РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ҲАШАР РАВ!

Аз қадим мардуми тоҷик бо дастаҷамъӣ тавассути ҳашари умумӣ ба бисёр корҳои бузург даст ёфта, иншооту манзил месохтанду ба корҳои ҳамдигар кӯмак мекарданд. Фарзи мисол, каналҳои Фарҳод ва Вахшро мардум маҳз бо ҳашар канда, ҳазорҳо гектар заминро шодоб намудаанд. Ин анъанаи неки аҷдодӣ то ҳол миёни омма роиҷ аст. Махсусан дар муҳити русто ин чиз бештар ба назар мерасад, ки соҳибхона бо густурдани дастурхони ҳашаракӣ ба ҳашарчиён аз корҳои гуногуни дарпешбуда хабар дода, ба ин васоит ба ҳамдигар кӯмак мекунанд. Ин хуб аст, ки ҳамин гуна анъанаҳои неки ниёгон фано нашудаанду мардум аз ин гуна корҳо хуб истиқбол мекунанд. Мо низ ин бор тибқи супориши редаксионӣ ба ҳашар рафтем. Мо метавонем!!!

Мардуми бунёдгар

07.12.2024. Соат ба вақти Бохтар 10:23 дақиқа. Дар андешаи он будам, ки дар шаҳр одатан кам ба ҳашар даъват мекунанд, шояд ба деҳот сафар кунам, то аз уҳдаи супориши навбатӣ бароям. Бо ин мақсад ба ш. Леваканд, ҷамоати Гулистон, деҳаи Оқ- Газа сафар кардам, ки соате нагузашта Маҳмадалӣ ном соҳибкоре иттифоқан барои ҳашар даъват намуд. Чун зимистон ҳукмрон аст, мардум талош мекунанд ҳар чи зудтар корҳои муайянеро ба анҷом расонида, пайи ободӣ камар банданд. Ин марди сахӣ тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар деҳот бинои 5-ошёнаи истиқоматиро барои 20 нафар сохта, ба истифода диҳад. Лозим ба зикр аст, ки дар партави дастуру супоришҳои ободгаронаи Пешвои миллат ҳамин гуна соҳибкорон дар майдон омада, дар фикри беҳбудии халқ ҳастанд. Дар ошёнаҳои поёнии ин бино дар деҳаи мазкур мағоза ва майдончаи варзишӣ сохта шуда, барои сокинон шароит муҳайё мекунанд.

Астанақул Гуляев, раиси маҳаллаи деҳаи Оқ-Газаи ҷамоати Гулистон зимни суҳбат иброз дошт, ки тамоми сокинони маҳаллаи мо ва онҳое, ки дар муҳоҷират ҳастанд, тасмим гирифтанд, ки 3,5 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаро бо маблағи 1, 350 000 сомон тариқи ҷамъоварӣ асфалтпӯш намоянд. Ва ҳамаи ин корҳо тариқи ҳашар анҷом ёфтааст. Ҳамин гуна бо ҳашари дастаҷамона 5 синфхонаи иловагӣ барои 180 нафар ва 1 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

   – Ғайр аз ин ба воситаи маблағҳои дастаҷамъонаи аҳли маҳалла бо 400 ҳазор сомонӣ корҳои чароғонкунӣ ва дӯкони нонпазӣ, инчунин нуқтаи шустушуйи нақлиёт ҳам бо мусоидат ва саҳми мардум сохтем. Дар оянда то ҷашни бузурги миллӣ, 35 – солагии Истиқлолияти кишвар сохтани 1 кӯдакистонро ба нақша гирифта, онро ҳамчун тӯҳфа ба сокинон эҳдо хоҳем кард, мегӯяд, Астанақул Гуляев.

Созандагӣ вусъат мегирад

Бояд гуфт, ки Давлаталӣ Саид бо сари вазифа омаданаш ба ҳайси раиси вилояти Хатлон ҳамчун шогирди мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми наҷиби ин марди арсаи сиёсатро идома дода истодааст. Ӯ тавонист шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро дар 1 муддати кӯтоҳ тағйир диҳад. Имрӯз дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Фархор, Ёвон, Ҳамадонӣ, Данғара, Кӯлоб, Кушониён, Темурмалик, А. Ҷомӣ, ш.Норак корҳои созандагӣ бо суръат ҷараён доранд. Агар мушоҳида намоем, сар аз гузару маҳаллаҳо то ноҳияҳо мусобиқаи ҳашар ба ҳукми анъана даромадааст. Бунёд, таҷдид ва азнавсозии наздики 9000 иншоот бахшида ба 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон далели ин гуфтаҳост.

Дар Хуталон ҳашар эҳё мешавад!

Асосан бунёди ҳамин биноҳои баландошёнаи мамлакат, мағозаҳо, ва корхонаҳои истеҳсолӣ имрӯз бо ташаббуси бархе нафароне, сохта мешаванд, ки дар асл онҳо ҳашаракиянду то охири бунёди иншоот мардум якҷо меҳнат мекунад. Яъне дар Хатлон, 1 пораи Тоҷикистони азиз, ҳашар дар шаклҳои гуногун дар ҳоли рушд аст..

Тавре сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ баён медорад, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони синфҳои иловагӣ ва мумфаршкунии даҳҳо километр роҳ имрӯз тариқ ҳашар ва аз ҳисоби худи мардум авҷ дорад!

Боиси ёдоварист, ки дар тамоми навоҳии вилоят корҳои ободонӣ тариқи ҳашар бо маром идома дорад. Иқдомҳое, ки соҳибкорони маҳаллӣ ба роҳ мондаанд боиси таҳсин асту ҳам ибрат. Зеро дар якҷоягӣ тавассути ҳашарҳо мо ба қадри меҳнати ҳамдигарӣ расида, гӯшаеро бунёд менамоем, ки ин нишон аз соҳибватан будани ҳар яки мост. Дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат дорад, – таъкид дошт ӯ.

 

Роҳу мактаб месозанд

Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2024 дар вилоят таҷдиду мумфаршкунии 144,4 километр роҳҳои автомобилӣ, аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон 137 км аз он ба анҷом расонида шуда, ба ҳисоботҳои оморӣ ворид гардидаанд. Дар маҷмуъ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  мумфаршкунии 100 – ҳо километр роҳ аз ҷониби соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст.

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар вилоят ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар 9 моҳи соли равон 83 иншооти таълимӣ иборат аз 645 синфхонаи дорои 16125 ҷойи нишаст дар 1 баст, мавриди истифода қарор гирифт. Айни замон дар вилоят дар 106 адад бунёду азнавсозии иншооти соҳаи маориф, 658 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 16450 талаба дар 1 баст бо маром идома доранд, ки то охири сол бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд ба истифода дода мешаванд.

 

Ҳашар аслан бепул аст

Дар аснои ҳашар бо Ҷалол ном ҷавоне, ки нав аз муҳоҷират омадааст, суҳбат доштам ва пурсидам, ки Шумо дар мавриди ҳашари умумӣ чи назар доред? Ӯ баъди андешае иброз дошт, ки ҳоло ба мардум гӯӣ, «ҳашар дорам» нигоҳ мекунанд, ки он дар хонаи кӣ аст? Вале агар ин ҳашар барои ободонии деҳаву гузар бошад, ҳама ба ҳашар мебарояд. Ҷое, ки мо зиндагӣ дорем, ҳатто камбизоатон ҳам дар бунёди манзилу корҳои рӯзгор кӯмак мерасонанд.

Шахсан ман аз он изҳори қаноатмандӣ мекунам, ки дар рӯзе, мо ба ҳашар баромадем, ҳаво хело офтобӣ буду мардум аз таҳти дил кор кард!  Рӯзе пас барф ба Хатлон ҳам чодари сафедашро кашид, аммо хабар расид, ки ҳашар давом дорад. Бигзор ҳашаракиҳо дар фасли сармо бо дасту дили гарм пайи ободонӣ бошанд, чунки бо саҳми ману мову шумову онҳо Миллат ба мақсадҳои нек хоҳад расид. Мо метавонем!

 

 Н. Қосимзода, СССР,

 Бохтар – Левакант – Бохтар

 

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube