Роғ VS Ғор

Ба маҳфиле, ки хушомад фасонапардоз аст,

Зи хоб давлати бедор барнамехезад!

Соиб

     Ба андешаи сирф фардии ман, ки метавонад ғалат ҳам бошад, хатари имрӯз сари ҷомеаи мо овезон ин набуди васлат миёни кӯдакону наврасон аст! Зеро мо имрӯз «миллати душанбегӣ» таваллуд кардаем, ки аз «миллат»-и кӯлобиву суғдӣ, зарафшониву раштониву бадахшонӣ дур шуда истодааст. Далел мехоҳед? Марҳамат:

– Кӯдакону наврасони пойтахт имрӯз худро аз ҳамсолони музофотияшон болотар мегиранд. Дар навбти хеш музофотиҳо инҳоро чашми дид надоранд. Зиддият ба ҳаддест, ки тасаввурнокарданӣ!!!

Ва ин айби атфол нест. Айби мост! Кор то ҷоест, ки масъулини дилхоҳ соҳот, ҳатто кормандони баландрутбаи милиса, ки дар Кӯлобу Бохтар, Хоруғу Рашт, Хуҷанду Исфараву Конибодом … мансаб мегиранд, зану фарзанди худро ба он ҷо намебаранд! Ҳоло ман атрофии мансабдорони Ҳисору Турсунзодаву Ваҳдату Рӯдакӣ намегӯям, ки бехи Душанбе ҷойгиранду масъулин ҳар шаб ба хона омада, субҳ ба кор мераванд. Маскавро кашф намекунам, агар гӯям, мансабдороне ҳам буданду ҳастанд, ки 5-7 сол раиси ину он ноҳия шуда, роҳбари мақомоти қудративу амниятӣ гардида, фарзандонашон, гуфти русҳо «по праздникам», меҳмони хонаи давлатӣ (ведомственный)-и волидайн мегарданд. Вазъияти шинос не?

Медонед ин ин чист? Ин роғ аст! Халоест миёни мардуми музофот ва пойтахт. Зимнан, агар инҳо марказдӯстанд, пас биоед, аз мардуми ҳамон водиву минтақа, раису сардор баргузинем. Ё шарти фарзӣ гузорем, ки ба кор рафтӣ пеш аз ҳама зану кӯдакатро бар! Бовар дорам, баъзеро аҳли байташон ҳаргиз намераванд. Ва ана дар ҳамин хало, дар ҳамин роғ, кӯдакони мо тарбият меёбанд, ки аз зиндагонӣ дар гӯшаву канори ватани худ ор мекунанд. Кор то ҷоест, ки мо, «миллати душанбегӣ», ҳатто духтарони худро аз музофот шавҳар намедиҳем.

Фарзи мисол, январи соли 2023, вақте Идибек Маҳмудҷонови мо духтарашро аз Тоҷикобод шавҳар дод, доду ғиреви Ҷамилаву А. Собир ба фалак печид, ки «типа, дар Душанбе магар шавҳарро қаҳт задаст, ки аз Ғарм додӣ ва ун кӯдаки бечора дар қишлоқ ҳолаш чӣ мешавад?». Ҳолаш хуб аст. Хушбахт аст, ки бо хушдори худ ақд баст. Вале оё моҷарои Идибеку Ҷамилаву А. Собир аввалу охири кор аст? Албатта, ки неъ!

80 дарсади аҳолии Тоҷикистон омодаанд, духтаронашон шавҳари «россиян» кардаву дар ғурбат ва зери ситами пулиси рус зиндагонӣ кунанду дар Ғарму Кӯлобу Ашту Рашт на. Ин чист? Ин роғ аст ва ин равандро дар илми муосир «урбанизатсия» мегӯянд. Урбанизатсия ба забони оммафаҳм қишлоқгурезӣ ё худ шаҳришавии аҳолиро гӯянд. Медонам, ки русиро хуб медонед ва зимнан маънои ин вожаро, аз Википедия, ин ҷо бо русӣ мекорам:

Урбанизация — процесс повышения роли городов, городской культуры и «городских отношений» в развитии общества, увеличение численности городского населения по сравнению с сельским и «трансляция» сформировавшихся в городах высших культурных образцов за пределы городов…

Урбанизатсия раванди бисёр махуф аст ва аз он усулан миссионерҳои хориҷӣ пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд (ҳол он ки дар Амрико ва Аврупо раванди рурализатсия роиҷ асту аз Давлат маблағгузорӣ мешавад!). 1 мисол меорам сари мавзуъ ва иктифо мекунем:

– Урбанизатсия сари Афғонистонро хӯрд!!! Зеро мардум фавҷ-фавҷ ба Кобулу Ҳироту Балх рехт, суфуфи шаҳрнишинҳо бештару фарҳанги музофотӣ, ки тавъами ватандӯстист, коҳид ва оқибати корро бо чашми сар дар соли 2021 дидем…

Худо нишон надиҳад мегӯӣ, хонанда? О, ман барои чӣ сари ин хатар бонги изтироб зада истодаам??? Ҳоло ман сари насле баҳс кардам, ки фарзандони ронандаву савдогару милисаву духтур ва ҳатто роҳрубу мошиншӯянд, ки худро аз музофотиён болотар мегиранд. Фарзандони элитаи мо кайҳост, қишри алоҳидаи ҷамъиятанд ва ҳамин аст, ки намедонанд, дар музофот, дар бебарқиву беобиву бетеатриву бе марокизи фароғатӣ, ҳамсолонашон чӣ ҳолу аҳволе доранд?

Медонед барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам Пешво, Лидери миллат аст? Зеро бо тамомии ҷузъиёт шодиву нишот, дарду ғами миллаташро медонад. Зеро ӯ сар аз хонарӯбӣ, кӯча тапак кардан, чобуқ, пахтачинӣ, хизмати аскарӣ, либосшӯӣ, 1х1 заданҳои сарикӯчагӣ ва хизматӣ, то посбониву тирпарониву дифоъи ватану шакаробхӯриву об аз ҷӯйи пахтанӯшиву зиндагонӣ дар хобгоҳи умумӣ ва дигару дигарро бо ҳамсолони хеш паси сар кардааст. Зеро ӯ ҷузъи ҷамъият ва миллаташ буд!

А, фарзандони мо-шаҳриён чӣ? Ба мактаб бо таксӣ мераванд, агар мошини кироя надошта бошем. Ҳадди ақал бо автобусу троллейбус. Пиёдагардӣ барои онҳо манъ аст. Студент, ки шуд, дар хобгоҳ зиндагонӣ кардан, ба масали русӣ «за подло»-ст. Хизмат дар Армия айб аст. Шанбегӣ баромадану шаҳри худро пок кардан, айни гуноҳ аст. Пахтачинӣ, белу сатилу каландро намедонанд чист ва ғ. ва ҳ.

Дар даврони СССР, ки ҳама бархоста аз онему ҳоло ба некӣ ва хумор ёд мекунем, тарбият дигар ва фарзанди раису саис бад баробар буд:

– Пиёда ба мактаб мерафтем. Мактаб умумӣ буд (ҳоло хондани фарзандони элита дар МТМУ шарм аст!). Баъди синфи 9 лагери меҳнатӣ мерафтем ва 1 моҳ дар саҳро кор мекардем. Шахсан ман 1 га замини бодиринг гирифтаву бо Алии Беҳудуд мурданак каланд задаам! Қабл аз ин ба «тайёрии ҳарбӣ» барои 14 рӯз ба дараи Турконии шаҳри Кӯлоб рафтаву шабу рӯз хизмати сарбозӣ мекардем, тир мезадем, пос меистодем, ҳандақ мекандем, шинак мегирифтем, гавак мекашидем ва шабҳо атрофи гулхани худкор суҳбату базм меоростем.

Ба Донишгоҳ дохил шуда, дар хобгоҳи умумӣ зиндагонӣ мекардем. Сипас дастаҷамъона ба пахтачинӣ мерафтем, аз 1 ҷӯй об, дар 1 ҷӯяк истироҳат ва аз 1 дег шӯрбову аз 1 «самовор», ки аловмонаш Мишаи ҳамкурсамон буд, чой мехӯрдем. Баъдаҳу ба Армияи Советӣ рафта, баробар бо бесаводоне, ки дохил нашудаанд, хизмат мекардем. Барои он ки зиндагонии муштаракро фаромӯш накунем! Ва ана ҳамин аст, ки кадрҳои советӣ ба халқ ва ба зиндагонӣ наздиктаранд.

 Имрӯз шояд соате фаро расидааст, ки фарзандони тамомии аъзои Ҳукумат ба аскарӣ раванд? Дар хобгоҳи умумӣ ҳафтае 1 бор шабро рӯз кунанд? Маъракаи пахтачинӣ ва ё сохмтонҳои студентӣ (ССО)- ро аз сар гузаронанд?

Бигзор ин ибтикори моро радиоҳои хориҷии мустақар дар ҶТ ва 2-3 калтасаги аврупоӣ мазаммат кунанд, созмонҳои грантхӯри ватанӣ ба ҷакиш дароянд. Бок нест! Вале мо бояд фарзандони худро ба ҳамдигар наздик кунем. Мо бояд раванди дуршавиро маҳдуд намоем. Садди роҳи урбанизатсия шавем. Ба рурализатсия рӯ биорем. Мо бояд ин Роғи сунъиро, ки худамон, волидайн байни атфоламон бунёд кардаем, пӯшонем, то рӯзе ин РОҒ ба ҒОР табдил наёбад, ки касмагузар бошад…

Сахт гуфтам? Хуб кардам.  Барои худа(м)тон гуфтам. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube