РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ТРОЛЛЕЙБУС ШИН! (Ё қиссаи фаъолияти 20 зан – ронандаи троллейбусҳои ш.Душанбе)

Бахшида ба 100 солагии таъсисёбии ш.Душанбе ҳамчун пойтахт

 

Дар пасманзари 1 СМС-паёмак

Паёмаки Абдулқодир Талбаков, дӯсти газетаи мардумӣ ва журналисти шинохтаи тоҷик, дар бораи занҳо – ронандагони троллейбусҳои ш.Душанбе моро таҳрик дод, то меҳмони ККВД «Троллейбус»-и пойтахт гардида, дар бораи фаъолияти занҳои ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар ш.Душанбе гузориш омода намоем. Ногуфта намонад, ки ин репортажи мо ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар ш.Душанбе ботантана таҷлил мегардад, бахшида мешавад.

– Рӯзи пойтахт муборак, душанбегиёни азиз!

 

13.04.2024. Соат бо вақти Душанбе 06:00 дақиқа. Ба Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус” – и ш. Душанбе омадем. Бояд гуфт, ки кор дар ин ҷо ва дигар корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҳар субҳ аз соати 5:00 сар мешавад, вале ба занҳои ронанда каме фурсат медиҳанд, ки онҳо ба хонаву дари худ расидагӣ карда, пасон ба корхона биёянду сари чамбарак шинанд. Субҳи кории ҳар ронанда аз санҷиши техникии мошин ва муоинаи шахсии духтури навбатдор сар мешавад – троллейбус ё автобус бояд аз лиҳози техникӣ бе мушкил ва ронанда сиҳату саломат бошад. Ин муҳимтарин нуктаи корӣ аст.

Думболаи падар рафтам

Ҳамсуҳбати нахустинамон бонуе буд бо номи Райҳона, ки барои ба хатсайр баромадан омодагӣ медид.

Ин касби падарии мост. Ҳар боре, ки падар ва бародаронам Ҳасанҷону Ҳусейнҷон дар чамбараки автобус менишастанд, ҳавасам меомад. Аз дур ба онҳо нигариста, ба худ мегуфтам, ки бояд ин касби авлодиро аз худ кунам. Ва имрӯз, бо шарофати онҳо ман низ ронандаи троллейбус гаштам ва аз ин ифтихор мекунам. Оиладор ҳастам ва шукронаи Худо соҳиби 1 фарзандам. Зимни кор ронандаи троллейбус бо дилхоҳ одам рӯ ба рӯ мешавад. Баъзан вақтҳое мешавад, ки мусофирон дағалона сӯҳбат мекунанд, агар мабодо фардо боз ҳам бо онҳо рӯ ба рӯ шавем, дарҳол бахшиш мепурсанду мегӯянд, ки асабамон хароб буду гапи сахтатон гуфтем, узр мепурсанд. Бо тамоми мусофирони худ забон меёбем, зеро хизмати арзанда ба мардум кардан ин вазифаи ҷонии мост. Ҳастанд мусофироне, ки дӯст шудаанду ҳар рӯз маҳз маро интизор мешаванд, то ин ки дар мошини ман ба манзил бирасанд, – таъкид медорад Райҳона.

«Очаҷони ман троллейбусчӣ аст!»

Ҳамсуҳбати дигари мо бону Лола Сафарова ҳам дар бораи кори худ нақл карда, афзуд, ки кор соати 6:00-и субҳ шӯруъ гашта, соати 22:00-и шаб ба анҷом мерасад.

Қабл аз корро шурӯъ намудану ба сари чамбараки троллейбус нишастан, духтури навбатдор фишорамонро санҷида, масъули техникаи бехатарӣ троллейбусро аз назар мегузаронад, ки он тозаву тамиз буда, ягон ҷояш вайрон набошад. Ин талабот ҳатмист! Дар вақти кор агар фарзандонамро мабодо дар роҳ бубинам, ҳатман савори троллейбус мекунам. Фарзандони ман фахр аз он мекунанд, ки модари онҳо ронанда аст. Писари ман вақте аз мактаб мебарояд, дар назди истгоҳ интизори ман мешавад, ки ҳамроҳи модар то хона равад. Ҳамин, ки аз дар медарояд, бо фахр пеши ҷӯраҳояш мегӯяд: «Ана, бачаҳо бубинед, ки очаҷони ман троллейбусчӣ аст!». Аъзои оилаамон барои ронанда шуданам зид набуданд. Чун ҳамаашон коргаранд ва ба хубӣ маро дарк мекунанду дастгирӣ, – афзуд Лола.

 

Троллейбус хонаи бахти ман шуд!

Лола Сафарова дар идомаи суҳбат гуфт, ки шавҳараш низ дар ҳамин корхона кор мекунаду онҳо якдигаро дар ҳамин ҷо дида ошиқ шудаанд.

   – Калиди бахтамро ман аз ҳамин троллейбус пайдо намудам. Ҳамаи кормандонамон пас аз издивоҷи мо аввал дар ҳайрат монда, пасон хурсанд шуданд, ки мо оила барпо намуда, корро боз ҳам идома медиҳем. Имрӯз дар ҷомеа кам аст марде, ки ба зани худ эътимоду боварӣ пайдо намудаву иҷозати ба сари чамбари мошин нишастан диҳад. Барои ҳамин ба гулдухтарони муҷаррад гуфтаниям, лутфан ҳамсафари ҳаётатонро хуб санҷидаю дониста баъд хонадор шавед, таъкид медорад Лола.

 

Корт корро осон кард!

Ҳавасмо Ятимова, ронандаи дигари троллейбус мегӯяд, ки гузаштан ба низоми пардохти кортӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба нафъи кори онҳо шудааст.

– Барои мо ронандагон бо корти нақлиётӣ кор кардан осонтар аст. Мусофирон вориди троллейбус мешаванду кортро ба насбкунак наздик намуда, рафта ба ҷояшон мешинанд. На бақия медиҳиву на барои тарофа ҷанҷол мекунӣ. Ҳастанд мусофироне, ки аз деҳот ба шаҳр омада, корти нақлиётӣ надоранду пули нақд пешкаш мекунанд. Барои додани бақия моро зарур меояд, ки аз троллейбус фаромада, аз ягон мағоза ё ронандагони таксиҳо пулро майда намоем. Акнун худ хулоса бароред, ки пули нақд хуб аст ё кор кардан бо корт, – зикр мекунад Ҳавасмо.

 

Ҳам ронанда, ҳам усто!

Занон – ронандагони троллейбус таъкид медоранд, ки вақте ронандаи троллейбус шудӣ, пас аз ӯҳдаи таъмири он ҳам бояд бароӣ.

– Троллейбус низ барои мо мисли фарзанд аст. Ҳар субҳ мо дохил ва намои берунаи троллейбусамонро тозаву озода намуда, баъдан ба хатсайр мебароем. Ҳозир бубинед, дар ҳузури шумо бо вуҷуди бориши борон аз троллейбус фаромада, торҳои кандаро пайваст мекунам. Барои ман ин кор мушкил нест. Дар ҳолати аз қисми якуми роҳ ба дигар самт ҳаракат кардан, мо симҳоро аз боло ба тарафи поён мефарорему боз ба боло кашида, ба торҳои сими дигари қатора мечаспонем. Троллейбусҳо бо қувваи барқ кор мекунанд, мо фаромада ҷойи симҳоро иваз намуда, шохҳои троллейбусро ба қувваи барқ мечаспонем, то ин ки қувваи барқ гираду дар роҳ заряди троллейбус намирад.

 

Проблемаи №1 – таксиҳо!

Барои мо афзоиш ёфтани таксиҳо проблема эҷод мекунад. Онҳо истгоҳи нақлиёти ҷамъиятиро банд мекунанду мо наметавонем дар ҷои муайаншудаи худ ист кунем. Гоҳо маҷбур мешавем шохҳоро канда, таксиҳоро гузашта, боз ба сим часпонем. Чаро ин амали ронандагони таксиро касе назорат намекунад? Боз мегӯянд, ки автобусу троллейбус сабабгори тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳ аст, ин тавр нест – таъкид медорад Ҳавасмо.

 

Кор ҳасту коргар нест!

Тавре Ҳавасмо Ятимова иброз дошт, ӯ 4 сол мешавад, ки ба ҳайси ронандаи троллейбус кор мекунад. Соҳиби як фарзанд аст.

– Зиндагиамро бо маоши ҳамин кор – ронандагӣ пеш мебарам. Ба ҳамаи он нафароне, ки мегӯянд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор несту маош кам аст, гуфтаниям: Кор ҳаст ва танҳо содиқона кор кардан лозим аст! Агар солҳои гузашта танҳо 3-4 нафар занони ронада доштем, ҳоло шумораамон аз 20 нафар гузаштааст, ҳама соҳиби 1 бурда нони худ асту аз касби интихобкарда пушаймон нест. Биёед, омӯзед, кор кунед, ба мардум хизматрасон бошеду Ватани худро обод кунед, мисли мо!, – гуфт Ҳавасмо.

 

105 троллейбуси наву муосир

Тавре дар суҳбат Сорбон Азимов, директори ККВД «Троллейбус» итиллоъ дод, айни замон дар тавозуни корхона 105 троллейбуси наву замонавӣ қарор дошта, аз ин шумора ҳамарӯза ба хатсайрҳо 75-80 адад мебароянд.

– Дар умум дар корхонаи мо 130 нафар ронанда фаъолият мекунанд, ки аз ин теъдод 20 нафарашон бонувон мебошанд. Фаъолияти кории занҳо нисбати мардҳо назаррастар аст. Дар раванди хизматрасонӣ мушоҳида мешавад, ки зан – ронандаҳо назар ба мард – ронандаҳо хушмуомила ва боэҳтироманд. Аз ин лиҳоз мо занҳоро пешопеши ҳар иду ҷашн бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ менамоем, ки нисбат ба кор бештар ҳавасманд гарданд, – афзуд Сорбон Азимов.

Тараққиёти нақлиёти электрикӣ

Бояд гуфт, ки тараққиёти нақлиёти электрикӣ дар ш. Душанбе аз миёнаҳои солҳои 1950-ум оғоз ёфт. 6 апрели соли 1955 дар шаҳр шуъбаи троллейбус ташкил карда шуда, аллакай 1 -уми май соли 1955 аз кӯчаи асосии пойтахти РСС Тоҷикистон аввалин троллейбус ба ҳаракат даромад. Баробари дар соли 1967 ба истифода додани парки 2-юми троллейбусҳо дарозии сети алоқа ба 49 километр ва шумораи маршрутҳо ба 9 адад, шумораи мошинҳо дар маршрутҳо — то 65 адад, шумораи коргарон ба 700 нафар расид.

Пас аз фурӯпошии СССР ва қатъи интиқоли маҳсулоти нафтӣ, ки давра ба давра дар солҳои 90-ум рух медод, нақлиёти ш. Душанбе ба мушкилоти ҷиддӣ дучор шуд. Ҳамин тариқ, парки автобусҳо комилан аз фаъолият бозмонд ва аз ин рӯ, то пайдо шудани микроавтобусҳо дар кӯчаҳои Душанбе бори умдаи интиқоли мусофирон ба дӯши троллейбусҳо афтод. Дар давраи нарасидани составҳои ҳаракаткунанда тамоми нақлиёти электрикии мавҷуда, аз он ҷумла троллейбусхҳои боркаши КТГ-1, ки заводи нақлиёти электрикии Киев истеҳсол кардааст, истифода бурда шуд. Шумораи троллейбусҳо дар охири солҳои 1980-ум ба 250 адад модели ЗИУ-682 ва дар охири солҳои 1990-ум ба 45-50 адад расид ва шабакаи маршрутӣ низ коҳиш ёфт. Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон 27 адад троллейбус дарёфт кард, ки мӯҳлати амортизатсияи стандартии троллейбусҳо 10 солро ташкил медод.

Дар миёнаи солҳои 90-ум маҷбур троллейбусҳоро барои таъмири асосӣ ба Қазоқистон, ба заводи трамвай ва троллейбустаъмиркунии Алмаато фиристоданд, аммо аз сабаби набудани маблағ онҳо ҳеҷ гоҳ таъмир карда нашуданд ва аз байн рафтанд. Зеро пул барои ба Душанбе баргардондани мошинхо низ ёфт нашуд.

9 сентябри соли 2004 раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва директори генералии ҶСК «Тролза-Маркет»-и Русия Павел Берлин оид ба хариди 100 троллейбуси нав шартнома ба имзо расониданд. Нахустин интиқоли троллейбусҳои нав дар тобистон-тирамоҳи соли 2005 оғоз шуда, охирин троллейбуси нав моҳи апрели соли 2006 ворид шуд.

Соли 2015 дар ш.Душанбе троллейбусҳои нави истеҳсоли ватанӣ, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмаи нақлиёти энергетикӣ ва велосипедронӣ» васл шудаанд, ба истифода дода шуданд.

Дар соли 2016 троллейбусҳо дар ш. Душанбе беш аз 11 миллион нафарро интиқол додаанд, ки 10% ҳаҷми умумии мусофиркашонии шаҳрро ташкил медиҳад. То моҳи январи соли 2017 паркҳои троллейбусҳои шаҳр аз 166 адад троллейбус иборатанд, ки аз онҳо 70 адад ҳар рӯз ба хат мебароянд. 45 воҳиди нақлиётӣ барои маъюбон мутобиқ карда шудааст, ки ин 28 фоизи шумораи умумии троллейбусҳоро ташкил медиҳад. 2 октябри соли 2019 маълум шуд, ки БАТР барои рушди шабакаи троллейбусҳо дар Душанбе 8 миллион доллар ҷудо мекунад.

 

Омиронаи Сайёф, СССР,

А.Собир, суратгир – оператор

Гузориши видеоии мухбирони СССР-ро дар бораи фаъолияти занҳо – ронандагони троллейбусҳои пойтахт метавонед дар Ютуб канали СССР ТВ тамошо намоед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube