1 рӯзи баҳор, Пур кунад анбор
Дар гузашта онҳое, ки азобу азияти гуруснагиро дида буданд, бо истифода аз ҳикмату мақоли халқӣ дар фасли гармо аз неъматҳои табиӣ фаровон барои фасли сармо захира мекарданд. Тибқи гуфтаи олимони соҳаи астрономия ҳанӯз баромади тобистон аст ва 18 сентябр тирамоҳ фаро мерасад.
Ин дафъа бо супориши редаксионӣ мо ҳам барои фасли дай омодагӣ бояд бубинем ва аз маҳсулоти полезие, ки ҳоло мавсими дуюми пухта расидани онҳост, бонкаҳо тайёр намоем. Ва каме ҳам бошад дар ин кор ба янгатон кӯмак намоям. Дар ҳама кор бо супориши редаксия худро санҷидам ва бовар доштам, ки ҳамин корро рӯзе супориш хоҳам гирифт. Инак, бо супориши редаксионӣ мо барои омода намудани захира ба бозор рафта, аз он номгӯйи маҳсулоте, ки дар хона набуд гирифтем. Пешакӣ мегӯям, ки дастпухти ман ба аҳли оила писанд аст ва он чизе, ки гоҳ – гоҳе омода мекунам, бо иштиҳо тановул мекунанд. Мо метавонем!
Ба бозор!!!
31.08.2025. Соат ба вақти Бохтар 09:32 дақиқа. Чун рӯзи истироҳат буд, мо тавонистем бароҳат ва дар интихоби маҳсулоти дохилӣ бе саросемагӣ харид намоем. Хариди мо аз помидору бодиринг, сирпиёз, булғорӣ ва ғайра иборат буд. Дигар анвои лозимаро мо дар хона доштем. Пас аз анҷоми харид, дар хона барои марҳилаи аввали консервакунонӣ банкаҳоро тоза шуста, дар офтоб гузоштам. Ин корро ман ҳанӯз аз наврасӣ бо мушоҳидаи зиёд ба корҳои модарам медонистам. Гумон надоштам, ки рӯзе ин мушоҳидаҳо ба кор меояд! Помидору бодиринг ва боқимонда маҳсулотро ҳам ҳамин гуна шустаму барои тоза кардани сирпиёзу пиёз ва қаламфур ба кӯмак янгатонро даъват кардам. Чунки ҳангоми тоза кардани қаламфуру пиёз оби чашмро дошта намешавад ва мабодо ҳамин дастони тезро сӯйи чашмонам барам. Хуллас, дар ин кор бе занак намешудаст!
Банкаҳои холӣ ва пури захира…
Бояд гӯям, ки ҳаҷми 1 банкаи холӣ 820 граммро ташкил медиҳад ва ман бояд донам, ки чанд кило маҳсулоти тайёрро ба дохили он ҷо намоям, то консерва барои фасли зимистон пурра омода шавад? Навъе, ки ман тибқи супориш ба зимма гирифтам ин ба лаҳҷаи мардуми таҳҷоӣ шакароб аст. Чуноне медонам, мардуми тоҷик аз қадим ба шакаробу қурутоб-хӯрокҳои миллӣ таваҷҷуҳ доштанд. Хоса мардуми кӯҳистон, ки қурутоб дар онҳо ба таври васеъ дар фасли дай роиҷ аст. Қурутобро ҳама медонем ва мазаашро аз дастони модару хоҳар бисёр чашидаем(д), аммо шакаробро мардуми мо дар 2 маънӣ мефаҳманд. Яке шакароби дохили банкавӣ, дигаре таоми махсусе, ки бо иловаи қурут ва ё чакка омода карда мешавад. Шакароби ман ҳам аз таҷрибаи калонсолон гирифта шуда, дар деги аловӣ пухта мешавад. Албатта дар деҳа бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ. Чунки дар шаҳр агар мо 10 банка дар 1 маврид пазем, дар деҳа ин имконот бештар аст. Боз ҳезуми фаровони хонаи падариро дида, хостам, ки ин супориш бояд дар деҳа сурат гирад!!! Ва гирифт!
Маҳсулот омода
Баъди кӯмаки хонавода дар иҷрои супориш тасмим гирифтам, ки дасту остин барзанам ва ба сари деги бобоӣ омада, оташ задаму равғанро дуд дода, помидорро ба он илова кардам. Дар баъзе минтақаҳо диққат додаам, ки дар шакароб бодиринг илова намекунанд. Вале ман аз замоне, ки ба ин хӯриши зимистона завқ кардаму истеъмол мекунам шакаробҳои мо каме бодиринг доштанд. Ин барои маззаашро дигаргун кардан маънидод мекунанд модар. Дар сари оташи дег як – як помидору булғорӣ, бодиринг ва сирпиёзу пиёз мурч ва барги ғору намак инчунин, каме шибит омехта карда, то пухтанаш интизор мешавам.
Банкаҳои офтобхӯрда
Дар ҷое дида будам, ки барои пурра безарар гардонидани банкаҳо аз буғ истифода мебаранд. Аммо ман аз офтобу оташ дида, дигар кореро барои безарар кардани онҳо намебинам. Албатта муҳите, ки ман захираҳои худро омода менамоям ҳамин гуна безараргардонии табиӣ ба манфиат ва каммасраф аст. Агар маҳсулоти дохили дег нимпаз ва ё ношуста бошанд, консерваи мо то зимистон истоданаш муҳол аст. Чунки барои 1 банкаи безарару бехатарро тайёр кардан ман баъди иҷрои супориш фаҳмидам, ки модарону бонувони мо чи қадар назди оташ бо сабурӣ меистанд, то он дар даҳони мо мазза диҳад. Ногуфта намонад, ки барои ҳамин супоришро иҷро кардан ба ман, 20 кг помидор, 3 кг бодиринг, 1 кг сирпиёз ва 2 кг пиёзу дигар намудҳои гуногуни хушбуйкунандаҳо лозим шуданд. Ва баъдан мебинем, ки аз ин қадар маҳсулот чи миқдор консерваи тайёр мегирем.
Дар рафти корҳои пазандагӣ 1 чизи бисёр муҳимро боз фаҳмидам, ки агар дар маҳкам намудани даҳони консерва мо ба хатоӣ роҳ диҳем, маҳсулот барои саломатии мо хатарнок мешавад ва ҳамаи меҳнат барбод меравад. Умуман, гирем мо мардҳо ба тайёр хӯрдан одат кардаем. Ва гоҳо сарзаниш ҳам мекунем ин дастпухт бемазза ва ё шӯру бенамак аст. Мардҳо қоил мешавем(д)? Ногуфта намонад, ки барои 1 кг помидор мо 4,50 сомонӣ сарф кардем.
Зинда ва резашуда…
Мо барои таҷриба 1 банкаи 2 литраи вазнаш 820 граммаро гирифта, дар дохилаш аз шакароби кардаамон андохтем ва даҳони онро маҳкам карда, то зимистон дар ҷойи салқин нигоҳ медорем. Ва мебинем, ки то зимистон ин пухтаи мо ҳамчун захираи тобистон меистад ё не? Инчунин барои намуди дигари консерва, ки он аз маҳсулоти дар боло зикршуда омода мегардад, аз фурсат истифода бурда, онҳоро бутун дар банкаҳо ҷойгир намуда, аз болояш сирко ва намак рехта, маҳкам кардем. Ин навъи консерва нисбат ба намуди боло осонтар будааст. Ҳарчанд он ҳам дар назди оташ омода мегардад. Агар аҳамият дода бошӣ, хонандаи арҷманди мо дар шакароб аз сирко истифода набурдем. Аммо дар навъи баъдӣ аз он истифода кардем. Чаро? Ин саволи риторикӣ барои онҳое, ки дар ошхона ба ҳамдигар кӯмак мекунанд!!!
Консерваҳо тайёр!
Бар замини ҳамин қадар машаққат, сабурӣ, ва хоҳиш ман ин навбат барои иҷрои супориши навбатӣ назди хонанда рапорт медиҳам, ки ниҳоятан дар тӯли рӯзи дарози истироҳат супориш иҷро шуд! Мо ҳам истироҳат кардем ва ҳам захира намудем. Ана маззаву лаззати шакароби маро дар зимистон хоҳем фаҳмид. Ҳоло шукри тинҷиву оромӣ дар ҳама фасли сол аз полезиҳои тару тоза бозорҳо фаровонанд, лек маззаи шакароби мо дар зимистон дучанд мегардад. Инро ман аз таҷрибаҳо мегӯям. Зимистон ки барф борид, бо шакароби омодакардаам ҳамкоронамро барои шакаробхурӣ ҳатман даъват хоҳам кард! Ва баҳои арзандаю воқеиро аз забони онҳо хоҳед фаҳмид.
Ураааа! Консерваҳо омода шуданд! Мо метавонем!!!
Нуриддин Қосимзода
ш. Бохтар
махсус барои хонандагони СССР
