Редаксия супориш дод: Боку рав!

Сафари ман ба шаҳри Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон ғайричашмдошт сурат гирифт. Одатан ҳар сол барои истироҳат ман ба Аморати Муттаҳидаи Араб назди дӯстон мерафтам, ки он ҳам ба хотири баҳр буд. Аммо имсол бо назардошти вазъи сиёсиву амниятӣ дар минтақаи мазкур кишвари дигареро интихоб кардам. Пештоз барои баъзе аз ҳамкоронам, ки ҳар гуна мониторингу таҳлилу омор гузаронида, дар матлабҳои мо таблиғи пӯшидаро меҷӯянд, таъкид медорам: мо ба таблиғи касе ва ё ширкате машғул нестем, мо бо пули худ чипта харида, сафар кардем! Мо метавонем!

Аз парвози мустақим то табобат

Аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку парвози мустақим роҳандозӣ шуда, он ҳафтае 2 маротиба аз тарафи ширкати ҳавопаймоии «АZAL” -и озарӣ амалӣ мегардад. Вақти парвоз 2 соату 50 дақиқаро ташкил намуда, нархи чипта зиёд гарон нест, танҳо барвақттар гирифтан лозим. Ман, масалан нархи чиптаи рафту баргаштро 1 моҳ пеш бо нархи 3030 сомонӣ гирифтам, ки 23 кило бағоҷ ва 10 кило бори дастиро дар худ дошт. Нархи чиптаи бе бағоҷ бошад 2400 сомонӣ барои рафту баргашт аст. Ин маълумот барои хонандагони мост, ки шояд ба хотири истироҳату тамошо ё табобат Озарбойҷонро интихоб мекунанд.

Тавре дар ҳавопаймо зимни сафар дидам беморону бемордорони зиёд ҳоло ба ҷойи Ҳиндустону Аморот ва Эрон Озарбойҷонро интихоб карда истодаанд, зеро дар шаҳри Боку клиникаҳои калонтарини нейрохирургия, бемориҳои дилу гурда фаъолият доранд.

Ичери шеҳер ва “Дасти алмосӣ”

Ичери шеҳер – шаҳри қадимаи Боку аст, ки дар марказ воқеъ буда, он ҳатто шаҳрдории алоҳидаи худро дорад. Сокинони Ичери шеҳер бе иҷозати Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар наметавонанд хонаҳои худро ба фурӯш гузоранд, зеро ин шаҳрак аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, дар гузашта пойтахти хонигарии озарӣ буд. Қалъаи Духтарон низ дар ҳудуди Ичери шеҳер ҷойгир аст.

Муҳимтарин нукта он аст, ки дар яке аз кӯчаҳои Ичери шеҳер пораеро аз филми машҳури советӣ – “Дасти алмосӣ” –“Бриллиантовая рука”- ро ба навор гирифтаанд. Ҳамон қисматеро, ки қаҳрамони актёри Юрий Никулин лағжида, меафтаду 2 нафари дигар, ки интизори фиристодаи махсус буданд, иштибоҳан ба дасти ӯ сангҳои қиматбаҳои алмосро гаҷкорӣ мекунанд.

Ин гӯша ва хона ҳанӯзам побарҷост ва рӯзе садҳо сайёҳ омада, дар инҷо акс мегиранд. Мо ҳам аз дигарон чӣ камӣ дорем гуфта, “Черт побери!” – гӯён акс гирифтем.

“Тоҷикистон ба пеш!”

1 ҷавонмарде, ки масъули ин суратгирхона буд, аз омадани меҳмонони тоҷик хеле шод шуд. Мавсуф бо лутфу меҳрубонии самимӣ дар бораи маҳбубияташ ба мардуми тоҷик, хосса Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат намуда, чанд маротиба таъкид ҳам дошт: “Тоҷикистон ба пеш! Эмомалӣ Шарипович зинда бод!”.

Сабти видеоии ин гуфтаҳо низ ҳаст ва дар саҳифаи фейсбукии муаллиф онро дар муддати 1 ҳафта пеш аз 5000 нафар тамошо кардаанд.

Маъбади Оташгоҳ

1 макони дигари диданӣ барои сайёҳон ин Маъбади Оташгоҳ аст, ки дар масофаи 30 км аз маркази шаҳри Боку дуртар қарор дорад. Он дар асрҳои XYII – XYIII пайдо шудааст. Ривоят мекунанд, ки бори нахуст оташи аз гази табиӣ рӯи сангҳо баромадаро савдогарони ҳинд дидаанд. Пасон тӯли асрҳои оянда Маъбади Оташгоҳ ҷойи ибодати оташпарастон гардид. Маъбади Оташгоҳ ба феҳристи Мероси фарҳангиву таърихии ЮНЕСКО ворид шудааст.  

Манат ва арзиши бензин

Асъори миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон манат аст. 100 доллари амрикоӣ 170 манатро ташкил менамояд. Ман фикр кардам, ки бо ивази пул дар инчо низ мисли Ӯзбекистон миллионер мешавам (дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 100 доллари ИМА 1 миллиону 250 ҳазор сӯмро ташкил медод), аммо ин гумонам ботил баромад. Маоши миёнаи мардум дар як моҳ 500 манатро ташкил медиҳад.

1 манат бо пули мо тақрибан 5,5 сомониро ташкил медиҳад ва нархи молу маҳсулот дар бозору фурушгоҳҳои Боку низ назар ба бозорҳои Душанбе хеле гарон аст. Нархи роҳкиро ҳам дар таксӣ аз 3 манат (16,5 сомонӣ) сар мешавад. Масалан ман фикр мекардам, ки нархи роҳкиро назар ба дигар кишварҳо бояд хеле арзонтар бошад, зеро Озарбойҷон нафти худро дорад ва яке аз содиркунандагони нафт дар минтақа ба шумор меравад, лек ин тавр набудааст.

Барои мисол нархи 1 литр бензини навъи 92 ҳудудан 7 сомонӣ ва навъи 95 тақрибан 9 сомониро барои 1 литр ташкил медиҳад.

Мавсими оббозӣ ва соҳилҳои пулакӣ

Мавсими оббозӣ, шиноварӣ ва истироҳат дар лаби баҳри Хазар – Каспий ҳанӯз сар нашуда буд. Одатан ҳар сол ин мавсим аз 1 июн оғоз мегардад ва сокинони Боку барои истироҳат ба берун аз шаҳр ба мавзеъҳои махсус барои оббозӣ мераванд. Аксарияти соҳилҳо пулакианд, аммо дорои тамомии шароит амсоли парки обӣ, тарабхонаҳои хурд, шино дар киштӣ, макони тоза барои оббозӣ. Дар хати якуми баҳр бештар меҳмонхонаҳои муосир ҷойгиранд ва ҳар яке соҳили худро дорад. Агар шумо меҳмони яке аз ин гуна ҳотелҳо ҳастед, пас метавоед ройгон аз соҳилаш истифода баред, агар не, пас бо пардохти пул метавонед меҳмони ин пораи соҳил гардед.

Бокуи наву кӯҳан

Шаҳри Боку низ мисли пойтахти азизи мо шаҳри Душанбе дар ҳоли рушду пешрафт аст. Манзури ман тараққиёти шаҳрсозиву меъморист. Биноҳои наву замонавии баландошёна, марказҳои савдои муосир бо брендҳои ҷаҳонӣ, бозорҳои шабонарӯзӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонии байналмилалӣ дар паҳлӯи биноҳои дар давраи шуравӣ бунёдшуда қомат афрохтаанд. Нақлиёти ҷамъиятӣ 24 соат фаъол буда, сайёҳ бо гирифтани корти нақлиётӣ равуои хешро хеле осон менамояд.

1 чизи дигари аҷибе, ки барои ман хеле хуш омад ин 1 пиёла чойи озарӣ буд. Ҳар куҷое менишастем, ҳатман барои мо чой бо мураббо меоварданд ва ин пазироӣ буд. Ин ҳамон 1 пиёла чойи тоҷикиии мост, ки ҳамеша барои дилхоҳ меҳмон омода аст.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе – Боку – Душанбе  

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube