73,39 ГА ЗАМИН БА ҲОЛАТИ АВВАЛА БАРГАШТ

Масъалаи худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин яке аз мавзӯъҳои меҳварии нишасти матбуотии Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон гашт. Дилшод Ризозода, муовини раиси Кумитаи мазкур изҳор намуд, ки соли гузашта 581 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин дар майдони умумии 81,27 гектар, аз он дар майдони 54,72 гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва майдони 26,5 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ ба қайд гирифта шуд.

Оид ба масъалаҳои мазкур чораандешӣ намуда, дар маҳал 490 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин дар майдони умумии 73,39 гектар бартараф карда шуда, қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

– Аз тарафи нозирони давлатӣ истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 4 ҳазору 922 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони умумии 5 556,82 гектар ошкор намуда, барои дар маҳал бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳазору 922 адад дастур, 4 ҳазору 484 адад протоколу қарори ҷаримабандӣ ба маблағи 2 478 716 сомонӣ қабул карда, ба суратҳисоби махсуси Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо 2 042 322 сомонӣ ворид шудааст, ки 82 фоизи ҷаримаҳои басташударо ташкил медиҳад, – таъкид дошт Ризозода Дилшод.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ба суроғаи Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ва Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 46 ҳазору 877 мактуб, дархост ва ариза, аз ҷумла 12 ҳазору 767 мактуби ташкилоту муассисаҳо ва 34 ҳазору 110 арзу дархости шаҳрвандон ворид гардидааст. Вобаста ба вориди дархосту аризаҳо масъалаи мазкур таҳти назари Сардори Раёсати мазкур қарор дорад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube