РЕЗААХБОР

 16.06.2024. Соати 06:00 дақиқа, тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон намози иди Қурбон дар масҷидҳои кишвар, дар 1 вақти муайян, гузорида шуда, сипас мардум ба табрики ҳамдигарӣ мераванд: Ид муборак, ҳамватан!!!

 Генерал – майори милитсия Шоҳрух Саидзода, ки 7 сол боз вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД-ро бар уҳда дошт, сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шуд: муборак бод!

 Мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ беш аз 300 ҳазор нафарро, ки барои адо кардани маросими ҳаҷ сабти ном нашудаанд, боздошт ва бадарға намуд: хушбахтона дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

 Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук бо роҳравҳои резинӣ ва майдонҳои волейбол, баскетбол ва футбол дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо кард.

 20.06.2024 дар кӯчаҳои Душанбе дурбин ва “радар”- ҳои худкор, ки аллакай насб шудаанд, фаъол гашта, 5 намуди қоидавайронкуниро, ки маъмултаринашон суръатфизоӣ ва набастани тасмаи бехатарист, ба ҳисоб мегиранду ҷарима мекунанд: эҳтиёт ними ҳаёт!

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube