ҲАТТО ВАЗИР ҲУҚУҚ НАДОРАД БА ДАРС ДАХОЛАТ КУНАД!

130732 ОМӮЗГОР ДАР КИШВАР

Дар соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 130 732 нафар (86 250 зан) омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас сафарбар гардидаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 3112 нафар омӯзгор зиёд мебошад. Аз шумораи умумии омӯзгорон 100 445 нафар (63 141 зан) – 76,8% дорои таҳсилоти олӣ, 6 728 нафар (5 198 зан) –5,1% дорои таҳсилоти олии нопурра ва 21 564 нафар (16 269 зан) –17% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Тавре Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ рӯзи 31 январ итиллоъ дод, барои бартараф намудани эҳтиёҷоти кадрҳои ихтисосманд дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 3168 нафар мутахассиси ҷавони равияи омӯзгорӣ ба ҷойи кор фиристода шуданд. Аз ин теъдод ВМКБ – 240 нафар, вилояти Хатлон – 1176 нафар, вилояти Суғд – 915 нафар, шаҳри Душанбе – 209 нафар ва ШНТҶ – 628 нафар мебошад.

Вазири маориф ва илми кишвар мегӯяд, дар соли 2024 донишгоҳҳои олии касбии кишварро 13 ҳазор ва донишгоҳҳои миёнаи касбиро 3 ҳазор нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм кардаанд. Аммо танҳо 64 дарсади онҳо (10 ҳазору 240 нафар) ба мактабҳо ҳозир ва бо кор таъмин шудаанд. 36 %-и дигар (5 ҳазору 760 нафар) ба мактабҳо барои кор ҳозир нашудаанд.

Гуфта мешавад, ки нисбати нафароне, ки буҷавӣ таҳсил карда, вале барои кор ба мактабҳо наомаданд, донишгоҳҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, то онҳо маблағи таҳсилро пардозанд.

 

 

ҲАТТО ВАЗИР ҲУҚУҚ НАДОРАД БА ДАРС ДАХОЛАТ КУНАД!

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми мамлакат дар посух ба суоли мухбири СССР бобати иштироки омӯзгорони кишвар дар ҳашару шанбегиҳои пайваста дар шаҳру ноҳияҳо таъкид дошт, ки бо қабули Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ин корҳо аз байн бардошта мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия ва мавриди корбарӣ қарор дорад. Пас аз мавриди амал қарор гирифтани он касе ҳуқуқи ба корҳои берун аз мактаб ҷалб кардани омӯзгорро надорад. Дар яке аз бандҳои қонун омадааст, ки “Омӯзгор ба ғайр аз додани дарс дигар ба ягон кор ҷалб карда нашавад”.

-Омӯзгор аст, бояд дарс диҳад. Ҳатто мо 1 банди дигарро ба қонун ворид кардем, ки ба раванди дарси омӯзгор ягон нафар, ҳатто вазир ҳам ҳуқуқ надорад бе иҷозат вориди дарс шавад. Ба омӯзгор бояд халал нарасонем, – таъкид намуд вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube