Ташаббуси бузурги Пешвои миллат…

Ё ҷанозае, ки 32485 рӯз хонда мешуд

Бале, ТАШАББУСИ БУЗУРГ. Ногуфта намонад, ки Президенти кишвари азизи мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали роҳбари давлат интихоб шудан, ваъда дода буданд, ки гурезаву бузургони берун аз Зодгоҳ ба хок супоридаро, то ҳадди имкони дошта, ба Тоҷикистони биҳиштосо меоранд.

Имрӯз бузургтарин ташаббус овардани хокистари турбати қаҳрамонон ба Ватан эҳтироми бузург аз тарафи Президенти кишвари Тоҷикистон аст, ки аҳли башар, ворисони Нусратуллоҳи Махсум ва Шириншоҳи Шоҳтемур – қаҳрамонони мардуми Тоҷик ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Сипосу дуруди беҳудуд ба иқдоми оламшумули Сарвари давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Бояд гуфт, ки аз қабристони Донскойи шаҳри Москва, аз ин ҷое, ки хуни зиёда аз 14 ҳазор мансабдори олии СССР рехтааст, баъди 90 соли Қатли Бузург (репрессия), мо Тоҷикон аввалин шуда, хокистари қаҳрамонони худро ба манзили асли хеш, ба Ватан овардем. Дигар миллатҳо парвое надоранд…

Танҳо худиҳо фурӯхтанд, хабаркашӣ карданду туҳмат

Нусратуллои Махсум, солҳои 20-уми асри пор, аз рӯи ҳуҷҷати дар даст дошта, дар 10 соли роҳбарӣ 100-ҳо ҳазор гурезаро аз кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистони ҷавон оварда, бо хонаву ҷо, нону об таъмин карда, аз туҳмату куштор халос карда буд. Низ, дар ин замон аввалин роҳи мошингард, аввалин ҳавопаймо, роҳи оҳану корхонаҳои пахтатозакунӣ ва ғайраву ва ғайраҳои зиёдеро ташкилу барпо карда буд.

Ҷолиб он аст, ки дар замони қир кардани мансабдорони СССР солҳои 30-юми асри гузашта, ба КМ КПСС аз болои заёда аз 4 миллион одами Шӯравӣ хабаркашӣ (донос) расонида шуда буд, ки туҳматнависон бегона набуданд. Ана ҳамин қаҳрамонони моро низ ба монанди дигарон ягон бегонае нею, худиҳо фурӯхтанд, хабаркашӣ карданду таҳмат, ки соҳиби мансаб шаванд.

Акнун саволи кушод ин аст, ки худиҳои хабаркаш ва туҳматкоронро кай ва кӣ ҷазо хоҳад дод??? Мо медонем ку дар Хуҷанд ҳатто барои 1 нафараш ҳайкал ҳам гузоштаанд…

Ба хонандаи муҳтарам расониданием, ки наздики 700 ҳазор мансабдори он замони СССР-ро бо туҳмату хабаркашии худиҳо бераҳмона  куштанд. Барои чӣ то ҳол фарзанду набераву аберагони “Хабаркашони душмани халқ”-ро ба мо нишон намедиҳанд? Дар сурате, ки аз соли 1939 сар карда, шахсияти онҳоро расман сафед карданду карда истодаанд. Дар ҳар 1 парвандаи ҷиноятии ин шумори кушташудагон номаву ному насаби зиёда аз 5 миллион хабаркашон навишта шудааст, ки то ҳол ҷазои муносиб нагирифтаанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки ному насаби ин хоинони мардуму давлатро то ба ҳоли ҳозир махфӣ гузоштаанд. Барои чӣ? Вақти он расида, ки ин “доносчикҳо”-ро пеши мардум расво бояд кард.

 Ҷанозае, ки 32 550  рӯз давом ёфт

Нусратуллоҳи Махсум ва Шириншоҳи Шоҳтемурро тобистони соли 1937 дар Москва ба ҳабс гирифтанд. Баъди азобу шиканҷаи хеле зиёде, кӣ то ҳол номаълум монда, рӯзи 8-уми ноябри ҳамон сол кушта, бурда, дар мурдасӯзон (крематория)-и қабристони Донскойи Москва дар баробари наздики 700 ҳазор туҳматшудагон тани онҳоро низ сӯзонда буданд. Ҳаминаш аниқ аст, ки дар китоби рӯйхати ҷасади куштагони ин қабристон овардагонро мебинему тамом. Барои ҳамин, баъди 35-40 соли сипарӣ шудан, тахмин солҳои 60-уми асри гузашта, овозаи дар байни ин қабристон оромгоҳи рақами 1-и СССР-ро ба таври стихиявӣ ташкил кардаанд. Акнун то ба рӯзи 19-уми маи соли 2026 наздики 89 сол, ё 32 550 рӯз сипарӣ мешавад, ки ҷаноза, ё ба хок супоридани ин қаҳрамонони мардуми Тоҷдорон ҳамини қадар шабу рӯз давом дошт. Хушбахтона ахиран онҳоро бо дастури Ҷаноби Олӣ, имрӯз, 19.05.2026 дар масҷиди марказии худамон ҷаноза карданд…

Меҳмоншоҳ Меҳмоншоев, ходими хизматнишондодаи фарҳанги Россия, устоди бадалкор (каскадёр), ҳунарпешаи синамо, ки дар 29 филми ҳуҷҷатӣ ва бадейӣ нақши намоён гузоштааст, яке аз фаъолони ҷамъиятии шаҳри Москва мебошад. Навиштаҳои тахтасанги мармарие, ки болои ин оромгоҳ мебинед, ҳосили дастони ӯст. Ин ташаббусро 8 сол пеш сар карда, ҳар сол 2 бор атрофи қабристони №1-ро ҳангоми маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва мардумӣ ҳамроҳи дӯстон омада, тоза карда, дар ҳақи бузургони мо нони хайр дода, дуъо мехонанд. Ба ин бародарони ватандӯст сипоси бепоён. 

 Ин ҷо аҷоиб он аст, ки дар лавҳаи ин қабристон номи Комиссари фарҳанги Тоҷикистон муҳтарам Нисор Муҳаммадро мебинем, ки боз яке аз қаҳрамонони зери туҳмати худдиҳо афтодаааст. Ёди эшон ба хайр бод!

 Шамсиддин Муқимов,

СССР, Москва,  19.05.2026.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube