ШАМСИ НАРКОБИЗНЕС КИСТ ВА ЧАРО ДАСТГИР НАМЕШАВАД?

Чанд сол қабл ВКД аз боздошти 1 гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ, аз мусодираи миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор ва боздошти 20 нафар хабар дода буд. Роҳбари ин гурӯҳи нашъаҷаллобони трансмиллӣ Саидшарипов Шамсулло сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ном бурда шуда, дар кофтуков қарор дошт. Аммо бо гузашти солҳо Шамсулло Саидшарипов то ҳол дастгир нашудааст? Ин буд суоли хабарнигори газетаи СССР ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии мамлакат зимни нишасти матбуотӣ.

Рамазон Раҳимзода дар посух гуфт:

Гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллие, ки Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоевич роҳбарӣ мекард, 24 нафар дастгир ва аз онҳо 1 тонна воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд. Илова бар ин, Шамсулло Саидшарипов дар 10 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҳамчун роҳбари гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ мегузарад.

 

Ҷинояткори махсусан хавфнок

Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоевич соли таваллудаш 27.09.1984 истиқоматкунандаи маҳаллаи Чортути ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 03.09. 2019 барои содир кардани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон бо моддаи 200 (муомилоти воситаҳои нашъадор), моддаи 202 (тасарруфи перекурсорҳо бо мақсади истеҳсол ё таёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), моддаи 262 (қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда) ва моддаи 289 (қочоқ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ то 06.09.2023 қарор дорад.

 

Литва ба нашъаҷаллоб мақоми паноҳандагӣ дод

Аммо мутаассифона дар кишвари Литва барои ӯ мақоми паноҳандаи сиёсӣ дода, номашро аз рӯйхати ҷустуҷӯи байналмилалии «Интерпол» гирифтаанд. Ҳол он ки ҷиноятҳои содиркардаи Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоевич сиёсӣ, мазҳабӣ ва ҳарбӣ набуда, балки кирдорҳои содиркардаи ӯ вобаста ба ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аст, – таъкид дошт Рамазон Раҳимзода.

Дар идомаи суҳбат вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки вобаста ба дастгир намудани ин нашъаҷаллоби трансмиллӣ ҳатман чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube