ОБРО ИФЛОС ВА ҶАНГАЛРО НОБУД НАСОЗЕД!

Бо ворид шудани тағйироту иловаҳо ба бархе аз қонунҳо, минҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ дар самти ҳифзи муҳити зист сахттар шуд, яъне ҷаримаҳо афзуданд. Барои кадом ҷинояти экологӣ метавонем муҷозот шавем? Бархеро мо дар матлаби зер овардем. Ин матлаб ҳушдор ба хонандагон аст, то огоҳ бошанду даст ба ҷиноят назананд. Мо Метавонем!!!

  13.11.2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 31 қонун имзо гузоштанд. Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ, ба қонунҳо «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сайёҳӣ» ва «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ».

 

 Ҷангалро нобуд накуне(м)д!

Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Кодекси ҳуқуқвайронукнии маъмурии ҶТ, ки дар рӯзномаҳои расмӣ нашр шудааст, акнун шаҳрвандоне, ки ба чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ки дар заминҳои захираи давлатии об воқеанд, партов партофта, ифлос мекунанд, аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 15 то 25 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд. 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо айни замон 72 сомониро ташкил медиҳад.

Қаблан барои ин кор шахсони воқеӣ аз 1 то 5, мансабдорон аз 10 то 20 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.

Акнун шаҳрвандоне, ки дарахту буттазори ҷангалҳоро мебуранд, зироатҳои ҷангалу ниҳолзорро нобуд мекунанд (моддаи 183) аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд. Пештар, шаҳрвандон барои ин кор аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 20 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.

Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки дарахтони ҷангалзорро дар шафати роҳҳои автомобилгард ва оҳан, обанборҳо, ҷӯйборҳо худсарона мебуранд (моддаи 196) аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

Пештар, шахсони воқеӣ аз 5 то 10, мансабдорон аз 20 то 30 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.

Худатон зарбу тақсим кунед, ки чигуна ҷазое шуморо минбаъд интизор аст.

Фарзи мисол, барои буриши 1 дарахт шумо акнун 360 сомонӣ, агар мансабдоред то 2880 сомонӣ ва агар идораед (шахси ҳуқуқӣ) то 14400 сомонӣ ҷарима мешавед! Эҳтиёт ними ҳаёт!!!

 

Дар бораи партов ва дуди мошин

Ҳамзамон, моддаи 231 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул шудааст, ки дар асоси он барои риоя накардани талабот ҳангоми ҷамъоварӣ ва сӯзонидани партовҳо шахсони воқеӣ аз 5 то 10, мансабдорон аз 35 то 45 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

 Аз ин ба баъд барои истифода бурдани воситаҳои нақлиёт, ки дудашон аз меъёр зиёд моддаҳои ифлоскунанда (моддаи 230) мепартояд, шаҳрвандон аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд. Қаблан, барои ин кор огоҳӣ дода мешуд ва ё 1 нишондиҳанда ҷарима таъин мегардид.

Акнун бовар ҳаст, ки шаҳру деҳот аз мошинҳое, ки паровози даврони Ленинро дар дудпартоӣ мегузаштанд, поккорӣ мешавад!!!

 

Ҳушдор ба корхонадорон

Барои несту нобуд кардан ва расонидани осеб ба мамнӯъгоҳҳои давлатӣ, боғҳои миллии табиӣ, минтақаҳои табобатию солимгардонӣ ва истироҳатию осоишгоҳӣ, (моддаи 237) низ ҳаҷми ҷарима зиёд шуд.

Қаблан, ки барои ин кирдорҳо шахсони воқеӣ аз 10 то 20 ва шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд, акнун, шаҳрвандон аз 15 то 25, мансабдорон аз 35 то 45 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

Ҷарима барои истифодаи захираҳои табиӣ бе иҷозати махсус (моддаи 238) низ барои шаҳрвандон аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои мансабдорон аз 25 то 35 ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин шуд.

Пештар, барои ин кор шахсони воқеӣ аз 5 то 10, мансабдорон аз 20 то 30 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.

Ҳамчунин, дар асоси тағйиру иловаҳои нав, барои риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳ доштан, безарар гардонидан ва гӯронидани партовҳои саноатии токсигенӣ ва партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ (моддаи 239) шаҳрвандон аз 10 то 15, мансабдорон аз 35 то 45 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

 

Дарахти тут – зери таваҷҷуҳи давлат

Барои худсарона буридани дарахти тут ва дигар буттаҳои барои кабудизору ободонии шаҳрҳо ва дигар маҳалаҳои аҳолинишин (моддаи 242) пешбинишуда шахсони воқеӣ аз 10 то 20, шахсони мансабдор аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

Қаблан, барои буридани дарахтон шахсони воқеӣ аз 5 то 10 ва шахсони мансабдор аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.

Ҷарима барои риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи заминҳои таъйиноти муҳити зист (моддаи 243) ба шаҳрвандон аз 5 то 10, мансабдорон аз 15 то 25 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шуд.

Пештар, барои ин кирдор шахсони воқеӣ аз 3 то 7 ва шахсони мансабдор аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.

 Ҳамчунин, дар кодекс моддаи нав – 2491 илова карда шуд. Дар асоси моддаи нав, барои поймол намудани тутзор, несту нобуд кардани баргҳои дарахтони тут ва осеб расонидан ба дарахти тут, шаҳрвандон аз 5 то 10 ва шахсони мансабдор аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

Барои бо аспу ароба ва чорво поймол кардани тутзор аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои худсарона бо воситаи нақлиёти автомобилӣ, трактор, комбайн ва дигар воситаҳои нақлиёт поймол кардани тутзор, аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои дар давоми 1 соли баъдӣ таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори фавқ, шахсони воқеӣ аз 30 то 40 ва шахсони мансабдор аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

 

Зарар ба киштзор ҳам ҷиноят аст

Барои расонидани зарар ба киштзор ва дигар заминҳо тавассути заҳролуд кардан (моддаи 244) шаҳрвандон аз 5 то 10, мансабдорон аз 15 то 20 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

Аз ин пеш, барои ин кор шахсони воқеӣ аз 3 то 7 ва шахсони мансабдор аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.

 

Аз вагон мусор напартоед!

Барои аз тиреза ва аз дари вагонҳои поезд партофтани партову пасмондаҳо ва дигар ашё, (қисми 3 моддаи 286) аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешавад. Қаблан барои ин кирдор аз 0,5 то 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешуд.

 

Аз СССР: Газетаи мардумӣ 1 ҷаримаи дигар барои носкашҳо, ба вежа ронандагоне, ки сарашонро баровардаву дур ба дароз нос туф кардаву даҳонашонро бо оби бақлашка чайқа карда, ба рӯи асфалт туфу пуф мекунанд, низ ТАЛАБ дорад. Зеро ин амал на танҳо ба экология ва саломати мардум зарар дорад, ки бовар кунед, моро назди хориҷиён, ба вежа туристон масхараву забонкӯтоҳ кардааст.

Мегӯед, намешавад? Мешавад! Ещё как мешавад, агар масъулин худашон носкаш нестанд, илоҷи корро мекобанд. Мо Метавонем!

 

Ҷ. Мақсуд,

СССР

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube