ДАР ЯК САТР

  Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии 46 варзишгар, ки дар мусобиқаҳои байналмиллаӣ ғолиб шудаанд, ҳамчунин, барои мураббиёни онҳо дар умум 1 миллиону 787 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

  Дар соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 51 кишвар ба маблағи 110 млн доллар кумаки башардӯстона расидааст.

 Соли 2024 дар кишвар 298 ҷарроҳии пайвандкунии узвҳо, аз ҷумла 199 пайвандкунии гурда ва 67 пайвандкунии ҷигар анҷом дода шуд, ки нисбат ба 1  соли пеш 74 ҷарроҳӣ бештар аст.  

 Соли 2024  ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар, 550 мард барои хушунат ва зӯроварӣ нисбаташон аз ҷониби бонувон шикоят кардаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 61 ҳолат зиёд аст.

 Мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ дар соли гузашта дар мамлакат 110 килограммро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 ҳудуди 60% ё 41 килограмм зиёд мебошад. 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube