ЧАРО ЁВОН ПАРЧАМУ НИШОН НАДОРАД?

 Сафаралӣ Бегмонов, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР аз н.Ёвон, коммунисти ашадӣ бо идора тамос гирифта, пурсид, ки чаро то ба ҳол дар ноҳия майдони Парчаму Нишон бунёд нашудааст.

– Мо дар арафаи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бахшида ба ин ҷашни таърихӣ дар тамомии гӯшаю канори мамлакат корҳои созандагӣ бо маром идома доранд. Дар ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар рамзҳои давлатӣ – Парчам ва Нишон қомат афрохтаанд, ки боиси фахри ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Танҳо ман 1 чизро намефаҳмам: чаро дар н.Ёвон то ба ҳол Парчам ва Нишон гузошта нашудааст? Мушкил дар чист? Умедворем бо ташаббуси раиси имрӯзи ноҳия Бахтиёр Шарифӣ ин камбуди сиёсӣ ҳалли худро пайдо ва мо ёвониҳо соҳиби Парчаму Нишон хоҳем шуд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube