияи Шуравӣ даъват шуда, соли 1939 мактаби командириро хатм менамояд ва ба ӯ рутбаи командири хурд медиҳанд.
Ӯ аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаҳои шадиди ҷангҳои наздисарҳадии ғарбии СССР иштирок кардааст. Барои ҷасорат ва далериаш бо аввалин нишони ҷангӣ – медали «Барои ҷасорат» сарфароз гардонида мешавад. Моҳи июли соли 1943 дар муҳорибаи Курск дар ҳайати полки артилерии қиркунандаи тирандози 177- ум ҷангида, қаҳрамонӣ нишон медиҳад. 7 июли соли 1943 дастаи Ҳодӣ Кенҷаев дар назди деҳаи Покровка ҳуҷуми сахти душманро, ки авиатсия дастгирӣ мекард, зада мегардонад. Умуман, бо тӯп Ҳ. Кенҷаев дар як рӯз 8 танки душманро нобуд карда буд.
Дар муҳорибаи Курск дар ҳайати 120 ҷанговару афсар, ки ба мукофотҳои давлатӣ сазовор гардида буданд, номи тоҷикписар Ҳодӣ Кенҷаев низ буд. Бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии СССР аз 21 сентябри соли 1943 барои қаҳрамонӣ ва устувориаш ба Ҳодӣ Кенҷаев унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ дода мешавад. 4 январи соли 1944 дар Қасри калони Кремли Москва раиси Президиуми Шурои Олии СССР М.И.Калинин ба Ҳодӣ Кенҷаев ордени Ленин ва медали Ситораи тиллоро месупорад.
Моҳи марти соли 1944 Ҳ. Кенҷаев ба хондан ба омӯзишгоҳи артиллерии шаҳри Подолск фиристода мешавад, ки онро соли 1945 бо рутбаи ҳарбии лейтенанти хурд хатм менамояд. Ибтидои соли 1945 ӯро барои хизмат ба Шарқи Дур мефиристанд ва вай дар Ҷанги зидди Япония иштирок менамояд. Лейтенанти хурд Ҳ. Кенҷаев баъди хизмат солҳои 1946-1948 дар мактаби ҳарбии назди КМ ҲК Тоҷикистон таҳсил менамояд. Пас аз хатми мактаб ба кори ҳизбӣ сафарбар шуда, дар вазифаҳои мудири шӯъбаи мактабҳо ва мактабҳои олии кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Сталинобод, дастурдеҳи шӯъбаи мактабҳо ва мактабҳои олии КМ ҲК Тоҷикистон ва котиби дуюми кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Мавсуф соли 1961 раиси Шӯрои деҳоти Қистақӯзи (Хистеварзи имрӯза) ноҳияи Хуҷанд (алҳол Бобоҷон Ғафуров) интихоб шуда, дар ин вазифа беш аз 27 сол фаъолияти пурсамар мебарад ва дар ободию шукуфоии деҳа саҳми сазовор мегузорад.
Дар арсаи меҳнат низ софдилона ва бо меҳру муҳаббат фаъолият мебарад ва бо ордени «Нишони фахрӣ», медалҳову ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст.
Солҳои пас аз ҷанг беҳтарин ҷанговарони тоҷикистонӣ, ки барои озодкунии шаҳру деҳоти алоҳида қаҳрамонӣ, мардонагию ҷасорат нишон додаанд, ба унвони «Шаҳрванди фахрӣ» сазовор гардидаанд, аз ҷумла Ҳодӣ Кенҷаев ба унвони «Шаҳрванди фахрии Киев» сазовор дониста шудааст.
Мавсуф аз ҷанги Бузурги Ватанӣ баргашта, чун фидокори Ватан меҳнат намуда, дар ҳаёти сиёсию давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд. Солҳои 1946-1962 депутати Шeрои Олии СССР (даъватҳои 2-7), солҳои 1963-1990 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъватҳои 6-11) интихоб гардидааст. Солҳои 70-80 асри гузашта, маҳз бо талошу дархостҳои депутати Шурои Олии Тоҷикистон Ҳодӣ Кенҷаев деҳаи Хистеварз ободу сарсабз гардида, дар он 6 мактаб, беморхонаҳои нав, даҳҳо, мағозаҳо, қасри фарҳанг ва дигар иншооти маданию маишӣ сохта шуданд.
Ҳодӣ Кенҷаев соли 1949 бо ҳамдеҳааш Хайринисо Сангинова хонадор мешавад ва бо ҳамсари меҳрубонаш 4 фарзандро тарбия намудааст, ки ҳамаашон соҳибмаълумот буда, дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият доранд. Ҳамаи фарзандон кору иқдоми неки қиблагоҳи хешро сарбаландона идома дода, ному хотири падари қаҳрамонашонро пос медоранд.
Ҳодӣ Кенҷаев 24 феврали соли 1992 вафот менамояд.
Ҳаёт ва фаъолияти ҷангию меҳнатии ин марди қаҳрамони мо барои насли ҷавон намунаи ибрат буд ва минбаъд низ ҳамин гуна хоҳад монд.
Барои абадӣ гардонидани номи инсони нексиришт кӯчаи марказии деҳа ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 80 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номгузорӣ шуда, моҳи майи соли 2013 нимпайкарааш низ гузошта шудааст.
Хислатҳои неки инсонӣ, хоксориву нармдилӣ, ҳалолкориву масъулиятшиносӣ, ки хоси табиати ин марди бузург аст, аз лавҳи хотири аҳли ҷомеа ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад.
Мухтори Абдулло,
Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон
