РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ҲАСИБ ХАР!

Имрӯзҳо аксаран бонг мезананд, ки ҳасибҳо дар дохилаш ҳар гуна маводи нолозим доранд. Ва ин боис мегардад, ки миёни мардум ҳангомаҳои зиёде ба бор ояд. Ногуфта намонад, ки ҳафтаи гузашта ба унвонии редаксияи газетаи мардумии СССР якчанд нафар дар тамос шуда, хоҳиш намуданд, ки мо ин мавзӯъро пайгирӣ намоем. Вобаста ба ин мавзӯъ ва муроҷиати бешумори хонандагон супориши навбатии мо ин ҳафта харидани колбаса – ҳасиб шуд. Ва ин навбат моро лозим омад ҳамроҳи намояндагони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсияи ва нозироти савдои вилояти Хатлон ба рейд баромада, аз якчанд нуқтаи савдо ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ дидан намуда, аз ҳолати истеҳсоли ҳасибҳо ва навъи ҳасибҳо иттилоъ диҳем.

Колбаса гӯшт нест!

Суоле миёни омма роиҷ аст, ки чаро нархи ҳасиб аз гӯшт дида ба маротиб арзонтар аст?! Имрӯз агар ба нархи гӯшти гов дар бозор назар андозем он аз 80 то ба 90 сомонӣ дакка мехӯрад. Аммо нархи миёнаи 1 кило ҳасиб бошад аз 23 то ба 40 сомонӣ баробард. Пас ана ҳамин номувофиқ будани нархҳо масалест, ки ҳасиб аз гушти ҳаром асту мардум ба таври худ гоҳе хурданашро мамнӯъ медонанд.

Кормандони Раёсати мазкур гуфтанд ва бо боз такроран иброз доштанд, ки ҳасиб (колбаса) гӯшт нест, балки маҳсулоти гӯштӣ буда, тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ чанд фоизи таркиби онро гӯшт ташкил медиҳаду боқимонда ингридиент-иловагиҳоеанд, ки барои омода намудани маҳсулот истифода мешаванд.

 Мораторий ва фаъолияти соҳибкорон

13.02.2025. Соат ба вақти Душанбе 09:10 дақиқа. Мо барои рушанӣ андохтан ба мавзуъ ба муовини сардори Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон Нарзулло Шарифзода муроҷиат намудем. Ҳангоми сӯҳбат Н. Шарифзода иброз дошт, ки айни ҳол дар кишвар мораторий эълон шудаву мо наметавонем ба кору бор, барориш, истеҳсол ва фурӯши ҳасиб мудохила намоем. Аммо мо хоҳиш намудем, ки танҳо дар ҳолатҳои ошноӣ бо мавзӯъ моро ҳамроҳӣ намоянд ва онҳо розӣ шуданд. Ба коргоҳи ҶДММ «Холназар Сафаров», ки барои аксарият харидорон ин ном дар Бохтар ошност, раҳсипор шудем.

Лозим ба таъкид аст, ки дар шаҳри Бохтар 2 коргоҳи истеҳсоли ҳасиб фаъолият дошта, ҳарду пайваста барои сифати беҳтару хубтар дар рақобатанд. Зеро масъулони ин корхонаҳо хуб дарк кардаанд, ки барои ба даст овардани мизоҷон бояд дар ҷойи аввал сифат қарор дошта бошад. Ба дохили ин коргоҳ ворид шудем. Манзарае мо дидем,  агар инсони ҳасиб намехурдагӣ ҳам мебуду муллои фанат низ, баъди ошноӣ бо коргоҳ, ҳатман колбаса мехариду мехӯрд! Зеро шурӯъ аз даромадгоҳи ин корхона ҳама кормандон бо либоси махсус ва даҳону бинии бо ниқоб пӯшида ва дастпушакҳои вежа машғули кор буданд. Ин дар ҳолест, ки мо новоқифона омада будем. Аснои дидан намудан аз ин коргоҳ ба шубҳа-суоли аввалинам посух пайдо кардам:

– Ҳама ҷой тозаву тамиз, аз овозаҳои гуногун асаре нест.

Чуноне дар рафти боздид мушоҳида гашт, дар коргоҳи ҳасиббарории Холназар Сафаров технологияе истифода мешаванд, ки аз хориҷа ворид шудаанд. Нафароне, бо ин технология сарукор доранд, ки таҷрибаи махсус гирифтаанд ва аз уҳдаи он мебаромаданд. Акои Холназар бошад шукронаи 33 соли соҳибистиқлолӣ мекунад, ки соҳибкорони Ватанӣ аз ҷониби Давлату миллат инқадар дастгирӣ меёбанд. Ҳамзамон кормандони коргоҳ ҳам бо доштани чунин шароити мусоид изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳасибу ҳасибчаҳо чӣ тавр омода мешаванд?!

Бояд қайд кард, ки ҳар 1 намуди ҳасибу ҳасибчаҳо мувофиқи дастурамали ретсептураи шартҳои техникӣ истеҳсол карда мешавад. Яъне гӯшти табиӣ ва дигар иловакунандаҳо аз рӯйи стандартҳо ва шартҳои техникии тасдиқшуда ба таври гуногун истифода мегардад.

Ба таври стандартӣ барои истеҳсоли 100 кг ҳасибчаи мурғӣ 76 кг гӯшти мурғ, 8 кг панир, 10,4 кг об, 1,75 кг намаки ошӣ, 1,4 иловаҳои комплекси хуштаъмкунанда, 2,6 кг крахмал истифода бурда мешавад, ки аз ин маҳсулоти номбурда 98 -100 кг маҳсулоти тайёри ҳасибчаи мурғӣ истеҳсол карда мешудааст.

Дар мавриди ҳасиби копченный-буғпазе, ки аксаран бо хӯрданаш роҳат дорем, ҳаминро метавон гуфт, ки дар коргоҳҳои замонавӣ барои истеҳсоли 100 кг ҳасиби буғпаз 18 кг гӯшти лаҳми гов, 8 кг чарбуи гов, 54 кг гӯшти мурғ, 1, 22 л. шири хушк, 12,2 литр об, 1,75 кг намак, 0,01 нитрати натрий,1,26 грамм иловагиҳои маҷмуавии хуштаъмкунанда, 3,0 кг крахмал истифода бурда мешавад, ки аз ин маҳсулоти номбурда 98- 100 кг маҳсулоти тайёри ҳасиби буғпаз истеҳсол карда мешавад.

Ҳар 1 номгӯи маҳсулоти зикршуда дар деги махсус омехта мешавад ва ниҳоятан онҳоро якҷоя карда, барои омода кардан бо технологияи рақамӣ равон мекунанд. Далел барои андеша:

-Агар 1 гр маҳсулот кам ё зиёд бошад, технологияи хориҷӣ онро қабул намекунад ва шумо ҳасибро дар шаби хоб ҳам намебинед!!!

Мо бо ин маълумот инҷо иктифо мекунем. Худат хулоса барор хонандаи азиз, ки бо чи миқдор маҳсулот ҳасибу ҳасибчаҳои дӯстдоштаи мову шумо омода мегарданд. Дар хурдӣ ростӣ ба ҳасиб   дилбастагӣ доштам, аммо чун бузург шудам каме дилам дур мерафт. Лекин бо шарофати супориши навбатӣ ҳамон иштиҳои тифлӣ дар ман баъди дидан аз макони омодашавӣ баргашт. Зеро баъзе андешаҳои носолими муҳит дар ман ҳам таъсир карда буданд…

Паҳлӯҳои мусбӣ ва манфии корхонаҳои ҳасиббарор

Донед, ки ҳасиб гӯшт набуда, балки ҳамчун маҳсулоти гӯштӣ дониста мешавад. Ҳамчунин бояд донист, ки дар ҶДММ Холназар сарфу харҷи корхона, маоши кормандон, пардохти андозҳо, сарфи обу қувваи барқ ва дигар хароҷоти корхонаро ба инобат гирифта, нархи маҳсулоти тайёрнамудаи худро муайян карда, ба бозор пешкаш менамоянд, ки дастархони мову шуморо зеб медиҳад.  Дар баробари ин чуноне болотар ишора кардем, бархе нафарон бар он назаранд, ки маводи нозарурӣ ва ё ба саломатӣ зарароварро ба ҳасиб илова мекунанд. Роҷеъ ба ин масъала Холназар Сафаров қайд намуд, ки ин гуфтаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Зеро одамро фиреб карда мешавад, аммо техникаро на!

 

Ҳасиб харем ё гӯшт?

Аз мисолҳои дар боло оварда бармеояд, ки дар таркиби ҳасиб ва раванди истеҳсоли он ягон намуд хамираи махсус ё омехтаи кимиёвӣ истифода намешавад. Сабаби фарқи нархи ҳасиб аз гӯшти маҳаллӣ бошад бо нишондоди далелҳои дар боло таҳлилшуда маълум гардид, ки барои чӣ нархи ҳасиб аз гӯшти гов ва гӯсфанд поинтар меистад.

Дар ҳамин раванд дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар бо Хадича ном сокине сӯҳбат кардем, ки аз мағозае ҳасиб харидорӣ мекард. Аён шуд, ки апаи Хадича мудом барои субҳонаи кӯдакон аз маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ харидорӣ мекардааст. Апаи Хадича ба ҳар гуна овозаҳо бовар накарда, дигаронро ҳам ба он даъват мекунад, ки истеҳсолкунандаи ватаниро бояд дастгирӣ кард. Давлати мо имрӯз соҳиб дорад, стандарт дорад, дигар ниҳодҳои назоратие ҳастанд, ки пайваста аз сифати маҳсулот, хосса хӯрокворӣ назорат мекунанд.

Истеҳсоли маҳсулоти ғайристандартӣ ҷавобгарӣ дорад!

Кормандони РСМСНС вилояти Хатлон ба мо иттилоъ доданд, ки дар давоми соли 2024 ба шӯъбаи озмоишии маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии РСМСНС аз тарафи мутахассисони шӯъбаҳои марказ дар 140 ҳолат маҳсулоти гӯштӣ аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои савдо барои ташхис пешниҳод гардидааст. Дар вақти гузаронидани ташхисҳои физикӣ- кимиёвӣ ва бехатарӣ, дар 9 ҳолат 30 кг маҳсулот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва Регламенти Техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” ҷавобгӯй набуда, ғайристандартӣ дониста шуда, протоколҳои натиҷаҳои санҷиш ба мутахассисон барои корбарӣ пешниҳод шудааст.

Ҳа, ногуфта намонад, ман тибқи супориши редаксионӣ имрӯз аз бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар ба маблағи 50 сомонӣ ҳасиби буғӣ ва навъи “Краков”- ро харидам. Боварӣ дорам, ки ин навъҳои ҳасиби харидаи ман ба саломатии ману оилаи ман хатарнок нестанд. Ва аз ҳама муҳим: Ба Идибек Маҳмудҷонов гуфтам ва ба шумо низ мерасонам, савганд, ки ним кило ҳасиб низ аз ин корхонаҳо нагрифтам. Шояд мегирифтам, вале надоданд! Зеро соҳибкор дар Соли маърифати ҳуқуқӣ дигар ун корчаллони пешина нест, ки ба чапу рост пора диҳад. Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube