РЕЗААХБОР

Минбаъд ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 21 апрел ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва 1 октябр чун иди Тиргон таҷлил карда мешавад.

 22.02.2025. Бахшида ба 33-юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе паради ботантанаи ҳарбӣ баргузор мегардад.

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта қарзи кишвар дар назди Чин коҳиш ёфта, Душанбе аз Пекин феълан 820 миллион доллар қарздор аст, ки дар қиёс ба аввали соли 2024 ҳудуди 80 миллион доллар камтар мебошад.

Дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон 2 ҳазору 566 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат варзидаанд, ки аз ин теъдод, тибқи иттилооти тасдиқшуда, 1 ҳазору 455 нафар кушта шуд.

Аз ҳисоби нобудсозӣ ё “утилизатсия”-и нақлиёт, ки аввали соли гузашта барои соҳибони нақлиёт ҳатмӣ гардид, ба буҷети кишвар 1,7 млрд сомонӣ ворид шудааст.

  Соҳибкорони тоҷики муқими Россия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ, бо шумули мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои тиббӣ ва корхонаҳои хурд сохтаанд, ки ҳалолашон бод!

 

.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube