Ҳабибулло Воҳидзода: «Ошӯб дар зиндон кори дасти террористони маҳкумшуда аст!»
Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералии Тоҷикистон дар робита ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат, ки ҳафтаи пор рух дода буд, гуфт, алайҳи ошӯбгарон бо 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаанд. Дар пайи ин ҳодиса сардори зиндон захмӣ шуда, нисбати ин ҳодиса барои “суиқасди куштор” ва “номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
– Гурӯҳи маҳкумшудагоне, ки дар он ҷо адои ҷазо мекарданд ва ба ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ ба муҳлатҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, байни худашон маслиҳати ҷинояткорона карда, бо асбобу анҷоми халандаю бурранда мусаллаҳ гашта, ба кормандони муассисаи ислоҳӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, 3 нафари онҳоро ҷароҳатдор мекунанд, ки яке аз онҳо ҷароҳати вазнин буда, дигаронаш каме вазнин ва сабук аст, – таъкид дошт Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 14 феврал.
Тавре дар шумораи гузашта СССР иттилоъ дода буд, рӯзи 3-юми феврал дар муассисаи ислоҳии №3/2 дар ш.Ваҳдат маъруф ба «Кирпичний» аз ҷониби 9 маҳбус бо мақсади фирор бетартибӣ сар зад, ки дар натиҷа, 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шуданд.
Террори «Крокус»: пас аз он 30 000 депорт шуд
Пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии «Крокус сити хол», ки рӯзи 22 марти соли 2024 ба вуқуъ пайваст, беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ҳудуди Россия бозпас фиристода шуданд, ки аз ин 17 ҳазору 800 нафар тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар бозпас гардонида шудаанд.
Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералии кишвар гуфт, ки тафтишотро вобаста ба ин амали хунин ҷониби Федератсияи Россия худ пеш мебарад.
Ҳадафи кушторҳо дар Конибодом…
Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералии мамлакат дар робита ба силсилакушторҳо дар шаҳри Конибодом гуфт, ки ҳадафи аксари ин кушторҳо ғоратгарӣ, соҳиб шудани молу амволи хонавода ва куштани соҳибхонаҳо мебошад. Бояд гуфт, ки дар пайи кушторҳои пайдарпай дар ш.Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд.
– Мо медонем, ки нафаре бо номе, тахаллусе дар ҳамин кор иштирок кардааст, вале то тафтишот шахсияти ӯро маълум накунад, ҳуҷҷат тасдиқ накунад, эълон кардани он шахс ҳамчун гумонбар нодуруст аст. Дар ин ҳодиса шахсоне, ки зери гумон ҳастанд, зиёданд, мо шахсияти ҳамаи онҳоро муайян карда, мебинем, агар дар ин кор даст дошта бошанд, масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани ҳар яки онҳоро мегузорем, – изҳор дошт Ҳабибулло Воҳидзода.
Бино ба иттилои Генпрокурори Тоҷикистон ҳоло тамоми ҳаракатҳои тафтишотӣ баҳри пайдо кардани далелҳо ва исбот намудани ганаҳкории ин шахсон дар ин ҷиноят ва аз ҷониби ин гурӯҳ содир шудани дигар ҷиноятҳо ҳам мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон 21 декабри соли гузашта аз боздошти 4 гумонбар дар содир кардани ин кушторҳо хабар дода буд, ки инҳо – Худойбердиев Солеҳҷон Набиевичи 26-сола, Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола, Равшанов Бахтиёри 36-сола ва Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, ҳама сокинони ш.Конибодом гуфта мешаванд.
Парвандаи 78 мансабдор барои дуздии 120 млн
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта нисбати 78 нафар мансабдори Вазорати мудофиаи ҶТ барои тасарруфи беш аз 120 миллион сомонӣ парванда боз намудааст.
Сулаймон Султонзода, раиси Агентии мазкур зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз зарари расонидашуда тахминан 107,8 миллион сомонияш ба буҷети давлат барқарор карда шуд, вобаста ба 14,8 миллион сомонӣ барои барқарар кардани зарар аризаи даъвоӣ ба судҳо пешниҳод гардид.
– Дар инҷо 43 нафар аз ҳисоби кормандони Вазорати мудофиа, 3 нафар аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 2 нафар аз Вазорати молия ва боз аз дигар вазорату сохторҳои дигар ҳам дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ҳамиштирок буданд, -таъкид дошт ӯ.
ВКД: ҷиноят зиёд шудааст
Соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 ҳазору 315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2023, 996 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТ рӯзи 13 феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, аз ҷумла одамкушӣ ва суиқасд ба ҷон – 75 ҳолат, роҳзанӣ – 28 ҳолат, таҷовуз ба номус – 41 ҳолат, авбошӣ – 1663 ҳолат, қаллобӣ – 3480 ҳолат, дуздӣ – 3858 ҳолат, ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ – 31 ҳолат, тамаъҷӯӣ – 61 ҳолат ва муомилоти воситаҳои нашъадор 745 ҳолат сабт шудааст.
Соли 2024 тавассути «Шаҳри ҳушманд» беш аз 1 миллиону 133 қоидавайронкунӣ ва «Шаҳри бехатар» бошад 227 ҳазору 347 қоидавайронкунӣ сабт гардид. Танҳо аз ҷониби «Шаҳри бехатар» ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингардро вайрон намудаанд, ба миқдори 32 миллиону 446 ҳазору 814 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
1103 ҷодугар дастгир шуд
Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар соли 2024 дар кишвар 1 ҳазору 103 нафарро барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дастгир кардааст.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ гуфт, гарчанде дини ислом ва қонунҳои дунявӣ чунин амалҳоро пешбинӣ наменамоянд ва онро маҳкум мекунанд, шаҳрвандон ба ин нигоҳ накарда, фирефтаи фолбину ҷодугар шуда, ба онҳо бовар карда, маблағҳои калони худро аз даст медиҳанд.
Бояд гуфт, тибқи тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноятии ҶТ ворид шудааст, барои сеҳру ҷоду ҷазо дар намуди ҷарима дар ҳаҷми калон ё то 2 сол зиндон пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон мувофиқи моддаи 240 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ аз ин пас такроран ба сеҳру ҷоду машғул шудан ҷиноят ҳисобида мешавад.
Мувофиқи тайғироти воридшуда ба Кодекси ҷиноятӣ, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо дода мешавад.
Заҳролудкунӣ – амали террористӣ
Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал аз қасди 1 амали дигари террористӣ, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз дар зиндони ш.Ваҳдат сурат гирифта буд, иттилоъ дод. Ин акти террористӣ бо роҳи заҳролуд кардани хӯрок дар ҷашни Наврӯз мебоист содир мешуд.
– Дар робита ба ин ҷиноят, беш аз 30 нафар айбдор эълон шуда, онҳо аз 8 то 20 сол равонаи зиндон гардиданд ва ҳоло 10 нафари дигар дар пайгард қарор доранд. Ҷиноятҳои террористие, ки дар шаҳри Ваҳдат рух дод, таҳти роҳбарии Ҳикматов Абубакр тарҳрезӣ шуда, нисбати зиёда аз 30 нафар парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ ва, бо ҳукми суд маҳкум шуданд. Муттаҳамон аз 8 то 20 сол равонаи зиндон шуда, ҳоло 10 нафари дигар дар робита ба қасди террористӣ дар Ваҳдат дар пайгарданд, гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.
3 терракт дар Кӯлоб
Вазорати корҳои дохилии мамлакат аз пешгирии 2 суиқасд ба терракт ва 3 амали террористӣ дар соли 2024 хабар дод.
Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, кормандони милиса аз 2 амали терроистӣ дар ш.Ваҳдат пешгирӣ намуданд. 3 амали террористии дигар дар ш.Кӯлоб рух додааст.
– Яке аз ин амалҳои террористӣ ин оташ задани мошини хизматии раиси Кумитаи ҲХДТ дар ш.Кӯлоб Салим Сайвализода мебошад, ки вобаста ба он 8 нафар боздошт ва суд шуд, – гуфт вазир.
Душанбе: сохтмони 2 эстакада сар мешавад
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе сохтмони 2 эстакадаи нав – яке дар маҳаллаи Сирки давлатӣ ва дигар дар минтақаи маъруф ба “Мясокомбинат”, оғоз меёбад. Дар ин бора рӯзи 10-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Тавре Муҳаммадюсуф Раҳимзода, роҳбари Раёсати сохтмони роҳҳои шаҳрдорӣ гуфт, «Лоиҳаи сохтмони эстакадаи дусатҳа дар хиёбони С.Шерозӣ (аз хиёбони Ҳ. Шерозӣ то буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров)” бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мувофиқа шуда, барои амалии ин лоиҳа бонк 90 млн евро ҷудо кардааст.
Корҳои омодагӣ аллакай ба итмом расидаанд, сохтмон баъд аз 3-4 моҳ шуруъ мешавад, – таъкид дошт Муҳаммадюсуф Раҳимзода.
Инчунин гуфта шуд, ки дар баробари ин, лоиҳакашии эстакадаи дусатҳа дар буриши кӯчаҳои Абай ва А. Қаҳҳоров дар маҳаллаи маъруф ба “Мясокомбинат” идома дорад. Дар доираи ин лоиҳа, шаҳрдорӣ бо 1 ширкати чинӣ созишнома бастааст ва он ба наздикӣ корҳои омодагиро дар ин минтақа оғоз мекунад.
Дар ин минтақа сохтмони 5 иншооти инфрасохтори нақлиётӣ дар назар аст. Онҳо дар буриши кӯчаҳои Соҳилӣ ва Ҷанубӣ бо сохтмони пул аз дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаҳои А. Ҷомӣ ва А. Қаҳҳоров, Абай ва А. Қаҳҳоров, Саъдӣ Шерозӣ ва Ҳафизи Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои Ҳабибулло Назаров ва Шерализода сохта мешаванд. Бояд гуфт, ки созишнома оид ба маблағгузорӣ бо БАТР ҳанӯз моҳи апрели соли 2020 ба имзо расида буд. Он вақт гуфта мешуд, ки ҳаҷми қарз 28,45 млн евроро ташкил мекунад.
Дар доираи ин лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Панҷараҳоро меканем!
Самӣ Азизиён, сардори Сарраёсати меъморӣ ва сохтмони ш.Душанбе гуфт, ки панҷараи тирезаҳои ҳамаи биноҳои Душанберо мекананд. Ба гуфтаи Сармеъмори пойтахт панҷараҳо ҳусни шарҳрро коста мегардонанд ва ба меъёрҳои меъмории муосир ҷавобгӯ нестанд.
– То ба имрӯз тақрибан 1000 панҷара ва балконҳои худсохт, ки намои зоҳирии биноҳоро коста мегардонданд, бартараф шуданд. Алалхусус, панҷараҳо дар кӯчаҳои С.Айнӣ, А. Дониш ва хиёбони Рӯдакӣ пурра рафъ гашта, ҳоло кандани панҷараҳо дар биноҳои маҳаллаи 82 идома дорад. Дар ояндаи наздик панҷараҳои тамоми биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии пойтахт канда мешаванд ва ин кор аз ҳисоби ҳукумати шаҳр сурат мегирад, – таъкид дошт Самӣ Азизиён.
Гуфта шуд, ки ин тасмим 31-уми декабри соли 2024 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қабул шуда, аз 2 январи соли равон он ба ҳукми иҷро даромад.
199 ҷарроҳии пайвандсозии гурда дар 1 сол
Соли 2024 дар кишвар 2571 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 3614 амалиёти ангиография ва 1958 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ, инчунин ба 908 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 298 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо, аз ҷумла 199 ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва 67 ҷарроҳии ҷигар гузаронида шудааст. Тақрибан 30% бемороне, ки аз чунин ҷарроҳӣ гузаштаанд, шаҳрвандони Қирғизистону Ӯзбекистон, ИМА ва дигар кишварҳо мебошанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар дод.
– Табибони тоҷик метавонанд ҷарроҳиҳои пайвандсозии дил ва ғадуди зери меъдаро анҷом диҳанд. Афзоиши шумори ҷарроҳиҳои душвор ва ҷорисозии технологияҳои пешқадам аз баланд шудани сатҳи касбии табибон ва таҷдиди низоми тандурустии кишвар гувоҳӣ медиҳанд, – таъкид дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Бояд гуфт, ки дар соли 2024 дар Тоҷикистон 115 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 97 муассисаи кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ (КАТС) ва 9 муассисаи хусусӣ ба истифода дода шудаанд, ки маблағи умумии сармоягузорӣ 467,8 млн сомониро ташкил дод. Дар 112 муассисаҳои тандурустӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 366 муассисаи дигар таъмири асосӣ гузаронида шудаааст ва дар 80 муассиса корҳои таъмири асосӣ идома дорад.
381 нафар аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргашт
Солҳои охир 4 марҳилаи баргардондани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сурия ва Ироқ анҷом ёфта, дар умум 381 нафар ба Ватан баргардонда шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҶТ хабар дод.
Бино ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, соли 2029 аз Ироқ 84 шаҳрванд, соли 2022 аз Сурия 146 шаҳрванд, соли 2023 аз Сурия 104 шаҳрванд ва соли 2024 аз Сурия 47 шаҳрванд ба Ватан оварда шуданд.
506,7 млн сомонӣ – зиёни молиявӣ
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли гузашта дар ҷараёни санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонку корхона ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 506,7 миллион сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кардааст. Дар ин бора рӯзи 11- уми феврал Ҷамшед Каримзода, раиси нави ниҳоди мазкур дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
– Натиҷаи ин чорабинҳои аудиторӣ муайян кард, ки ба камбудию норасоиҳои молиявӣ, хусусан дар баъзе сохторҳои Вазорати маориф ва илм 11,7 млн сомонӣ, Агентии захираҳои моддӣ ва сохторҳои он 9,2 млн сомонӣ, Донишгоҳи миллӣ 7,5 млн сомонӣ, Вазорати энергетика ва сохторҳои он 5,8 млн сомонӣ, Агентии омори назди президенти Тоҷикистон 728,5 млн сомонӣ роҳ дода шудааст, – гуфт Ҷамшед Каримзода.
2024:18 000 электромобил ворид шуд
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил, ки дар Тоҷикистион соли гузашта ҷорӣ гардид, метавонад тағйир ёбад. То ин лаҳза масъули ҷамъоварии ин маблағ Бозрасии давлатии автомобилии ВКД муқаррар шуда буд. Пешниҳоди бозбинии тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил дар Тоҷикистон ба ҳукумат ироа шудааст.
– Новобаста аз маҳдудиятҳои ҷоришуда, то ҳол воридоти автомобилҳои пеш дар истифодабуда, махсусан мошинҳои ба садама дучоршуда, ки бо таъмири рӯякӣ дар ҷумҳурӣ бо нархи арзон фурӯхта мешаванд, зиёд аст. Тибқи омори пешниҳодшуда, давоми соли гузашта 46 ҳазору 942 автомобил ба маблағи умумии 521,1 млн доллар ворид гардидааст, ки ин нисбат ба 2 соли пеш 31 ҳазор автомобил камтар аст. Дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ наздики 18 ҳазор электромобил ба маблағи 256,4 млн доллар ворид шудааст. Воридкунандагони электромобилҳо аз пардохти зиёда аз 95 миллион доллар андози воридотӣ озод шудаанд. Дар умум, воридоти автомобилҳои барқӣ дар соли 2024 дар қиёс ба соли 2023 қариб 5 баробар афзудааст, – гуфт Хуршед Каримзода дар мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори омма.
9102 талоқ дар 1 сол
Дар соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 253 ҳазору 512 таваллуд сабт шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2023 беш аз 10 ҳазор адад зиёдтар аст.
Тавре Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар ба рӯзноманигорон гуфт, соли гузашта дар кишвар 33 ҳазору 173 ҳолати фавти одамон сабт гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2023, 497 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин, бар асоси маълумоти Вазорати адлия, дар кишвар соли гузашта 75 ҳазору 197 ақди никоҳ сабт шудааст, ки ин 1 ҳазору 247 адад камтар аз соли 2023 будааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, давоми соли гузашта 9 ҳазору 102 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ ё худ талоқ ба қайд гирифта шудааст.
Озарбойҷон, Қатар, Кувайт, Корея – кишварҳои нав барои муҳоҷират
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 бо 15 кишвари ҷаҳон 41 санад ба имзо расонидааст. Дар байни онҳо – Федератсияи Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ҷопон ва Корея қарор доранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод.
– Яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат фароҳам овардани имкониятҳои нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои гуногун мебошад. Ин иқдом ба шаҳрвандони Тоҷикистон имконият медиҳад, ки барои кор дар хориҷи кишвар роҳҳои нави шуғлро ҷустуҷӯ кунанд, – таъкид дошт Солеҳа Холмаҳмадзода.
Инчунин Вазорати мазкур соли гузашта 12 тарҳи нави созишномаҳои ҳамкориро бо Россия ва минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон, инчунин бо Гурҷистон, Лаҳистон, Сербия, Белгия, Британияи Кабир, Корея, Ҷопон, Қатар, Кувайт ва Арабистони Саудӣ таҳия намуд. Ин ташаббусҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳбуди шароити кор ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона шудаанд.
Солеҳа Холмаҳмадзода ҳамчунин изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятнок беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар мебошад. Дар ин замина барои бастани созишномаҳои нав бо кишварҳои хориҷӣ корҳо идома доранд.
Ба иттилои Холмаҳмадзода, айни замон дар марказҳои таълимии калонсолон кадрҳое омода мешаванд, ки дар Ҷопон, Корея ва Кувайт кор хоҳанд кард. Ҳар кадоме аз ин кишварҳо ба қувваи кории хориҷӣ талаботи махсус дорад, пеш аз ҳама ба сатҳи тахассус ва донистани забон. Пас аз анҷоми курсҳо ва супоридани имтиҳонҳо, хатмкардагон метавонанд барои кор ба ин кишварҳо сафар кунанд.
Шамси наркобизнес чаро дастгир намешавад?
Чанд сол қабл ВКД аз боздошти 1 гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ, аз мусодираи миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор ва боздошти 20 нафар хабар дода буд. Роҳбари ин гурӯҳи нашъаҷаллобони трансмиллӣ Саидшарипов Шамсулло сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ном бурда шуда, дар кофтуков қарор дошт. Аммо бо гузашти солҳо Шамсулло Саидшарипов то ҳол дастгир нашудааст? Ин буд суоли хабарнигори газетаи СССР ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии мамлакат зимни нишасти матбуотӣ.
Рамазон Раҳимзода дар посух гуфт:
– Гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллие, ки Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоевич роҳбарӣ мекард, 24 нафар дастгир ва аз онҳо 1 тонна воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд. Илова бар ин, Шамсулло Саидшарипов дар 10 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҳамчун роҳбари гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ мегузарад.
Ҷинояткори махсусан хавфнок
Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоевич соли таваллудаш 27.09.1984 истиқоматкунандаи маҳаллаи Чортути ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 03.09. 2019 барои содир кардани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон бо моддаи 200 (муомилоти воситаҳои нашъадор), моддаи 202 (тасарруфи перекурсорҳо бо мақсади истеҳсол ё таёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), моддаи 262 (қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда) ва моддаи 289 (қочоқ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ то 06.09.2023 қарор дорад.
Литва ба нашъаҷаллоб мақоми паноҳандагӣ дод
Аммо мутаассифона дар кишвари Литва барои ӯ мақоми паноҳандаи сиёсӣ дода, номашро аз рӯйхати ҷустуҷӯи байналмилалии «Интерпол» гирифтаанд. Ҳол он ки ҷиноятҳои содиркардаи Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоевич сиёсӣ, мазҳабӣ ва ҳарбӣ набуда, балки кирдорҳои содиркардаи ӯ вобаста ба ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аст, – таъкид дошт Рамазон Раҳимзода.
Дар идомаи суҳбат вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки вобаста ба дастгир намудани ин нашъаҷаллоби трансмиллӣ ҳатман чораҳои қатъӣ андешида мешавад.
Аз нишастҳои матбуотӣ ба шумо Ҷ.Ҳусейнова, А.Собир ва Н.Қосимзода хабар доданд.
