4 мушкилии 1 ноҳия

Шикоятҳо, шикоятҳо, шикоятҳо…

Солҳост, ки одамон аз камбудию нуқсонҳо менависанд, шикоят мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд мекунанд, аммо ҳеҷ не ки ислоҳу беҳбудие ба чашм расад. Мисле ки аз як гӯше ба гӯши дигар баромада меравад. Ман ҳам борҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва газетаи мардумии СССР дар бораи мушкилоти ҷойдошта дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мақолаҳо навиштаам.

Мутааассифона, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз афташ, камбудиҳо он қадар зиёд шудаанд, ки дигар намедонанд, ки аз пайи ислоҳи кадомаш шаванд. Ҳамин асту мушкилу муаммоҳо ба ҳоли худ вогузор шудаанд. Танқисии оби нӯшокӣ, роҳҳои вайрону валангор, ҷӯю роҳҳои пур аз ахлоту партовҳо дигар дили мардумро ҳам гирифтаанд. То ба ҳадде ки одам шубҳа мекунад, ин ҳама дар пойтахти Тоҷикистони азизи мо шаҳри Душанбе бошад!

Ҳоли зори модарон

Тайи 6 моҳ мешавад, ки духтарчаи калониамро ба кӯдакистони рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мебарам. Дар ин муддат ману фарзанди хурдсолам ҳар рӯз аз тангкӯчаи валангору вайрона бо сад мушкил пиёда мегузарем. Мутаассифона, аз сабаби бисёр хароб будани роҳ ягон таксӣ моро бурдан намехоҳад. Ронандагон баҳона мекунанд, ки роҳ ба талаботи ҳаракати нақлиёт ҷавобгӯ нест ва мошинҳояшон осеб мебинад. Воқеан ҳам роҳ дар ҳолати бисёр бад қарор дорад.

Моҳи декабр буд. Ҳангоми аз миёни сангу лой гузаштан поям тоб хӯрду ба замин афтодам. Он рӯз роҳ пур аз барф буд. Шабона барф ях баста, саҳар ҳама ҷо лағжонак шуда буд. Баъди ҳамон афтидан то имрӯз аз дарди миён азият мекашам. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилиҳо, ҳар субҳ маҷбурем, ки ҳамин роҳро тай кунем, зеро фарзанд бояд ба боғча равад. Тобистон расидаасту ҳаво гарм шудааст, аммо мутаассифона мушкили роҳ то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст.

1 қадам роҳ, аммо…

Ҳамин субҳ буд, ки дигар тоқат накарда, тасмим гирифтам ин дардро нависам. Вақте аз роҳ мегузаштем, дидам, ки роҳ аз пештара ҳам харобтар шудааст. Аз замин об мебарояд, сангҳои калону майда тамоми роҳро пур кардаанд ва ҳар қадами кӯдакон бо тарсу эҳтиёт аст. Саросема будам, то ба кор дер намонам. Ҳангоми тез гузаштан қариб буд, ки боз ба замин афтам. Ҳамон вақт нафаре, ки аз назди мо мегузашт, гуфт: Саросема нашавед, роҳ вайрон аст, меғалтед.

– Ба кор дер монда истодаам! – ҷавоб додам!

Аммо сухани он зан маро сахт такон дод. Ӯ бо алам гуфт:

– Сад офарини зан… Ҳама кор бар дӯши зан. Ҳатто масъулияти овардани кӯдак ба боғча ҳам ба зиммаи зан аст.

Воқеан ҳам, аксари модарон субҳ аз ҳама пеш мехезанд, кӯдакро омода мекунанд, аз миёни роҳҳои вайрону пурсанг мегузаранд, баъд ба кор мешитобанд. Шом боз ҳамон роҳ, ҳамон хастагӣ ва ҳамон мушкил. Аҷибаш дар он аст, ки дар назди ҳамин роҳрави харобазор зиёда аз 3 кӯдакистон, 1 муассисаи хусусӣ ва ҳатто қисми амниятӣ ҷойгир аст. Ҳар рӯз аз ин ҷо садҳо нафар мегузаранд кӯдакон, модарон, пиронсолон ва кормандон. Аммо бо вуҷуди ин ҳама рафтуомад, роҳ сол то сол харобтар мешавад.

Вақте ки боварии мардум аз даст меравад!

Вақте арӯс шуда, ба ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қадам мондам, фикр мекардам ин ноҳия бояд намунаи тозагиву тартиб бошад. Охир маркази пойтахт аст. Аммо мутаассифона, маҳз дар ҳамин ноҳия мушкилиҳову камбудиҳои зиёдеро дидам, ки то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтаанд. Мутаассифона, борҳо мо дар газетаи мардумии СССР ба гуфтаи масъулон матлабҳои танқидӣ навиштем. Аз набудани оби ошомиданӣ дар маҳаллаи Саҳбо навиштем, аз роҳҳои валангор гуфтем, аз кӯчаву тангкӯчаҳои пур аз партов шикоят кардем. Аммо чунин ба назар мерасад, ки на садои мардум ба гӯшашон мерасад, на роҳҳои вайрон ба чашмашон ва на бӯи партов ба димоғашон. Солҳо мегузаранд, вале мушкили об ҳамоно ҳалнашаванда боқӣ мондааст. Наход ки ҳалли мушкилоти барои зиндагӣ мадди аввал барои роҳбарияту масъулини ноҳияи мазкур то ба ҳамин дараҷа душвор бошад?

Такрор ҳам шавад, дар назди ин роҳ чандин кӯдакистон ва муассисаҳо ҷойгиранд. Ҳар субҳ даҳҳо модар бо кӯдакони хурдсол аз байни сангу лой, обу чуқуриҳо гузашта ба боғча мераванд. Ин роҳ дигар танҳо як кӯчаи вайрон нест ин роҳи кӯдакон аст, роҳи модарон аст. Пойтахт будани Душанбе танҳо бо биноҳои баланду чароғҳои зебо нест. Пойтахт пеш аз ҳама бояд роҳҳои бехатар, муҳити тоза ва шароити муносиби зиндагӣ дошта бошад.

Мардум аз ҳукумат мӯъҷиза намехоҳанд. Фақат роҳе мехоҳанд, ки бехатар бошад. Обе мехоҳанд, ки мунтазам бошад. Кӯчае мехоҳанд, ки тоза бошад. Инҳо талаботи одии зиндагӣ ҳастанд, на орзуҳои дастнорас. Умед дорем ин бор садои мардум нодида намемонад ва масъулон пеш аз рух додани ҳодисаҳои нохуши фоҷиаовар барои ҳалли мушкил чора меандешанд.

Омиронаи Сайёф,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube