Ҷанг бо маргу хунрезиҳои зиёдаш воқеан мудҳишу даҳшатнок аст. Ва аҷибаш он аст, ки дар он на танҳо мардон, балки занон низ бо даъвати қалб баҳри ҳифзи Ватан ҷоннисорӣ мекунанд. Баъди таҷлил аз 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба мо муяссар шуд, ки боз бо як иштирокчии ҳодисаҳои он солҳо шинос шавем. Номи ин зани мубориз момои Раҷабова Солеҳа Идиятовна мебошад. Ӯ аз давраи оғози ҷанг ва замони баъдиҷангӣ тамоми азобу машақатҳоро пурра пушти сар кардааст.
Тавре аз гуфтаҳояш бармеояд, ӯ 21 феврали соли 1926 дар шаҳри Коломнаи вилояти Москваи Россия зода шудааст. Бо оғози ҶБВ момои Солеҳаи 15- сола, ки ҳамагӣ синфи 7-ро хатм карда буд, 11 нафар худашон барин духтарони ҷавонро ҷамъ карда, ба таври ихтиёрӣ ба ҳифзи Ватан мераванд. Вале бо дарназардошти ноболиғ будан онҳоро барои кор ба баталёни меҳнатии ҷабҳаро таъминкунанда, фиристодаанд. Ӯ он ҷо то охири ҷанг дар наздикии шаҳри Москва хизмату меҳнат мекунанд. Аз сӯҳбатҳояш бармеояд, ки ҳайати шахсии ин баталён дар шароити басо вазнин то 9 майи соли 1945 ба ҷои силоҳ дар даст, бо белу зоғнул ва қувваи дасташон дар тамоми корҳои вобаста ба тайёр кардани тиру туп, яроқу аслиҳа, намудҳои муҳимоти ҷангӣ, тайёр кардани иншооти муҳофизатии амалиётҳои самти Москва фаъолона иштирок карда, ҳамчун заҳматкашони ақибгоҳ ва неруи қудратманд дар тайёр кардани замина ва таъмини Ғалаба саҳми калон мегузоранд.
Тавре момои Солеҳа мегӯянд, чандин аъзои баталёни меҳнатӣ-духтарони ноболиғ аз хунукию гуруснагӣ ва шароити сангин ҳалок мегарданд. Баъди ҷанг низ бо сабаби норасоии кормандони хоҷагиҳо аъзои баталён ба мавзеи Уляновск гузаронида шуда, то соли 1948 заҳмат мекашанд ва танҳо баъди иҷрои пурраи вазифаҳояшон ба хонаҳояшон рухсат мешаванд.
Ҳангоми корҳои хандақканӣ бо ҷавони тоҷик Каромат Раҷабов шинос шуда, баъди ба ҷабҳа рафтан ӯро чандин сол ҷӯстуҷӯ мекунад. Бо ҳукми тақдир Солеҳаи ҷавон дар шаҳри худ акнун бо иштирокчии ҶБВ, афсари Артиши Шуравӣ, майор Раҷабов Каромати тоҷикистонӣ аз нав вомехӯрад. Муҳаббати бозгашта байни ҷавонон аз нав аланга зада, соли 1948 онҳо оила ташкил мекунанд. Баъди муддате Каромат Раҷабов аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, бо занаш Солеҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегардаду то охири умрашон дар ин ҷо хушбахтона умр ба сар мебаранд. «Маро ба ин диёри зебою дилфиреби афсонавӣ муҳаббати поки ҷанговарписари тоҷик оварда, билохир ба як умр хушбахтам кард», – иброз медорад Солеҳа – момо.
Солҳои баъдиҷангӣ Солеҳа ва амаки Каромат Раҷабов дар корхонаҳои гуногуни назди пойтахти кишвар зиндагию меҳнат мекунанд. Солеҳа ҳамчун дузандаи моҳир ва шавҳараш ҳамчун коргари пешқадам миёни мардуми ноҳияи Рӯдакии имрӯза бо фаъолияти худ машҳур мегарданд. Дар соҳаи меҳнат низ ин оилаи намунавӣ ва хушбахти интернатсионалӣ тавассути меҳнати ҳалол лоиқи ҳурмату эҳтироми ҳамватанон ва ҳамкорон мегарданд. Дар баробари меҳнати шоиста зану шавҳар то охири умрашон ҳамчун иштирокчӣ ва заҳматкаши ақибгоҳи ҷанг дар чорабиниҳои гуногун иштирок намуда, дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонону наврасон саҳми бузург мегузоранд. Дар зиндагӣ онҳо соҳиби фарзандон шуда, минбаъд онҳо низ ҳамчун давомдиҳандагони анъанаи ҷангию меҳнатии падару модарашон ба халқу Ватан софдилона хизмат кардаанд.
Таъсиру оқибатҳои ҷанги мудҳиш ба саломатии амаки Каромат ба монанди бисёр иштирокчиёни ҶБВ бетаъсир намемонад. Ҳамин буд, ки баъди бемориҳои тулонӣ соли 2002 амаки Каромат Раҷабов ин оламро падруд мегӯяд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бошад, момои Солеҳа барои давоми зиндагӣ ноҳияи Синои шаҳри Душанберо интихоб мекунад.
Бо гузашти солҳои зиёд ба момои Солеҳа Тоҷикистон ватани ҳақиқӣ, сарзамине, ки соҳиби бахту саодат карда, фарзандонаш тавлиду фаъолият ва зиндагии шоиста доштанд, табдил меёбад. Имрӯз ӯ ба сини муборакашон нигоҳ накарда, ҳамчун собиқадор-заҳматкаши фаъолу пешқадами ҷангу меҳнати шаҳру ноҳия дар тамоми чорабиниҳо иштирок менамояд. Тавре момои Солеҳа мегӯянд, акнун барояш ҳамчун зану модари ватандӯст даврае расидааст, ки дар чорабиниҳои ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бахшидашуда ӯ чун ветерани ҷангу меҳнат ҳам аз номи худ ва ҳам аз нақлу саргузаштҳои ҳамсари ҳарбии ҷангиаш баромад намуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва сарзамини аҷдодӣ, дӯстию бародарӣ, ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ ва хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳидоят менамояд.
Мо ифтихор мекунем, ки дар ноҳияи Синои пойтахти кишвар собиқадори ҷангу меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи ҶБВ, модари мушфиқу меҳрубон момои Солеҳа Раҷабова истиқомат дошта, ба наздикӣ ба сини мубораки 100-солагӣ мерасанд. Пештоз мегӯем, ки тайи солҳои зиёд ӯ зери назорату парастиши кормандони Шӯрои собиқадорони ноҳия қарор дошта, аз дастгирии доимӣ ва эҳтироми ҳамаҷонибаи онҳо бархурдор мебошад. Кормандони Шӯро низ ба ӯ натанҳо ҳамчун собиқадори заҳматкаши ҷанг, балки ҳамчун модари соҳибэҳтиромашон муносибат намуда, дар тамоми ташвишҳои рӯзғору зиндагӣ дастгириву кӯмак менамоянд.
Мо аз номи роҳбарияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, аз номи худамон ин модари азизро ба муносибати ҷашни садсолагиашон самимона, фарзандвор табрику муборакбод намуда, барояшон саломатии комил, умри дарози бобаракат, давлати пирӣ ва тамоми хушиҳои беҳтарини зиндагиро хоҳонем. Бигузор бахту саодат ҳеч гоҳ кошонаи бибии Солеҳаамонро тарк насозад!
Худойқулов Ҳайдар,
Навидова Ҷамила,
кормандони Шӯрои собиқадорони ш. Душанбе
