ТВ ва рекламаҳои бемаъно

 Марҳабо Муродова, муаллиф ва хонандаи доимии рӯзномаи мардумии СССР аз ш.Бохтар ба редаксия занг зада, дар бораи рекламаҳои бемаъно андеша ба миён овард.

– Ба ҳама маълум аст, ки даромади аксарият шабакаҳои дохиливу хориҷӣ тавассути реклама ба роҳ монда мешавад. Аммо имрӯзҳо фазои телевизионҳои моро рекламаҳои дорои мазмуну диалогҳои паст фаро гирифтааст. Шабе пеш ногоҳ чашмам ба рекламае афтод, ки дар бораи равғани зағир омода шуда буд. Мазмуни реклама: Духтараке аз кор омада бӯйеро ҳис мекунаду ба ошхона мешитобад ва дар онҷо бо нафаре, ки шояд шавҳараш буд, албатта ин дар реклама, суханҳои “ақлат нагирифт? “- ро истифода бурда, сифати рекламаро паст мекунад. Ба ҷойи ин гуна суханҳо шояд агар «дар ҷевон буд онро нагирифтӣ?»- ро истифода мекард, ранги дигар дошт. Наход мо бо ҳамдигар бадзабон шуда бошем? Ва ҳурматро бо касе, ки набошад аз байн барем? Коргардони ҳамин реклама наход ба ин чизҳо сарфаҳм наравад? Ин гуна гапҳо хоси телевизион нест.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube