Тоҳир Олимов, хонандаи ҳамешагии СССР аз н. Кушониён бо идора тамос гирифта (тел: 888880470), дар бораи муоинаи техникии мошинҳои сабукрав ибрози андеша намуд.
– Ҳоло мехостам аз фаъолияти муоинаи техникие, ки дар ташхисгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо арзи ҳастӣ доранд, огаҳ шавам. Зеро мошинҳои вайрону валангоре, ки дар кӯчаҳо мебинем чи гуна ҳуҷҷат кардани онҳо саволҳои бешуморрро ба вуҷуд меорад. Пештар ҳангоми супоридани маблағи ташхиси техникӣ мошин ҳаматарафа назорату санҷида мешуд. Аммо ҳоло аз куҷо муайян карда мешавад, ки куҷои мошинамон иллат дорад? Агар ташхиси қалбакӣ дошта бошӣ, кормандони БДА бо ҷурмҳои гуногун ҷарима мебанданд. Ҳамин ноадолатиҳо то кай идома мекунад?
