РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: РАҚС КУН!

Дар ҳама тӯю сур мо одат кардаем, ки бо даъвати дӯстон аққалан 1 бор ҳам бошад дастамонро боло бардошта, ба хурсандӣ шарик буданамонро исбот намоем. Яъне раққос ҳам набошем боре ҳам ё дар танҳоӣ ва ё гоҳе бо ҷамъи дӯстон рақс кардаем. Албатта ҳаёт бе хурсандӣ намешавад! Аммо манзури мо чизи дигар аст: чаро имрӯз рақси мардона рӯ ба нобудшавист? Оё баргардонидани он кори мушкилест? Ва ё онро ба номинатсияи озмунҳо ҷойгир кардан мункин нест? Чаро дар саҳнаҳои калон ин намуди рақсро дигар мушоҳида намекунем? Чаро мардум бовар дорад, ки раққосон марди ҳақиқӣ нестанд ва ё ҳамҷинспарастанд (инро бояд рӯирост гуфт, зеро маҳз ана ҳамин суол рақсро куштааст!)? Ин суолҳоест, ки мо атрофаш хоҳем гуфт. Мо метавонем!

 Рақси мардона куҷост?

Ин навбат баъди рухсатии корӣ супориш гирифтем, ки дар мавриди аз байн рафтани рақси миллии тоҷикӣ матлабе омода намоем. Зеро мо рақси зебои мардона доштем, ки мутаасуф майл ба нобудӣ дорад.

Ногуфта намонад, ки дар ҳайати дастаи эҷодкорони СССР ҳам мардони раққос кам нестанд. Идибек Маҳмудҷонов ва А. Собир низ раққосони моҳиранд ва дилхоҳ нафарро ба дуэл мебароранд! Албатта, онҳо раққосони професионал нестанд, аммо ин ҳунарро доранд.

Коршиносон ҳадс мезананд то имрӯз 100 навъи рақси Тоҷикӣ ошкор ва муайян гардидааст, ки мутаасуф на ҳамаи ин навъҳо ҳифозат гаштаанд. Солҳои ахир тибқи мушоҳидаҳо рақсҳои бегона ба ҷомеаи мо ворид шуда бегонапарастиро зиёд мегардонад. Ҳоло мӯд шудааст, ки ким-кадом “раққосе”бо рақсҳои ғайришаръӣ дар шабакаҳо худро намоиш медиҳаду ҷомеаи алоҳидаро сӯи тақлид мекашонад. Албатта ба он тақлид кардану пайравӣ аз он намудан ба иродаи мо вобаста аст. Аммо чи мешавад мо аламбардорони фарҳангу санъат рақси мардонае, ки замоне онро чун Ғаффор Валаматзода барин ҳунармандон муаррифии шоиста карда буданду мо ифтихор доштем, баргардонем?.

Мардон танҳо дар тӯй мерақсанд?

Агар ба ҳаракатҳо ва имову ишораи рақси мардонаи баъзе ашхос хусусан кӯдакон таваҷҷӯҳ кунед, сӯи Ғарб майл мекунанд. Боз ҳастанд ҷавононе, ки ба рақсҳои доғистониву қафқозӣ бештар таваҷҷуҳ доранд. Дар дилхоҳ тӯй ҷавонмардон давра карда чунон нук-нуки пой мерақсанд, ки чангу хоки кӯчаро ба осмон бароварда, пойафзолҳоро ба қавли кампиракон ” хӯрда” мекунанд. Рақси тоҷикии мардона дар ин миён нест…

Рақси мардона айб аст?

Рақси миллӣ дар баробари муаррифгари миллат будан, ҳамзамон нишонаи иттиҳоду якдигарфаҳмӣ дар мамлакат мебошад. Зимнан илова бояд кард, ки намудҳои рақс вобаста ба маҳал низ зиёданд, ба мисоли рақси бадахшонӣ, зарафшонӣ, кӯлобӣ, ғармӣ ва хуҷандӣ, ки ҳамагӣ нишонаи фарҳанги бой ва ғании рақси миллии моро ифода мекунанд. Масалан, акои Идибеки веростори мо, рақси ғармӣ мекунаду А. Собир кӯлдобӣ мерақсад. Ҷамилабону сирф тоҷикӣ ва дар ҳама намуд мусиқӣ метавонад бирақсад, ки офаринаш бод! Аммо ман ҳеҷ не ягон намудашро ёд гирам.

Раққосони қаҳрамон аз байн рафтанд!?

Таърих хуб дар ёд дорад, ки солҳои пеш дар базмҳо аксар мардон мерақсиданд, ки хело зебою диловарона ва ҷасурона инъикос мешуд. Биёед барои ба ёд овардани хонандаи закӣ филми ” Ҳасани аробакаш”- ро мисол орем, ки дар он иҷрокунандаи нақши Ҳасан – Бимбулат Ватаев хеле зебо намунаи рақси мардонаро нишон медиҳад. Аммо ҳоло чи? Имрӯз мардони раққоси мо дар нозу хирому ҳаракатҳои нозук аз бонувон чанд қадам пешанд, зеро занона мерақсанд!  Ё худ Ғаффор Валаматзода, ки раққоси мумтоз буд, сабук ва мавзун мерақсид, ҳар ҳаракатро зебо ва бо услуби хос иҷро мекард. Дар рақсҳои ӯ мардонагӣ, чобукӣ ва зиндадилӣ таҷассум ёфтааст. Валаматзода балетмейстр ҳам буд ва офаридаҳош рақси мардонаи тоҷикиро ба оламиён муаррифӣ кардааст. Филми офаридаи Валаматзода – «Лайлӣ ва Маҷнун» нахустин филми тоҷик буд, ки соли 1960 дар кинофестивали аврупоӣ қадр шуд ва бо Грамотаи «Фестивали Венетсия» сарфароз гардид.  Валаматзода асосгузори Ансамбли давлатии рақсии «Лола» буда, намунаи беҳтарини рақси мардонро ба саҳна гузоштааст.

Рақсро кӣ дуст медорад???

Одатан агар ба олам назар кунем, нафаре нест, ки рақсро дӯст надорад. Чунки танҳо ба восита рақс инсон метавонад ҳиссиёти ботиниашро таҷаллӣ диҳад. Рақс аз қадимулайём гоҳе василаи фароғату тафреҳ буду гоҳе василаи ибодат. Шоҳидон мегӯянд, ҳатто дар баъзе деҳоти Бадахшон, рақси мотам низ вуҷуд дорад. Фарзи мисол, дар Бартанги Рӯшон ҷанозаро бо рақси ғамин бонувон ба гӯристон гусел мекунанд.

Имрӯз, дар замони муосир бошад, рақс дастоварди бузургу беназири фарҳангист. Рақси тоҷикӣ таърихи қадима ва махсусияту зебоиҳои худро дорад. Миёни мардуми ноогоҳ ақидае ҳаст, ки рақс амали занона аст. Ва агар хато накунам мо дар Тоҷикистон ансамбли давлатии ” Лола ” дорем, ки дар он мардон фаолият мекунанд. Аммо ин кифоят нест. Чаро мардон ба ин гуна рақсҳо камтавваҷуҳ ҳастанд?

Дар 1 нишасти хабарии вазири фарҳанги пеш иттилоъ дода шуд, ки дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ номинатсияи рақси мардона ҷой дорад ва хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок кунанд. Аммо тавре мебинему мушоҳида мекунем аз рақси мардона хабару изе ҳам нест. Чаро ҷавонмардон ба ин гуна касбҳо, ки замоне парчамбардоронаш бо номи зебои раққос ҷаҳонгаштаву ҷаҳонхурда буданд, дилсард шудаанд?  Ва ё онҳо ақида доранд, ки рақсу бозӣ кори занон аст?

Замоне рақсҳои мардона аз ҷумла рақсҳои паҳлавонӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тоҷикон буд. Аммо ҳоло чи на аз рақси чӯпонбача дарак асту на аз рақси паҳлавонӣ.  Коршиносон бар он назаранд, ки имрӯз муносибат ва диди мардум назар ба раққосаву раққосон тамоюли ғамангезе дорад. Ҷомеаи мо ба раққосон нигоҳи нек надорад. Бинед агар нафаре аз хонаводае келин карданӣ бошад, агар калонҳо фаҳманд духтарак раққоса аст, ҳатман зид мебарояд. Ба писари раққос аслан духтар намедиҳанд!

Чаро мо чунин шудаем? Ба навозандаву сароянда тақлиду гоҳе барои 1 акс бо ӯ гирифтан чи корҳое намекунем. Вале чаро бо раққосаву раққосон ҳамин гуна муносибат надорем? Охир инҳо низ ҳунарманданд.  Вақти онест, ки рақси миллии мардона рӯйи саҳна ояду дилбохтагоне, ки дар замири хеш ҳаваси ин касбро мепарваранд, ба мардум ошно гарданд ва ҳисси бадхоҳӣ нисбат ба раққосон аз миён бардошта шавад. Зимнан ман ба омӯзиши рақси мардона шуруъ кардам ва ҳатман дар оянда пешатон ҳисобот медиҳам. Мо метавонем! Шумо чӣ, слабо???

Нуриддин Қосимзода,

Махсус барои Ихвон ал СССР

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube