РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ҶОМ ГИР!!!

Пеш аз ин гар Ҷоми ишрат доштам, ҳоло чӣ суд?

Аз фалак даври дигар хоҳам, ки он даврон гузашт!!!

«Ҷом» дар забони тоҷикии форсии дарӣ 1001 маъно дорад. Вале аксарият маҷозиянд. Ҷоми воқеӣ обгир ё худ пиёлаест, ки аз он менӯшанд ва дар гузаштаи дури мо танҳову танҳо майи ноб, арақ, спирт, водка, вино. Зеро то ислом ва ҳатто анде баъди зуҳури дини поки мо, май манъ набуд. Тавре медонем, саҳобае бас бисёр нӯшиду пайғамбар (с) гуфт, «он чизе бешаш маст кард, камаш низ манъ аст!» ва майро уммулхабоис-Модари палидиҳо хонд ва манъ шуд. Моҷарои аввалиро Абдурраҳмон Ҷомӣ чунин инъикос карда:

З-он майи андак ба нисбат хор шуд,

К-андакаш мустабъиди бисёр шуд!!!

Ҳарчанд то ин дам Хайёми нозанин ин моҷароро филтр ва пуштигирӣ карда, мегуфт:

Дар бисёраш манфиати андак нест,

Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст!

Моҷарои дуввумро ҳазрати Аттор бисутуд:

Бас касон, к-аз хамр тарки дин кунанд,

Бе шаке уммулхабоис ин кунанд… 

 … Ва аммо баҳси мо сари арақу майу винову водка нест. Дар давлати дунявии мо ҳама чиз дар «дозаҳои дастрас» равост; хоҳӣ масҷид раву ба зиёрати Каъба, хоҳӣ сӯи тарабхона шитобу ба Аврупо «путёвка» гир. Фарзи мисол, нависандаи ҳамин сутур, ки дар собиқ басе ҷом мебардошт, имрӯз тарки он кардаву роҳ сӯи Каъба намуд ва дар 18 шумора 19 адад Сафаргуфтаи Мадинавӣ навишт. Яъне интихоб дар кишвари мо аз худи шаҳрванд аст, ки чунин озодии интихоб дар ягон кишваре дигар кам муяссар мегардад. Демократия ва дунявият ана ҳамин аст, хонандаи некназар.

Вале ин ҷо суҳбати мо сари ҶОМ аст ва ҷоми маҷозӣ ё тасодуфӣ на: ҶОМе, ки барои мо тақдиру таърихсоз аст. Хабар омад, ки дар Кӯлоби бостонӣ, дар осорхонаи кишваршиносии марказии шаҳр ҶОМЕ ёфт шудааст, ки таърихи 5000 сола дорад! Яъне замоне, ки дар Аврупову Амрико, қораи Арабу Осиё, халқиятҳои имрӯз муддаии сивилизатсия, обро аз аз лаби ҷӯй бо 2 кафи даст менӯшиданд, ҷадди мо майро аз ҶОМ мехӯрдаанд!

 

Ҷоми Ориёӣ

Ойинаи Сикандар Ҷоми Ҷам аст, бингар,

К-ӯ бар ту арза дорад, аҳволи мулки Доро…

Роҳ пеш гирифтем ба Муассисаи Давлатии муҷтамаъи ҷумҳуриявии Осорхонаҳои Кӯлоб. Осорхонаи мазкур беш аз 18.000 ашёи нодири таърихиро дар худ гунҷонидааст. Аз ин миён дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 солагии Кӯлоб ҳудуди 12000 нигора мавҷуд асту дар 2 музейи дигар- осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Хона-музейи С. Вализода 6000 ашёи нодири таърихии дигар мавҷуданд, ки ҳар яке нишон аз миллати бостонӣ будани Тоҷикро гувоҳанд!

Дар ин ҷо моро Асозода Ҳотам Раҷаб, бостоншинос, муҳаққиқи осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, номзади илми филология, ки авоили моҳи нав моҳ бояд рисолати докторияшро ҳифз кунад, яъне 1 ваҷаб кам доктори илм, шахсияти бисёр донишманд ва фарҳехта, яке аз Чеҳраҳои кунунии Кӯлоби бостонӣ, пешвоз гирифт. Роҷеъ ба бозёфти ин ашёи нодир ва дигар асбобу ускунае, ки дар гӯшае бо номи «Таърихи Панҷҳазорсолаи Кӯлоб» маҳфузанд, номбурда гуфт:

– Ҷоми мазкур аз ҳавлии 1 сокини маҳаллаи Мирзо Турсунзода (собиқ Нагорный) дарёфт шудааст. То ин дам зиёд баҳс мерафт, ки Кӯлоб 2700 сол дорад ё на? Усулан ин баҳсро тоҷикони муғулкеш ва ё маҳалгароён сари по мехезонанд. Зеро миллати мо қадимтарин қавми на танҳо Осиё, ки Олам аст ва минҷумла таърихи хеле атиқаву қадима дорад. Ва аммо 1 бозёфти нодири бостоншинос Абдуразоқов Абдурауф ва Селимонова Татяна Германовна, ононе, ки Саразмро ҳафриёт бурдаву таърихи 5000 солаи онро бо факту рақам сабт кардаанд, назари моро дигар кард. Онҳо дар соли 2020, аз ҳавлии 1 кӯлобӣ, Артефакт, гӯреро бо устухонпораҳо ва ороишоти нодире кашф карданд. Дар гӯр 1 ҶОМ мехобид, ки таърихи на камтар аз 4500 сола дорад! Таври маълум сарватмардону лашкариёну шоҳону арбобони давлатиро бо молу манол 40-50 аср пеш гӯр мекарданд, ба ин далел, ки бо ҷому зару зевари худ ба биҳишти тасаввуротишон ҳозир шаванд. Ана ҳамин ҶОМ тасаввуроти моро дар бораи Кӯлоб дигар кард. Ин сарзамин на камтар аз 4,5-5 ҳазор сол таърихи ташаккул ва рушду равнақ дошта, зиёда аз ин ба забони имрӯза «заводу фабрикаи истеҳсоли ҷому хум ҳам доштааст»..

 

Ҷому пайкон

Басо рамзист, ки паҳлӯи Ҷоми нодир тиру пайкон ва корд низ ёфтаанд, ки низ таърихи 4,5-5 ҳазорсола доранд. Ин атрибутикаи ҷавонмардии ҷадди мост, ки таъкид месозад, Тоҷикон сар аз асрҳои сангу биринҷ то имрӯз мардуми гарданкашу лашкаршикананд ва давову дағои қирғизаке чун Қамчибек Ташиев ҳаргиз моро наметӯронад ва гардани дилхоҳ муддаиро барои 1 ваҷаб хоки Ворух мешканем. Ҳамонгуна, ки гардани Қутайба ибни Муслиму Асад ибни Абдуллоро дар соли 714 шикаста будему мардуми Самарқанд месароид:

Аз Хуталон омадия,

Ба рӯ табоҳ омадия,

Овор боз омадия,

Зору низор омадия!!!

Қирғизҳо тарҷумаи ин шеъри ҳиҷоиро аз арабҳо пурсанд. Воқеан ҳам дар ин осорхона хокистардон ё худ «пепелнитса»-и овони Искандари Мақдунӣ низ дарёфт шудааст, ки нишон аз он дорад, ки бобоҳои мо дуд аз димоғи Александр ҳам баровардаанд. Мо Метавонем!

С.М.

Неъматулло Алиев, суратгир,

Махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube