РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: НОС ФУРӮШ!

Нос ай бобом мерос,

 1 кайфи дуру дароз…

Ин шиори носкашони ашаддиест, ки бе он лаҳзае худро тасаввур намекунанд. Дар ҳама ҷо халтаи ” сеҳрнок” бо худ доранд. Ҳатто дар ҷайби ҳар шими худ халтаҳои алоҳида мегузоранд. Имрӯзҳо дар ҷамъият бо одамоне рӯ ба рӯ мешавем, ки даҳонашон пур аз носу гоҳе байни гуфтугӯ ба ҳар сӯ туф мекунанд. Аз чунин манзара, агар пеши хориҷие рух дод, дигар худро 1001 бор насли Рӯдакиву Синову Мавлоно ҳам гӯӣ, ростӣ ғаши бинанда меояд ва бар маданияти мо шояд туф кунанд! Мисле, ки мо сари кӯча ҳамеша нос туф карда мегардем…

Нос чи мавод аст? Таркибаш аз чӣ иборат бошад ва оё метавон ин одатро пешгирӣ кард? Одамони носӣ дар 1 рӯз чанд халта нос мекашанд? Хариди нос ба буҷети оила таъсир дорад ё не… ин ва дигар  саволҳое буданд, ки ҳафтаи равон бо супориши навбатӣ ба ҷустуҷӯяш баромадем:

Касе, ки носак мезанад,

Дар гӯр ҳалосак мезанад!

Рафтеммммм

“Ватан”- и нос

 31.01.2025 . Соат ба вақти Бохтар 08: 45 дақиқа.  Дар Хатлон теъдоди одамони носкаш  мисли ҳоҷиҳо  афзуда истодааст. Ва Ватани носро дар Хатлон ноҳияи Дӯстӣ мешиносанд. Зеро дар ин ноҳия истеҳсоли маҳсулоти тамоку бештар равнақ дошта, носкашони номӣ  ҳам хуб медонанд, ки носи ин ноҳия назар ба дигар ҷойҳо серхаридору серталаб мебошад. Ҳангоми ба ноҳия расидан замон  дар даромадгоҳи ноҳия якчанд  одамони шиносамро  вохӯрда, мақсадамонро баён доштем. Тавре огаҳӣ ёфтем  дар ноҳия боз анъанаҳое будаанд, ки барои мо барин одами бори аввал шунида ҳайратовар аст. Яъне аз ҷамоати Анористони деҳаи Паланггузар ба Ҷамоати Гардии Гулмурод духтар намедиҳанд. Сабаб? Носкаш будани ҷавонони ин ҷамоат!!!  Яъне дар худи ноҳия анъанаҳое ҳаст, ки ба нос рабт дорад.

То ҳол ман гумон мекардам, ки нос аз барги дарахтон омода мешавад . Чунки носро аз бӯяш ҳазар доштаму ба даҳонам то ин замон набурдаам.  Аммо чун супориш буд, ба ватанаш сафар кардаму аз шинондан то тайёр кардани онро бо чашми сар дидам. Ва ба  саволҳои беҷавоби худ посухҳои мушаххас гирифтам. Сараввал ба Ҷамоати Анористон рафтем. Дар ин ҷамоат чизе моро дар ҳайрат нагузошт. Лек андешаи надодани духтар ба ҷамоати дигар дар зеҳн давр дошт…

Чигуна тамокуро кишт мекунанд!?

Дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ мувофиқи дурнамои нақша ҳар сол 200 гектар заминро тамоку кишт мекунанд. Чун вориди деҳа шудем,  замони кишти тамоку будааст. Ва мо ҳам ба заминдорон кӯмак карда, якчанд донаи тамокуро ба ҷӯякҳо киштем. Ҷамъоварии ҳосил моҳҳои май- июн сурат мегирад.  Тамоку тақрибан дар 90 – 100 рӯз  пухта мерасад. Ҷӯякҳои кишти тамокуро аз ҷӯякҳои оддӣ калонтар гирифта,  мисли шолӣ об бисёртар мемонанд. Қади тамоку 65-70 сантиметр шуда, мисли гулкарам баркҳои калон калон мекунад ва ҳангоми пухта расиданаш дар нуки ниҳол тубчае пайдо шуда,  ҳама ҷоро бӯй мегирад, ки  ҳатто аз пешаш гузаштан мушкил мешавад. Ин замон деҳқон мефаҳмад, ки  ҳосил пухта расидааст. Дар ҳамин бӯи ғализ одамон ҳосил мегиранду баъдан мисли шолӣ дарав мекунанд. Мо бо деҳқонон ҳамроҳ шуда, 1 ҷӯйбори калонро тамоку киштем ва ваъда кардем, ки моҳи июн омада, тамокуи шинондаи  худро дарав мекунем. Ёдовар мешавем,  дар ҷамоати Анористон бештар  туркманҳо зист карда, хело одамони замонавӣ ва меҳнатӣ ҳастанд. Моро хуш пазируфта, барои дарёфти иттиллои зарурӣ кӯмак намуданд.

Нос-Осиёб дорем

Дар деҳаи Паланггузар 2 навъ осиёб ҷойгир аст. Аммо на барои гандуму орд, ки барои аз тамоку маводи носвор омода карданҳо!!!  Якеаш барқӣ,  дигараш дастӣ. Осиёби  дастӣ ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ боқи мондааст.  Дар  деҳаи номбурда ҳатто дар заминҳои наздиҳавлигиашон низ тамоку мекоранд. Шуғли дӯстдоштаашон ҳамин тамокукорӣ будааст. Ҳарсола моҳи июн-июл мардуми деҳа дар ин осиёб навбат мепоянд, ки  кай навбаташон расад. Ҳар 1 килои тамоку дар осиёб ба маблағи 30-40 дирам коркард карда мешавад.  Дар осиёб танҳо баргҳои тамоку коркард карда мешавад ва чӯби 65-70 сантиметраи  онро барои захираи  печкаҳои аловӣ  дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд.

Чӣ тавр тамоку нос мешавад!?

Эсанмурадов Байрам раиси маҳали деҳаи Лаби дарёи ҷамоати Анористон мегӯяд “Ҳар кас вобаста ба таъби дили худ барои худаш аз тамоку нос тайёр мекунад. Асосан дар 10 кило тамоку 1 кило оҳак ва 2 литр об андохта, онро омехта ва хушк мекунанд ва баъдан метавонем онро таги забон  партоем. Оҳак дар даруни тамоку  нақши муҳимро мебозад. Тамоку аслан хеле тез аст, аммо вақте ки оҳак омехта кунем тезияш каме рафъ гашта,  дар таги забон намегузорад тамоку часпад. Тоҷироне, ки солиёни  зиёд ба тиҷорати нос машғул ҳастанд, онҳо дар даруни нос ҳаргуна таблеткаҳоро ба монанди цитрамону парацетамол омехта мекунанду номҳои аҷоиб мегузоранд,  ба монанди носи “Шарифи матарол”, носи “Крупски”, носи “таги қум”… Вале  «носи Ҷилликул” бренд аст ва харидоронаш дучанд-бо ифтихор мегӯяд мусоҳиби мо.

Ман нав фаҳмидам, чаро сари кадом носкаше агар  дард кунад, нос мекобад. Хонандаи азиз! Нос дарди саро гум намекунад, аммо чун дар таркибаш ҳамон цитрамону парасетамол ҳаст, сарашон  аз дард мемонад. Гоҳо носкашон худи носро давои  дарди сар меҳисобанд, ки ин ғалати мазҳ аст.

2 сол шуд нарх боло намеравад?!

Сокинони ҷамоати номбурда мегӯянд, зиндагии мо аз ҳисоби фурӯхтани тамоку аст. Ҳар сол бештар мардуми Суғду Помиру Кӯлоб омада, бо 1  нархи муайян ҳосили  ба даст  овардаи моро харидорӣ менамуданд. Соли дуюм аст, ки носфурӯшон нархи тамокуро хеле арзон кардаанд. Бо ин сабаб мо мардуми деҳа дар хонаҳоямон тамоку захира намудем, то ҳангоми боло рафтани нарх савдо намоем. Мо ҳам сода нестем!

Эсанмурадов Байрам мегӯяд,  «шахсан ман соли гузашта дар 1 гектар замин тамоку кишт кардам. Аз 1 гектар 5 тонаву 400 кило тамоку ба даст овардаму 230 ҳазор сомонӣ фурӯхтам. Имсол 5 тонна аз ҳамон 1 гектар гирифта, дар хона захира намудам. Зеро тоҷирони дигар минтақаҳо  имсол ба сари 1 кг 35 сомонӣ нарх гузоштанд, ки нархи гуфтаи онҳо ба харҷи мо рост намояд.  Охир мо дар 1 га замин тақрибан 30 ҳазор сомонӣ  масраф карда, ками дар кам  15 халта нуриҳои минералӣ медиҳем. Агар ҳосил хуб шуд, даромад меорад.

Мо ва носфурӯшии мо

Носа бизан гулписар,

Тоза шавад мағзи сар!!!

Савдогарони таҷрибадор носро асосан хушк қабул мекунанд. Баъди пурра омода кардани маводи тезбӯйи сабзранг онро ба халтачаҳои махсус гирифта, 25-35 граммӣ бармекашанд ва вориди бозорҳо менамоянд. Халтаи 25 граммаи онро 70 дирам ва 35 граммашро бошад 1,5 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд. Мо бо супориши редаксия ба маблағи 70 сомонӣ  нос ҳам харида  фурӯхтем!!!  Аммо дар кӯчаҳои шаҳр не. Чунки роғибони нос хуб  медонанд, ки кадом намудаашро аз куҷо дастрас намоянд. Онҳо гумон карданд, ки мо носи қалбакӣ дорем . Аз ин сабаб бозорамон ҳеҷ нашуд, ки неъ нашуд!

Барои ба пуррагӣ баромадан аз уҳдаи супориши навбатӣ мо ба мағозаи деҳае  ворид шуда, худро ба ҳайси ёрдамчии савдогар гирифтем ва  носфурӯшӣ кардем. Чун мушоҳида намудем ҳамагӣ аз пири 70 сола то ҷавонон  ба ин хокаи бадбӯй вобастагӣ доранд. Соҳиби мағоза бошад харҷи моро рӯйпӯш карда, боқимонда носҳои моро харид ва маблағи моро пардохт кард.  Аз нафаре, ки вориди мағоза шуду худро Амриддин ном гирифт, пурсон шудем, ки дар 1 рӯз чанд халта нос мехарад? Амриддин гуфт, 2 халта носро то бегоҳ истифода мебарад. Ва ҳатман аз халтачаҳои 2 сомона мехаридааст, чунки маззаи ин нос фарқ доштааст: Бренд!!! Суоле ба миён меояд, ки дар як рӯз агар Амриддин 4 сомонӣ барои хариди нос сарф намояд пас дар 1 моҳ 120 сомонашро барои харидани он масраф хоҳад кард. 120 сомонӣ ба манфиати буҷети оила ҳаст ё не суоли риторикӣ боқӣ мемонад.

Носфурӯшони миллионер

Аз таҳлили мавзӯъ хулоса кардем, ки тамокукорони собиқадор дар ҳақиқат бойбача будаанд. Зеро агар ҳар кадоме аз тамокукорони номӣ дар хонаҳояшон ҳадди ақал 4 тонна тамоку захира дошта бошад, фикр кунед, бо нархи 45 сомонӣ барои 1 кг  ин аллакай 180000 сомониро ташкил медиҳад…

Эй, мардуми носкаш! Аз ҳисоби шумо тамокукорон миллионерҳои замона гаштаанду шумо гирифтори 101 бемору маризии даҳону гӯш гулуву бинӣ…

Бо гирифтани маълумоти аҷибу сафари кории булаҷаб рӯзамон поён ва матлабамон таҳлил шуд ва муҳимтар аз ин бо «фалияти пурсамари» тамокукорон ошно шудам.  Мо метавонем!

Қосимзода Нуриддин, носфурӯши контролии СССР,

Бохтар-Дӯстӣ-Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube