РЕЗААХБОР

04.07.2024. Си Ҷинпин – раиси Ҷумҳурии халқии Хитой бо сафари давлатии дурӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд: қарор аст Си Ҷинпин бо ҳамроҳии Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии  кушодашавии бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ширкат намоянд.

04-05.07.2024. Антонио Гуттериш, Котиби генералии СММ пас аз сафар ба Ӯзбекистону Қирғизистон ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тибқи иттилои СММ, сатҳи аз ҳама баланди издивоҷи бармаҳал дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд: ҳиссаи духтарон дар издивоҷ, талоқ ё никоҳи ғайрирасмӣ 14,3% аст.

Аз 2 то 6 июл дар кӯчаву хиёбонҳои марказии ш.Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад: дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад.

27 июн ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» нахустин парвози худро дар хатсайри Душанбе – Исломобод – Душанбе анҷом дод.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube