СУҒД: МАКТАБИ МУСИҚӢ ДАР ҲАР ШАҲРУ НОҲИЯ

Раисони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастур гирифтанд то ҷашни Наврӯзи соли 2025 тамомии иншооти фарҳангии дар ҳудуди шаҳру ноҳия қарордоштаро аз таъмири капиталӣ бароварда, барои сохтмони мактаби мусиқии муосир заминагузорӣ намоянд.

Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд итиллоъ медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода супориш додааст, ки ҳолати муассисаҳои фарҳангӣ санҷида шуда, барои таъмири муассисаҳои фарҳангии таъмирталаб ва садамавӣ раисон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар вилояти Суғд ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону навсозии даҳҳо муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла осорхона, китобхона, қасрҳои фарҳанг, боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ ва ёдгориҳои таърихӣ босуръат идома доранд. Аз ҷумла, соли равон Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Қалъа дар маркази шаҳр воқеъ буда, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст.

Ҷ. Мақсуд, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube