СИМОИ НАВИ ФИЛАРМОНИЯ…

05.12.2024. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси МММО ҶТ, раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон баъди азнавсозӣ ба истифода дода шуд.

Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ медиҳад, бинои Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев” бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмир бароварда шуда, дар рафти корҳои сохтмонӣ даҳлезҳо, толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон азнавсозӣ гардид.

Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гардидааст. Дар маҷмуъ дар толор барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҳунарӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин боми бино иваз ва намои берунии он навсозӣ, фаввораҳо барқарор карда шуд.

Бояд гуфт, ки толори консертӣ ва роҳраву ҳуҷраҳои кории Филармонияи давлатии Тоҷикистон солҳои охир таъмирталаб шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ҷавобгӯ набуд.

Омирона Достиева, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube