ФАЙЗОБОД: ДОД АЗ БЕБАРҚӢ!

Минтақаи Мискинободи шаҳраки “30-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Файзобод аз сатҳи баҳр дар баландии 1750 метр ҷойгир аст, ки иқлимаш ба иқлими Сибир монанд буда, зимистонаш зиёда аз 6- моҳ давом мекунад. Дар минтақа зиёда аз 20- ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанду дар фасли зимистон мардум аз камчинии барқ ранҷ мекашанд.

Тибқи таҳсимоти барқ дар минтақа дар 1 шабонарӯз 10 – соат ҷудо шудааст: 5- соат бегоҳ ва 5 соат саҳар. Вале имрӯз аз соати 17-и бегоҳ то соати 21 ва рӯзона аз соати 5 то 7 барқ медиҳанд, ки ба мақсад мувофиқ нест.  3- соат аз пагоҳӣ ва 2-соати бегоҳиро ба куҷо сарф мекунанд, маълум нест.

Дар шаҳрак барои мактаби рақами 59, беморхонаи сироятӣ, шуъбачаи ВКД хати озод дода шудааст, на барои мағозаю дорухонаҳо. Чаро дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат, ки бозори калонтарин дар минтақа аст, лимит ҷорӣ шуда соҳибкорон аз генераторҳою движокҳо истифода мебаранду дар шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод бо баҳонаи хати озод мағозаҳо, дорухонаҳо, мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ қувваи барқро баҳузур истифода мебаранд?

Ҳокими Сафар,

н. Файзобод

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube