«Аввал Худо, охир Худо, баъд Волоияти Қонун»
Ин танҳо 1 шиорӣ одӣ набуд…
Ин роҳи зиндагӣ,
Ин эътиқод,
Ин озмоиш буд!
О З М О И Ш Е, ки дар мизони сухан ва амал пайкари МАРДИАШРО зина ба зина мукаммалсозӣ менамуд ва роҳи мақсудашро ба дараҷоти камолот мерасонид…
Атаҷон, ман бо итминони комил гувоҳӣ медиҳам, ки борҳо ва борҳо ҳангоми фаъолияти меҳнатиатон аз минбарҳои сатҳи гуногун шоҳиди садо додани ҳамин шиори олӣ ва ҳидояткунандаи Шумои гиромӣ, гардидаам. Дар он лаҳзаҳо, ки сухан танҳо сухан набуд, балки он таҷассумгари азму талош, заҳмати содиқона ва ватандӯстонаи Шумо буд. Шиоре, ки дар худ рӯҳи созандагиву ободкориро якҷо муттаҳид мекард!
Ч У Н К И
барои Шумо ин на танҳо як ибора, балки роҳи зиндагӣ ва боварӣ ба ояндаи рушди устувор ва шукуфоии пойдор буд. Боварие, ки дар таҷрибаи идоракунии давлатии Шумо, ба эҳтиром ва обрӯ табдил ёфт.
74-солагии мавлуди пурсаодати Шумо, Атаҷони азизу меҳрубонам, муборак бод!
Шумо пайваста, ҳатто дар ҳалқаи пайвандон, бо таъкиди хос доимо зикр менамоед, ки агар аз як тараф имони комил тавоно ва сабаби асосии шакл гирифтани виҷдони ҳар як инсони соҳибмаърифат бошад, аз тарафи дигар, танҳо тавассути таъмини волоияти қонун дар муборизаи абадии байни некиву бадӣ, адолату беадолатӣ аҳамияти ҳалкунанда дошта, омили басо арзишманд баҳисоб меравад. Маҳз мақоми хосаи волоияти қонун аст, ки имкон медиҳад камбудиву нуқсонҳои ҷомеа ошкор ва бартараф гардад. Ва аз ин рӯ, бештар зоҳир намудани таваҷҷуҳи зиёд дар ин самт барои насли солиму соҳибмаърифат унсури калидӣ ва муҳимми тарбиявӣ буда, мояи бедории дил ва дастовезе азим барои рушди воқеӣ, мегардад.
Яке аз равшантарин намунаҳои амалии ин боварии устувори Шумо, тайи ду даҳсолаи гузашта, бартараф намудани миёнаравон ва маҳдуд сохтани фаъолияти монополистҳо буд. Онҳое, ки бо истифода аз нуфуз ва тамаъ мехостанд нархи молҳои ниёзи аввалияи сокинони пойтахти кишвари маҳбубамонро бо таври сунъӣ боло баранд. Бо ташаббуси оқилонаи «Бе миёнаравҳо» Шумо шахсан ва дастачамъона бо далелҳои возеҳ ва дарки баланди масъулият назорат мебурдед то занҷираи сунъии нархгузорӣ канда шавад ва манфиати мардум бештар ҳимоя гардад.
Ин иқдом танҳо як чорабинии зарурии иқтисодӣ набуд. Балки як амали ногузир ва воқеии мубориза бо зишткорӣ, бо сӯиистифода ва бо беинсофӣ дар бозор буд!
Ташаббуси бесобиқаи дигаре, ки то имрӯз назир надорад, ин вохӯрии тӯлонӣ ва рӯ ба рӯи Шумо бо зиёда аз 200 нафар фаъолони Facebook ва блогерон дар соли 2012 буд. Мулоқоте, ки бо истифода аз фанновариҳои муосир баргузор гардида, муҳокимаи озод, рост ва ҳатто ҳассосро фаро гирифта буд. Камбудиҳо аз мушкилоти пойтахти Тоҷикистони азиз то саволҳои мустақим ва интиқодӣ, ошкорона ва бепарда комилан баррасӣ шуд.
Он вақт ҳадаф танҳо сухан гуфтан набуд…
Ҳадаф шунидан буд!
На идора аз боло, балки робитаи мустақим бо ҷомеа!
Б Е Ш А К,
он қадами ҷиддӣ ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои инсонӣ ва бозҳам пойдору устувор сохтани робитаи мустақим бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, гардид. Қадаме, ки решааш сирф аз ҳамон шиори болозикр асос мегирифт.
Маҳз аз ҳаминҷо шиори навбатии Шумо «Мо метавонем» аз нав дубора эҳё гардида, маънии ҷадидтар пайдо намуд. Аммо, ин ҳам танҳо сухан набуд! Механизми иҷрои он равшан, оддӣ ва ҳамзамон сахтгирона буд…..
«Ҳар чӣ гуфтӣ – иҷро кун!»
Шумо бовар доштед, ки эътимоди мардум бо ваъда ба даст намеояд, балки бо амал. На бо тартиботи сунъӣ, балки бо меҳнати софдилона ва бо дарки баланди масъулияти поквиҷдона! Аз ин ҷост, ки дар роҳи 20-солаи таҷрибаи пешқадаматон дар пешрафти таҳаввулоти раванди муттасили рушди парламентаризми давлатӣ пайваста таъкид менамудед, ки ҳокимияти иҷроия бояд ба қонун хизмат кунад, на бар он ҳукмронӣ намояд!
Дар баробари ин, Шумо доимо аз мустақил ва пурдилона будани ҳокимияти судӣ ҷонибдорӣ мекардед ва аз ниҳодҳои давлатӣ хоҳиш ба амал меовардед, ки фарҳанги шаффофият, адолат ва ҷавобгарии одилонаро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд!
Аммо дарси бузургтарини Шумо – шахсӣ буд!
Шумо ба мо омӯзондед, ки тарғиби арзишҳои волоияти қонун аслан аз ҳар 1 оила ва аз ҳар 1 инсон маншаъ мегирад. Ва таъмини он бошад барои пешбурди ҳадафҳои олии муштараки ҷомеа ва давлат, нақши калидиро мебозад. Бинобар ин, дар интиҳо шурӯъ бояд кард…
Аз ростқавлӣ ва садоқат,
Аз вафодорӣ ва амал ба сухан,
Аз баробарӣ дар назди қонун,
Аз эътибори олии ҳуқуқӣ ва дарки баланди масъулият!
Ҳ А Т Т О агар дар он мавриде, ки болои он умуман назорат побарҷо набошад!!!
Имрӯз, дар рӯзи зодрӯзатон, мо на танҳо шиори Шуморо гиромӣ медорем. Мо, чун ҳамеша А Ҳ Д мебандем, ки роҳи ин шиор ва ин зиндагиро иншоаллоҳ дар оянда низ идома хоҳем дод ва инчунин ин гавҳари арзишмандро бо амал ва бо ҷони худ ҳамвора ҳифз менамоем.
Мутмаин бошед…
Шиори Шумои гиромӣ ҷовидона зинда ва боқӣ мемонад – дар ҳар қадаме, ки бо виҷдон ва қонун гузошта мешавад!
Амирҷон Убайдуллоев,
писари Шумо
