То солҳои 70 – уми асри пор аз мавҷудияти Ҳоҷӣ Содиқ огаҳие надоштем. Соли охири таҳсил дар мактаби миёнаи №4- и ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Данғара муждае даррасид, ки актёрҳои Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ меҳмони мактабиён мешаванд.
Як рӯзи тобистони соли 1975 толори бузурги мактаб моломоли хонандагону муаллимон, ҳамсояҳо – сокинони гирду ванаи мактаб шуд.
Он рӯз аз наздик актёрҳои зиндаро ба чашми худ медидем. Спектакли “Интихоби домод” (муаллиф Ҳоҷӣ Содиқ) бағоят шавқангезу дилнишин будааст. Шодиву хурсандии мактабиёнро ҳадду канор набуд. Аз он рӯзҳо ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои театр Бурҳон Раҳмонмов,) Исо Абдурашидов, Малик Раҳматуллоев (равонашон шод бод) ва чанде дигар аранг – аранг дар хотир монда. Ана аз ҳамин сол ошноии мо бо устод Ҳоҷӣ Содиқ иттифоқ афтод…
Соли 1979, пас аз хизмати аскарӣ дар шаҳри Душанбе мустақар шудем. Рӯзона дар Комбинати нассоҷӣ заҳмат мекашидаму аз ними бегоҳӣ дар
Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин мехондам. Гоҳ – гоҳе
рӯзҳои истироҳат сӯи чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ роҳ мегирифтем. Ва
ҳамин солҳо боз ба тамошои намоишномаи “Интихоби домод” саъй карда
будем.
Сағирагии сангин
Ҳоҷӣ Содиқ 25- уми сентябри соли 1913 дар шаҳри Конибодом, дар оилаи косиб
ба дунё омаадаст. Миллаташ тоҷик. Падараш яке аз нонвойҳои номии шаҳр
буданд. Мутаассифона ҷавон фавтиданд. Чор фарзанди хурдсол сағира
монданд. Ӯ фарзанди калонии оила буд. Модари ҷавонаш шабу рӯз тоқӣ
медӯхт, пул меёфт ва бо ин васила фарзандонро мехӯронду мепӯшонд.
Ҳоҷӣ аз 6 – солагӣ дар мактаби куҳна мехонд. Ба гуфти худаш “Тахта”- ро тамом
карда, ба “Ҳафтяк” гузашта буд, ки комсомолони ҳамонвақта, як гурӯҳ
бачаҳоро бо талқини зиёд ба мактаби типи нави советӣ оварданд.
- 21. 01. 1924
Журналист ва нависандаи хушбаён Ҳоҷӣ Содиқ меӯянд, ки он рӯзро ба ҳиҷ
ваҷҳ фаромӯш нахоҳад кард. Рӯзи ба мактаби нав гузаштанаш хотирмон, рӯзи вафоти доҳии маҳбуби халқҳо В.И. Ленини муаззам буд. Зиндагӣ
ҳамоно вазнин ҷараён дошт. Барои панҷ кас дастмузд аз тоқидӯзии модар
ба гуфти пирони кӯҳистон алейк намешуд. Бо ҳамин сабаб, Ҳоҷӣ аз 12 –
солагӣ даст ба мардикорӣ зад. Ҳамроҳи тағояш, Тухтасин ба пахтачинӣ ва
мевачинӣ мерафт. Ба тағояш, ки аз ӯ калонтар буд, дар як рӯз 1 танга (бист тин) ва ба ӯ 3 мирӣ (15 тин) ҳақ медоданд. Хурсандибахш он буд, ки хӯрокашон аз ҳисоби заминдор буд. Ҳоҷӣ пул (маблағ)- ро бе каму кост ба модараш медод.
Шаш нон
Баъди ташкил шудани колхозҳо (хоҷагиҳои коллективӣ) Ҳоҷӣ барзаговҳои
колхозро бонӣ мекард. Каме пас дар Заводи консерви шаҳри Конибодом шогирд истод. Охири ҳар рӯзи корӣ завод ба онҳо 6 дона нон ҳақ медод. Ба қавли устод Ҳоҷӣ Содиқ дар он рӯзу замон аз пул дида нон заруртар буд…
Мактаб
Сарфи назар аз вазниниҳои рӯзгор Ҳоҷӣ ягон рӯз аз хондан дер накардааст.
Балки дар қатори аълохонҳои мактаб меистод. Аммо ҳамоно эҳтиёҷоти
зинагӣ маҷбур месохт, ки рӯзҳои таътил, тобистон, истироҳат, баъди дарс ба
ягон кор андармон бошад. Масалан, рӯзона мехонду бегоҳ дар завод кор
мекард. Ҳамин тарз, ӯ мактаби ба номи Чапаеви зодбумро хатм намуд. Соли 1931
барои идомаи таҳсил ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор шуда, 80 км масофаро пойи пиёда тай заданд.
Техникуми мусиқӣ
Ҳоҷӣ Содиқ дар шаҳри Хуҷанд ба Техникуми мусиқӣ дохил шуда, онро муваффақона тамом кард. Баъди хатми техникум дар колхозҳои ба номи Сталин
ва “Коминтерн”- и ноҳияи Ленинобод ҳамчун котиби колхоз заҳмат мекашид. Зеро барои идомаи таҳсил имкон надошт. Ӯ бояд модар ва се додарчаашро
парасторӣ мекард.
Рӯзноманигорӣ
Ҳоҷӣ Содиқ аз навҷавонӣ ба матбуот шавқу ҳаваси зиёд дошт. Аз бозе, ки
дар техникум газетаи деворӣ таъсис ёфт, ҳамеша, ё аъзои ҳайати таҳририя буд
ё муҳаррири он. Ӯ бо маром ба навиштани хабар шуғл варзид. Хабарҳояш
кунун мунтазам дар газетаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп мерасиданд.
Оҳиста- оҳиста ба навиштани мақолаҳои калонтар, лавҳаҳо ва фелетонҳо даст
зад.
Устод Ҳоҷӣ Содиқ сар аз соли 1936 пурра ба кори рӯзноманигорӣ қомат рост
кард. Муддате муҳаррири рӯзномаҳои “Ғалаба” ва “Бо роҳи Ленинӣ” буд.
Фронт
Аз рӯзҳои аввали ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба сарзамини
Иттиҳоди Шуравӣ, ба ССССР Ҳоҷӣ Содиқи ватанпарвар ба ҳимояи Ватани
паҳновари хеш қомат алам кард. Ва рафт сарбозӣ. Дар фронт Ҳоҷӣ Содиқ
роҳбари сиёсӣ ва командири ротаи пулемётчиён, иштирокчии муҳорибаи
Сталинград буд.
Ҳоҷӣ Содиқ дар яке аз муҳорибаҳо барои шаҳри Харкови РСС Украина сахт
ҷароҳат бардошт. Вай дар ҳамин муҳориба 23. 12.1942 ( маротибаи савум)
маъюб гашт. Баъди гирифтани табобат дар госпитали ҳарбӣ ӯро ба ақибгоҳ
ҷавоб доданд.
Ленинобод
Сарбози матин, рӯзноманигори шинохта, маъюби ҷанг Ҳоҷӣ Содиқ моҳи
июли соли 1943 ба Ватан баргашт. Солҳои 1943 – 1945 муҳаррири газетаи
“Стахановчӣ”, 1945 – 1946 котиби комиҷроияи вилояти Ленинобод, 1946-
1964 муовини муҳаррир, муҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати
Ленинобод” буд.
“Совет Тожикистони”
Баъди 18 – соли фаъолият дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” журналисти
номвар, сарбози ҷонфидо Ҳоҷӣ Содиқро ба шаҳри Душанбе
хонданд. Ва фронтовики далерро, ки ба 51 қадам монда буд, сармуҳаррири
рӯзномаи “Совет Тожикистони”, органи КМ ПК Тоҷикистон таъин карданд. Пештоз мегӯем, ки ӯ 16 сол роҳбари ин муассисаи эҷодӣ буд.
Солҳои 1964 -1980, давраи роҳбарии Ҳоҷӣ Содиқ дар “Совет Тожикистони” ҳайати эҷодии рӯзнома
бедарак қувват гирифт. Дар атрофи Ҳоҷӣ Содиқ эҷодгарони дӯсту тифоқ,
мисли як оила фаъолият мекарданд.
Дар бораи дӯстиву бародарӣ, маъракаороӣ, базму нишот дар ин идора
қиссаҳои зиёде байни журналистон чарх мезананд.
Соли 1980, дар 67 – солагӣ устод Ҳоҷӣ Содиқро ба нафақа гуселонданд.
“ Яъне, ки масалан”
Ҳикояҳои нахустини нависандаи хушбаён Ҳоҷӣ Содиқ, ки ҳаҷвӣ, мутоибавӣ буданд, аз солҳои 30-юми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ мерасиданд. Китоби аввалини нависанда “Яъне, ки масалан” (1963) ба дасти ҳаводорон расид.
Силсилаи очерк, фелетону ҳаҷвияҳои адиб дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва
китобҳои “Қаҳрамони Шайдон” (1951), “Аз Масчоҳ то Масчоҳ” (1961),
“Аскари ношинос” (1966), “Сироҷиддин- ака” (1972) ва ғайра нашр шудаанд.
Эҷод
Нависандаи хушкор Ҳоҷӣ Содиқ ҳамчунин муаллифи китобҳои ҳикояҳои
ҳаҷвии “Шафқат кунед, дӯстон!” (1971), “Додамро ба кӣ гӯям?” (1970), “Қиссаи
бузи бериш” (1978) ва ғайра мебошанд. Устод Ҳоҷӣ Сидиқ барои бачагон низ
асарҳо навиштаанд. Дар ҳикояву намоишномаҳои ҳаҷвӣ муаллиф образи
қаҳрамонашро соддаю оммафаҳм ва равону шинохтанӣ тасвир намудаанд.
“Интихоби домод”
Ҳоҷӣ Содиқ дар доираи аҳли адаб ҳамчун драматурги маъруф шинохта
шудааст. Нахустин пйесаи ӯ “Духтари сӯфӣ” ҳанӯз соли 1937 дар саҳнаи театри
колхозӣ саҳнавӣ гаштааст.
Бо мурури солҳо намоишномаҳои “ Қумрӣ”, “Ҷони нодон дар азоб”, “Таърихи тоқӣ”, (1959), “Бемории ногаҳонӣ” (1960), “Кӯзаи сеҳрнок” (1970), “Тӯҳфа” (1972), “Дили озурда” (1972), “Эшони риш” (1974), “Виҷдон” (1977), “Воқеаи мошини сабукрав” (1978) – ро таълиф намудаанд.
Албатта, яке аз шоҳкориҳои устод Ҳоҷӣ Содиқ ин намоишномаи мазҳакавии
“Интихоби домод” (1962) мебошад, ки он дар ҷумҳурӣ ва ҳамсоякишварҳо
шуҳрати беандоза касб карда буд. Намоишномаи мазкур дар саҳнаи театрҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон борҳо намоиш дода шудааст.
Соли 1980 намоиши 600 – умини “Интихоби домод” баргузор шуд, ки онро дар Тоҷикистон рекорди саҳнавӣ унвон кардаанд.
300 минётура
Ба як ҳисоб устод Ҳоҷӣ Содиқ бештар аз 300 минётури телевизионӣ, асари ёдоштии “Қаҳрамони нахустин”, романҳои “Гардиш” (1986) ва “Қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ донад” (1987) – ро таълиф намудааст.
Намунае аз асарҳои нависандаи сермаҳсули тоҷик Ҳоҷӣ Содиқ ба бисёр
забонҳои дигар тарҷума шудаанд. Соли 2003 ба муносибати 90- солагии
зодрӯзи нависанда, романи ӯ “Каждуми зери бурё” пешкаши хонандагон
гардонданд.
Аз «ош» то «шӯрбо»
Давраи роҳбарии устод Ҳоҷӣ Содиқ дар идораи рӯзномаи “Совет
Тожикистони” ташкилиҳо дар авҷи аъло будааст. Ҳам кору буду ҳам фароғат.
Қариб ҳар рӯз дар чошт оши палав мепухтанд. Журналистон 1 сумӣ (рубль)
партофта, оши шарики тановул мекарданд. Ана баъд чақчақу шоҳмотбозӣ.
Гапу гуфтори ин нишастҳо то ба боло меравад. Аз Комитети Марказии ПАртияи Коммунистии Тоҷикистон сахт мегӯянд, ки ошхӯрӣ файсал. Қиссаест, ки устод Мирзо Турсунзода низ гоҳ ба “Совет Тожикистони” шоҳмотбозӣ меомаданд. Ин ҳама дӯстиву бародарӣ, кору фароғат аз марди сахо устод Ҳоҷӣ Содиқ будӣ.
Рӯзе пас зердастон аз сармуҳаррир мепурсанд, ки чӣ кор кунем. Ҳоҷӣ
Содиқ мегӯянд:
– Эрод дуруст, ошхӯриро бас мекунем…
Ва дар фуровард ба мутасаддӣ 1 рубль дода таъкид мекунанд:
– Аз ин рӯз пас шӯрбо мехӯрем!…
Подош
Хизматҳои ҷангӣ ва меҳнатии нависандаи маҳбуб Ҳоҷӣ Содиқ бо ордени
Ҷанги Ватании дараҷаҳои 1 ва 2, чаҳор ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳо,
ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр шудааст.
Вакили мардумӣ дар Шурои Олии Тоҷикистон (даъватҳои 7 – 9), Арбоби
шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1973), Корманди шоистаи маданияти
Тоҷикистон (1979), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (СССР аз соли
1959), узви КПСС (аз соли 1940) буданд.
Журналист ва адиби забардаст Ҳоҷӣ Содиқ 18 12 1990 дар шаҳри Душанбе,
дар 77 – солагӣ аз олам даргузашт.
Умари Шерхон
