23.07.2025. Соат ба вақти Маскав 12:17 дақиқа. Ҳамааш аз он сар зад, ки маҷлиси редаксионии маъмулии “Пятиминутка” имрӯз дер сар шуд ва дар порке ба он пайвастаму ба бачаҳои редаксия салому алек карда, хостам каме сарашонро гарм нигоҳ дораму гуфтам, ман дар гулбоғе қарорам ҳоло, ки 107 сол пеш Ленинро дар ҳамин ҷо парронда буданд. Гуфтаму дар бало мондам. Сардабир бо нидои “Стоп!!!”, гуфтаатро такрор кун, маро бори дигар шунида, видеозангамро тамошо карда, амр кард:
-Редаксия супориш дод: аз мавзеъи террори Ленин гузориш кун!!!
Қандата зану не гӯй. Мо Метавонем!!!
Пойтахтро аз Петроград ба Москва бурданд
Моҳи марти соли 1917 дар шаҳри Петроград шӯриши инқилобӣ баргузор шуда, асоси ташкили давлати СССР гардид, ки баъди 74 сол, яъне 26 декабри соли 1991 аз ҷониби 3 роҳбар Леонид Кравчук (с.т.1934) аз Украин, Станислав Шушкевич (1934-2022) аз Белорус ва Борис Елсин (1931-2007) аз Россия, худсарона, бе маслиҳату машварати роҳбарони ҷумҳуриҳои СССР онро хомталош, балки пора – пора карда, ҷангу ҷидоли зиёдеро ба миён оварданд, ки то ҳол давом дорад.
Баъди ғалабаи Инқилоб, болшевикон рӯзи 11 марти соли 1918 пойтахти давлати Шуравии ҷавонро аз Петроград, собиқ Санкт-Петербург, ба Москва кӯчониданд. Зеро ин шаҳр дар канори кишвар, бо чанд давлати хориҷии бадхоҳ ҳамсарҳад буда, дар шаҳр амният ва оромии сиёсӣ дида намешуд. Роҳбари ҳукумат қарор қабул кард, ки пойтахтро ба шаҳри оромтару дур аз сарҳади давлатҳои ба онҳо зид баранд. Револютсия дар хатар буд. Ҳамин тавр ҳам карданд. Хулоса Ҳукумати Шуравӣ бо сарварии Владимир Ленин омада, дар Кремли Москва қарор гирифта, кори худро давом дод.
Суиқасд ба Ленин
Умуман ба Ленин чанд суиқасд анҷом дода буданд, лекин тирпаронии рӯзи 30-юми моҳи августи соли 1918 аз ҳама вазнину марговар буд, ки достонаш ҳам хеле кутоҳ аст.
Рафтору одати Владимир Ленин он буд, ки худаш бо мардум ва намояндаву мансабдорон рӯ ба рӯ суҳбату бодиққат гӯш мекард. Ҳеҷ гоҳ яктарафа хулоса намекард ва бо сухани осонфаҳм гуфтаи худро ба шунаванда мерасонд. То замони чашм аз олам пӯшиданаш, нигаҳбон, ё ҷондор (телохранител) надошт.
Ҳамон рӯзи 30 август ба корхонаи ба номи “Мехилсон” барои дар назди коргарон баромад кардан рафт. Коргарон ӯро хеле хуб пешвоз гирифта, ба гуфтаҳояш розӣ шуда, минбаъд барои манфиати синфи коргару деҳқон хизмат карданро ваъда доданд.
Баъди анҷоми гирдиҳамоӣ ӯ дар иҳотаи коргарон тарафи мошинаш «Рено-40CV» рафт. Ҳамин вақт зане наздик шуда, дар бораи он ки низомиёни шаҳри Москва аз мардум нонро маҷбурӣ мусодира доранд, чизе гуфта, аз бараш таппонча (пистолет)-и истеҳсоли “Browning M1900”-ро бароварда, чанд тир ба бадани Ленин аз наздик мезанад. Ин зан Фанни Ефимовна Каплани (1890-1918), 28-29 сола буд. Он қадар тирандозе ҳам набуд, ки одамро кушад. Ба ҳар ҳол, Ленинро захмӣ карда, ба замин афтонд. Ронанда Сепан Каземирович Гил (1888-1966) ӯро гирифта, ба беморхонаи Кремл мебарад:
«…Дар роҳ ман чанд маротиба ба Владимир Илич нигоҳ кардам. Нисфи роҳ худашро пушти нишаст партофт, аммо нола накард, ягон садо ҳам надод. Чеҳраи ӯ торафт сафедтар мешуд… «.
Хулоса, аз болои Каплан парвандаи ҷиноии №2162 кушода, ӯро додситон, Комиссари мардумӣ Дмитрий Курский (1874—1932) бозпурсӣ мекунад.
Фанни Капланро 3 сентябри соли 1918 соати 16:00, бо дастури шифоҳии Раиси ВЦИК Ягов Свердлов (1885-1919) ба қатл расониданд. Фармонро коменданти Кремл, матроси собиқи Балтика П.Д. Малков (1887-1965) дар ҳузури шоири маъруфи пролетарӣ, Ефим Алексеевич Придворов маъруф бо лақаби Демян Бедный (1883-1945) иҷро кард. Ҷасадро ба зарфи хумдон (бочка) тела дода, бензин рехта, назди девори Кремл сӯзонданд.
Акнун ба ин суратҳои мухбири мо нигаред, ки баъди 107 соли суиқасди ба Ленин аз тарафи мухбири «СССР» гирифта мешавад. Ҳайкал ва лавҳа, тахтасангро ба муносибати 50-умин солгарди Инқилоби Октябр соли 1967 аз номи коргару деҳқони СССР гузоштаанд.
Дар рӯйи санг бо ҳарфи тилло чунин навиштаро мебинед, ки: “Бигзор золимони тамоми ҷаҳон донанд, ки дар ин ҷо тири сармоядорони муқобили инқилоб кӯшид, то ҳаёт ва кори Роҳбари пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленинро қатъ кунанд”. Баъди ин ҳодиса Ленин 5 солу 4 моҳ, наздики 2 ҳазор рӯзи дигар зиндагӣ карда, барои манфиати мардуми меҳнаткаш қонуни зиёдеро дастина (имзо) карда, Доҳии меҳнаткашони тамоми дунё мегардад.
Ленин пуштибони коргару деҳқон буд!
Ин Ленин дар достони ҷаҳон нафарест, ки аввалин шуда, рӯзи 29 октябри соли 1917 рӯзи кории 8-соатаро эълон карда, меҳнаткашони дунёро аз зери истисмори хоҷагон озод кард. Чунин Иқдоми Бузургро аз рӯзи оғози ҳастӣ (азал) ягон сарвари дигаре накарда буд.
Дигар Қонуни Бузурги Ленин, ки 22 декабри соли 1917 ба расмият шинохта шуд, дар бораи озод кардани зан ҳини ҳомила ва баъди зоидани фарзанд аз кор (декретный отпуск) мебошад, ки дар достони мардуми ҷаҳон то ҳол мисол надорад ва нахоҳад дошт.
Хулосаи достони Ленини Бузург он мешавад, ки 2 соли охири умраш, ки аз зарби тир фалаҷ шуда буд, дар азобу парешонӣ гузашта, рӯзи 21 январи соли 1924, соати 18:30 дақиқаи вақти Москва, дар 54 солагӣ фавт мекунад. Ҳаминро бояд гуфт, ки нигоҳи одамон ба ин ИНСОН гуногун аст. Хизматаш дар он аст, ки ӯ аввалин ва охирин давлати иҷтимоии озоди бесинфро сохт, ки музаффариятҳои он то ҳол барои мо маълум аст. Низ маълум аст, ки боғча, мактаб, омӯзишгоҳ, донишгоҳ, тандурустӣ ва ғайра барои мардуми собиқ СССР бепул (ройгон) шуд. То рӯзи охирини ҳастии давлати Шуравӣ ягон маҷруҳу ятим бесоҳиб намемонд. Ҳамагӣ мардуми 15 Ҷамоҳири Шуравӣ дар ҳимояи давлат буда, орому осоишта ба сар мебурданд. Ривояти достони мардуми Шуравӣ барои ҷавони имрӯза афсона буда, бовар намекунанд, ки онҳо зери фаҳмиши: “Ҳама барои 1 кас, 1 кас барои ҳама” зиндагӣ доштанд.
Ба ин гуфтаи машҳуртарин нависандаи коргару деҳқони он замон Максим Горкий (1868-1936) аҳамият диҳед, ки Ленинро азхудрафта (безумный), хеле донишманд (гений) дониста, дар сафи доҳиён (святой)-и инсоният дохил кардааст.
Шамсиддини Муқим,
СССР, Москва
