Агар замони шуравӣ 1 барномаи телевизионии Тоҷикистон амал намудаву аз соати 18:00 то соати 23:00 ҳамагӣ панҷ соат шабона ва рӯзона аз соати 8:00 то соатҳои 11:00 ҳамагӣ се соат намоишҳоро анҷом медод, ҳоло бошад шабакаҳои телевизионии вилоятӣ ва шаҳрӣ 24 соат пайваста намоишҳо доир намудаву ҳамчунин ба тамоми олам барномаҳои худро тариқи мавҷи кайҳонӣ мерасонанд, ки ҳамаи ин ба шарофати истиқлолият аст.
Ёд дорам, дар замони дар Лигаи якуми СССР бозӣ кардани клуби «Помир»-и Душанбе ҳамагӣ 45 дақиқа рафти бозиро аз қисми дуюми он намоиш медоданду бас. Танҳо баъди ба Лигаи олӣ баромадани «Помир» шуруъ аз соли 1989 ҳарду қисми бозиҳоро метавонистем тамошо кунем.
Лигаи 2 СССР
Дар бораи бозиҳои лигаи дуюми Чемпионати СССР ва бозиҳои тимҳои овозадори «Вахш», «Хуҷанд», баъдан «Металлург» Турсунзода ва «Ҳосилот» Фархор аз лигаи дуюми шуравӣ ва ҳамчунин бозиҳои Чемпионати РСС Тоҷикистон ва бозиҳои чунин тимҳо «СКИФ» Душанбе, «Волга» Душанбе, «Иригатор» Душанбе», «Трикотажник» Истаравшан, «Иригатор» Конибодом, «Химик» Ёвон, «Чашма» Шаҳритус, «Автомобилист» Бохтар», «Равшан» Кӯлоб… умуман ҳоҷати сухан гуфтан нест. Бозии ин тимҳоро умуман дар телевизион нишон намедоданд.
Имрӯз чӣ?
Имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз мо соҳиби шабакаҳои бузурги телевизионии марказӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ гардидаем. Алалхусус шабакаҳои Телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» хело маъруф буда, дар сатҳи ҷаҳон байни форсизабонон низ дар андак муддат ном бароварданд. Сухангӯии шореҳони футболу дигар намудҳои варзиш низ, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хело касбӣ гаштаву бародарони рӯзноманигори мо аз олами навигариҳои футболи ватаниву ҷаҳонӣ хело бархурдор ҳастанд (эроди мо инҷо танҳо ба муррабиёни футболи ватанист, ки дар аксар мавридҳо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиснои 2-3 нафар аслан намедонанд).
ТВ Футбол киву чиро нишон медиҳад?
Дар ин асос ташвиши мо мухлисони футбол аз каналҳои телевизионҳои варзишии Тоҷикистон он аст, ки чанд муддат боз бозиҳои Лигаи миллатҳои Аврупо, ҳамчунин Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва Кубоки Аврупо, Ҷоми «Компромис» мисли бародарони қазоку қирғизу туркману ӯзбеку афғону ирониҳоро… бевосита нишон намедиҳанд. Чаро бевосита ин бозиҳо нишон дода намешаванд мисли дигар кишварҳои мустақили пасошӯравӣ? Чаро мақомотҳои дахлдори варзишӣ ва Кумитаи Радио ва Телевизион бевосита, пешакӣ бо созмонҳои футболӣ шартнома баставу сари вақт ин бозиҳоро нишон намедиҳанд?!
Ман аслан аз мухлисони дигар намуди варзиш арҷ мегузорам, вале барои мисол, намоиш додани занони нимабараҳнаи варзиши Тенниси Бузург, ки соатҳо тул мекашаду барои мо қариб соҳаи бегона аст, ба кӣ лозим бошад? Ё фарзи мисол, нишон додани бозии тимҳои сусту заъифу миёнаҳоли Испанияву Италия, киро хуш меояд? Аслан кӣ муваззаф ва дастандаркори намоиши ин ё он намуди варзишу бозии футбол аст? Ва ё гаштаву баргашта, такроран нишон додани футболи наврасону олимпии ҳамсоякишварҳо барои чиву кист? Ба ин суолот кӣ посух медода бошад?
Варқаи Зайниддин,
мухлиси футбол, аз шаҳри Бохтар.
махсус барои ҳафтаномаи «СССР»
