ЁВОН: ИВАЗ КАРДАНИ СИМЧӮБ АЗ ҲИСОБИ КИСТ?

Салом ба СССР-и гиромӣ! Хушбахтона тамоми муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ёвон бо таҷҳизоти муосир ва компютерҳо таъмин гардида, фарзандони мо дарсҳоро бо технологияи нав меомӯзанд. Вале инҷо 1 мушкил дорем, ки он ҳам проблемаи куҳна аст, ки моҳи сентябри соли равон 54-солагияшро қайд мекунем. Ман симчӯбҳои барқиро дар назар дорам, ки аз бунёдашон беш аз ним аср гузаштаасту ниёз ба таъмиру азнавсозӣ доранд.

Ҷамоати деҳоти мо аз 15 деҳа иборат аст, агар шамол шавад, зимистону тобистон лимити барқ пайдо мешавад – симҷубҳо ҷумбида, корношоям мегарданд. Соли 2011 симчӯби хати барқ афтида, тамоми мардуми деҳа ҷабри калон дид. Мағозаҳое, ки ба давлат ҳармоҳа маблағи моҳона патенту андоз месупоранд, аз кор монданд – яхдонҳо аз бебарқӣ вайрон шуданд. Раисони наву кӯҳнаи ноҳия аз ин вазъ огоҳ буда, ҳамеша ваъда медиҳанд, ки симчӯбҳо дар наздиктарин фурсат иваз карда мешаванд, вале «маблағ нест»-ро баҳона мекунанд.

Сафаралӣ Бегмонов,  

н. Ёвон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube