Пеш аз навиштани ин матлаб, пеш аз ҳама сипосу миннатдории худро ба он нафароне мерасонам, ки барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти азизамон заҳмат кашиданд. Ба вижа, ба раиси шаҳри Рустами Эмомалӣ, ки бо ташаббус ва ғамхориҳояшон имрӯз симои шаҳри Душанбе дигаргун гардидааст.
Чигунае ҳамагон медонем, солҳои пеш сокинони пойтахт аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ танқисӣ мекашиданд. На ҳама медонистанд кадом нақлиёт ба кадом самт ҳаракат мекунад. Мардум соатҳо дар истгоҳҳо мунтазир мемонданд. Аммо имрӯз, бо дастгириву сиёсати роҳбарияти шаҳр, ин мушкилиҳои сангин то андозае бартараф шуданд. Инро ҳар як сокини шаҳр бояд донад ва қадр кунад. Аммо мутаассифона, дар баробари ин ҳама ғамхорӣ ва заҳматҳо мебинем, ки баъзе аз ронандагон ба қадри чунин имконияту шароити муҳайёшуда намерасанд. Албатта, ронандагони боинтизом ва содиқ низ ҳастанд, ки вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро мекунанд. Сухан танҳо сари онҳое меравад, ки обрӯи дигаронро низ коста месозанд.
Хизмат ба мардум масъулият мехоҳад
Ҳар субҳ бо автобуси №11 аз назди хона то ҷойи кор меояму ҳар бегоҳ бо ҳамин хатсайр ба хона бармегардам. Автобусҳои ҷамъиятӣ пеш аз ҳама бояд ба талаботи замони муосир ва қоидаҳои санитарӣ ҷавобгӯ бошанд. Вале дар баъзе автобусҳо чунин ҳолатро мебинем, ки гӯё автобус на мусофир, балки партов интиқол медиҳад. Аз мизи ронанда то дастакҳо ва лавҳаҳои овезон пур аз чангу чирк аст. Баъзе ронандагон ҳатто либоси корӣ надоранд. Дар пой шлепкии резинӣ, дар даҳон нос ва муносибаташон бо мусофирон аз фарҳанги хизматрасонӣ дур мебошад. Яке аз ҳолатҳое, ки маро водор сохт ин матлабро нависам, чунин буд. Ҳангоми аз кор ба хона баргаштан, ронанда бо телефон суҳбат мекард ва дар даҳонаш нос буд. Аз суҳбаташ шунидам, ки ронандаи дигар хоҳиш дорад мусофиронашро ба автобуси мо савор кунад, то худаш зудтар ба хона равад. Ин ҳолат, мутаассифона, қариб ҳар рӯз такрор мешавад.
Ман борҳо маҷбур шудаам аз як автобус фаромада, ба автобуси дигар савор шавам, танҳо ба хотири он ки ронанда мехоҳад барвақттар корро анҷом диҳад. Магар мусофир вақти худро надорад? Магар мардум баъди рӯзи вазнини корӣ ҳаққи оромона ба хона рафтанро надоранд? Раҷаи фаъолияти корхона ва ронанда ку?
Ҳатто ҳамин як-ду ҳафтаи охир ҳаво бисёр гарм шуд. Вақте аз ронанда хоҳиш мекунӣ, ки кондитсионерро фаъол созад, баъзеашон чунон ҷавоб медиҳанд, ки инсон аз гуфтани гап пушаймон мешавад.
Ҳамин дирӯз бо апаи Мадина — духтури “Шарқи Озод” савори автобуси № 11 шудем. Дар дохили автобус бисёр гарм буд, мисли танӯри нонпазӣ. Ҷойи нишаст нест. 2 курсии холиро дида, бо хурсандӣ нишастем. Аммо гармии дохили автобус чунон тоқатфарсо буд, ки нафасгир мешудем. Аз ронанда хоҳиш кардем кондитсионерро фаъол созад. Ҷавоб дод: «Дар хона рафта шинед».
Оё ҳамин аст муносибат ба мардум? Оё ҳамин аст масъулияти хизматрасонӣ дар пойтахт?
Ман дардеро навиштам, ки ҳар рӯз ҳазорон мусофир бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Вазифаи ронанда пеш аз ҳама хизмат ба халқ аст. Зеро вақте аз мусофир нархи роҳкиро кам бошад, баъзе ронандагон ҳатто ӯро савор намекунанд. Пас чаро худи онҳо нисбат ба ҳаққи мусофир беэътиноӣ мекунанд?
Мӯҳтарам ронандагон, мусофир инсон аст, на бори зиёдатӣ ва на гӯсола, ки аз як автобус ба автобуси дигар ронда шавад. Эҳтиром ба мардум бояд аз муносибат, тозагӣ ва масъулият оғоз гардад. Умедворем масъулини соҳа ба чунин ҳолатҳо таваҷҷуҳ намуда, барои ислоҳи камбудиҳо чораҳои ҷиддӣ меандешанд.
Д. Омирона,
СССР
