31 августи соли 1992 душманони миллат ӯро бе гуноҳ парронданд.
Ёдаш гиромӣ бод!
Ӯ он рӯзҳо қаҳрамони вирдизабонӣ буд. Сухан ҳам аз он мерафт, ки номзади арзандае барои раиси вилоят шудан аст.
Барои орду гандум омада буд. Барои наҷоти Кӯлоби дар муҳосираи иқтисодӣ ва маҳкум ба марг аз гуруснагӣ. Аммо ӯро куштанд. Қатл карданд ва ҷасади беҷони ӯро ба Кӯлоби пур аз беморӣ ва гушнагон бурданд.
Аммо имрӯз меъёрҳо дигар аст. Гӯё қаҳрамонони он замонро ёд бикунӣ, дигаронро ба ғазаб меорӣ.
Аммо охир ӯ ҷони ширини хешро ҳамчун як фарзанди сарсупурдаи халқ ва Ватан дода буд. Ӯ ҳам зистан мехост, фарзандони он замон хурдсол дошт. Ҳамсари ҷавонашро сари танҳо монда рафт. Магар осон аст? Мо имрӯз инро бо чанд ҷумла менависем, аммо он замони даҳшатнок хабари марги пурхушунати ин марди ғаюр ҳамаро ба ларза оварда буд.
Номи Сайфиддини ҷавонмарг қатлгашта дар забони ҳамагон буд.
Аммо хотираи мардум кутоҳ аст? Не.
Хотираи онҳое кутоҳ аст, ки зуд гузаштаи мармузро фаромӯш кардан хостанд. Барои наранҷонидани тарафҳо гуфтанд. Вале магар метавон онро фаромӯш кард, ки ин рӯзҳои осоиштагӣ бар ивази ҷонҳои қурбоншуда ба даст омад?
Магар метавон он даҳшатро фаромӯш кард?
Аз Шӯрои олӣ, аз Совети вазирон, аз утоқи корӣ бурдану қатл кардан.
Бо супориши кӣ? Чаро? Пушти ин боевикҳо кӣ меистод? Чаро одамони мулкиро бе ягон таҳқиқ мепарронаданд. Дигар касе ин саҳафотро рӯ намегардонад?
Он моли таърих аст.
Аммо барои насли баъдии ин хонадон ин захми носӯр аст.
Одамон бояд ба қадри осоиштагӣ бирасанд. Шукри сулҳу осоиш кунанд. Зеро дар ҷанг касе қадр надорад.
Номи ин марди шариф дар синаи орифон, ҳамсафон ва аҳлу авлодашон чун намои ҷавонмардиву шуҷоат боқӣ хоҳад монд.
Аммо арҷгузорӣ ба хотирааш дарси мардонагӣ ва қаҳрамонӣ хоҳад буд.
Мо насли шӯравӣ 70 сол қаҳрамонони русро арҷ гузоштему ҳайкалашонро гулборон кардем.
Аммо ҷонфидоёни худро зуд фаромӯш мекунем?
Набояд!!!
Рӯҳат шод бод, эй фарзанди сарсупурдаи Ватан!!!
Номи некат дар дилҳои онҳое хоҳад монд, ки ба қадри инсон мерасанд.
Ҳуриннисо Ализода
