РАҲИМ САИДЗОДА: 25 ГА ЗАМИНРО БАРГАРДОНДЕМ!

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми ҶТ гуфт, ки дар соли 2023 беш аз 25 га замини ҳудуди мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабие, ки солҳои гузашта бо роҳи ғайниқонунӣ ғасб ё фурӯхта шуда буданд, дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ба давлат баргардонда шуд.

– Аз ин теъдод 6,12 га ба вилояти Хатлон, 8 га ба вилояти Суғд ва 10,2 га ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд. Дар умум бошад 51 га ҳудуди заминҳо ошкор шудааст, ки солҳои гузашта бо роҳҳои гуногун шахсон ва идораҳои бегона аз худ кардаанд. Корбарӣ вобаста ба баргардондани 25 гаи дигар рафта истодааст, гуфт Раҳим Саидзода.

Бино ба итиллои вазири маориф ва илми мамлакат то ба имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус – 2,74 га, Панҷ – 1,76 га, Восеъ – 1,62, Ҷ.Расулов – 2,63 га, Б. Ғафуров – 1,90 га, Истаравшан – 1,82, Деваштич – 1,43 ва Конибодом 0,90 га замини муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ барқарор карда шудаанд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube