Имрӯз хабари баста шудани ягона мағозаи китобфурӯшии шаҳри Хуҷанд – «Ганҷина»-ро шунида, сахт ғамгин шудам. Наход Раёсати фарҳанг ва Раёсати маорифи вилоят ба баста шудани ин мағоза роҳ диҳанд?
Аз раиси вилояти суғд Раҷаббой Аҳмадзода хоҳиш мекунам, ки пеши роҳи ин барҳамхӯрии мағозаи китобро гиранд.
Исмоил Зарифӣ,
ш. Хуҷанд
ДАР ИН МАВРИД: НАЗАРИ ХОНАНДАГОН
– Устод, инро бояд масъулон дарк намоянд, аммо то ҳол ягон дарак нест…
Латофат Кенҷаева:
– Воҳимаи китобдӯстии мо аз ҳад калону амали мо баробари хасе нест. Куҷоянд
масъулоне, ки аз ин боб бонг мезананд? Фурсати имтиҳон барои фарҳангталошони вилоят расидааст. Ку,бубинем баҳояшон чанд аст?
-Агар чунин аст…Мо дигар ҳаққи даъво аз бузургон накунем… Чун мағозаи китоб нест.
Аз СССР: Воқеан аҷиб аст, дар мавриде, ки тибқи амру дастури вежаи Сарвари Давлати Тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулин бояд мардумро китобхон кунанду барои ширкат дар озмунҳои Фурӯғи Субҳи Доноӣ ва ғ. ва ҳ таҳрику ташвиқ, дар Хуҷанди бостонӣ, ягона дукони китобфурӯширо мебанданд… Бо кадом сабабе набошад, ин кор хатои сиёсист ва дуконро натанҳо набояд банданд, ки сафашро зиёд кунанд. Бигзор зарари молӣ оранд ин дуконҳо, аммо чӣ миқдор сарвати моддиву фарҳангиву маданӣ меоранд, касе дар Хуҷанд андеша кардааст, боре? Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!
