Хушхабар: «Тоҷик Эйр» ба парвозҳои байналмилалӣ шуруъ мекунад!!!

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» эълон намуд, ки дар моҳҳои апрел – майи соли ҷорӣ ба парвозҳои байналмилалии худ оғоз хоҳад кард. Ин нуктаро Парвиз Шодмонзода, директори генералии ҶСК «Тоҷик эйр» зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки барои амалӣ намудани парвозҳо 2 ҳавопаймо омода ва дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қарор дошта, айни замон яке дар фурудгоҳи шаҳри Внуковои Мос­ква аз таъмир мегузарад.

Мавриди зикр аст, ки ҳавопаймоҳои Boeing 737-500 (EY-577) ва Boeing 737-500 (EY-578), ки қаблан аз ширкати UAB «Skyroad Leasing» соли 2009 ба иҷора гирифта шудаанд ва аз соли 2013 истифода нашуда, дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” қарор доштанд ва соли 2025 пурра ба тавозуни Ҷамъият гузаронида шуданд. ҶСК “Тоҷик эйр”, ки он замон роҳбарияташ дигар нафар будӣ,  ин ҳавопаймоҳоро дар солҳои 2009-2013 истифода бурда, пардохти иҷораро намекард ва аз 2013-2025 пеня ва фоизҳои қарз то ба 36,6 млн доллар расид. Воқеан ҳам газетаи СССР дар ин бора навишта буд.

 Тавре Парвиз Шодмонзода зикр намуд, соли 2025 ҶСК «Тоҷик Эйр» ба баҳси тӯлонӣ бо ширкати литвагии UAB «Skyroad Leasing», хотима бахшида, қарзи ҶСК-ро дар назди ин ширкат, ки  дар ҳаҷми 36,6 миллион доллари ИМА ҷамъ шуда буд, ба пуррагӣ бартараф кард.

Тоҷикэйр қарзҳояшро канд!!!

07.03.2025 тарафҳо байни худ Созишномаи оштӣ бастанд. 21 майи соли 2025 бошад бо иштироки намояндагони тарафҳо, аз ҷумла директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Шодмонзода П.А. ва Суди арбитражии шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи оштии байни ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ширкати UAB «Skyroad Leasing» тасдиқ гардид. Дар асоси Шартномаи мазкур ва Созишномаи оштӣ тарафҳо гузаштҳои мутақобила карданд.

Лозим ба зикр аст, саҳми директори генералии Ҷамъият Парвиз Шодмонзода дар ҳалли ин қазияи Судӣ, ки беш аз 12 сол идома дошт,  хеле назаррас мебошад. Ин кори анҷом дода шуда кори таърихӣ ва хотиравӣ аст. Пас аз ҳалли ниҳоии ин баҳс, минбаъд, дар мавриди молу мулк ва суратҳисобҳои бонкии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар хориҷи кишвар дар ҳеҷ гӯшаву канори ҷаҳон ҳабс, маҳдудият ва гаронии дигар вуҷуд надорад. Аз ҷумла, ҳавопаймои Boeing 737-300 (EY-444), ки моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» мебошад, аз ҳабс озода карда шуд.

Далели пардохт шудани қарзҳо дар вебсайти портали ҷаҳонии ҳавопаймоии SH-AVITION, ки бисёр бонуфуз аст, дарҷ гардидааст.

Боинги “зиндонӣ” ба Душанбе меояд!

-Дар давоми моҳҳои октябр-декабри соли 2025 бо мақсади муайян кардан ва ба ҳолати коршоямӣ баргардонидани ҳавопаймои Boeing 737-300 (EY-444), ки аз соли 2019 дар фурудгоҳи байналмилалии Внуковои шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дошт, мутахассисони ботаҷриба ҷалб карда шуданд. Барои омода кардани ҳавопаймо ҷиҳати парвози яккарата то ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, корҳои техникӣ ба анҷом расонида шуданд. Ҳавопаймо рузҳои наздик ба Душанбе оварда мешавад. Барои анҷом додани ин корҳо Ҷамъият зиёда аз 433 ҳазор доллар сарф кард.

 Ҳамчунин Ҷамъият аз ҳисоби худ зиёда аз 12 млн рубли русӣ бо назардошти тахфиф аз 17,0 млн барои таваққуфи иҷбории ҳавопаймо аз соли 2019 то айни замон пардохт карда, аз фурудгоҳи Внуково қарздор намебошад

 -Ҳамин тариқ, ҶСК «Тоҷик Эйр» то имрӯз аз ширкати UAB «Skyroad Leasing» қарз надорад ва метавонад бидуни ягон монеа парвозҳои байналмилалиро анҷом диҳад, – таъкид дошт Парвиз Шодмонзода.

 Инчунин роҳбарияти ширкати “Тоҷик эйр” соли 2025 оид ба харидорӣ намудани 2 ҳавопаймоҳои минтақавии Let L-410 “Turbolet” (Л-410), бо роҳбарияти концерни “OMNIPOL”-и Ҷумҳурии Чехия, заводи истеҳсолкунандаи чунин ҳавопаймоҳо, музокирот намуда, қарор баст, то ин ҳавопаймоҳо моҳҳои апрел-май ба Душанбе биёянд.

Хатсайрҳои нави дохилӣ

Бояд гуфт, соли гузашта Ҷамъият ба оғози парвозҳои мунтазам бо ҳавопаймои АН-28 (EY-28736) дар чанд хатсайри нави дохилӣ шуруъ кард. Аз ҷумла; парвозҳо дар самти Душанбе-Хоруғ идома ёфта, дар соли 2025 парвозҳо ба самти Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Ховалинг, Душанбе-Рашт, Душанбе-Панҷакент ва Душанбе-Ванҷ оғоз гардиданд. Парвозҳо ҳар рӯз иҷро мешаванд ва танҳо рӯзҳое, ки ҳавои парвоз номуносиб аст, парвоз қатъ мегардад.

 Моҳи сентябри соли 2025 аз ҷониби мутахассисони корхонаҳои истеҳсолии “Антонов”-и Украина, Омск ва Серпуховои Россия мӯҳлати истифодабарии ҳавопаймои Ан-28 (EY-28736) ба 1 сол тамдид шуд. Ҷамъият барои иҷрои ин корҳо 54 300 доллари ИМА сарф кардааст. Дар ин давра 158 парвози ҷуфт иҷро шудааст ва интиқоли мусофирон 4968 нафар ва вазнашон 2228 кг бору бағоҷро таъсис дод. Хотиррас мешавем, дар даврони истиқлолият барои нахустин бор, роҳбарияти нави Тоҷик эйр тавонист, парвозҳои дохилиро мунтазам ва аз рӯи реҷа роҳандозӣ намояд, ки офаринашон бод!

Таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷӣ ба “Тоҷик эйр”

Танҳо пас аз ин, ширкатҳои хориҷӣ ба фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» таваҷҷуҳ пайдо карданд. Раванди гуфтушунид бо намояндагони ширкати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба масъалаҳои лизинг ва таъмини ҶСК «Тоҷик Эйр» бо ҳавопаймоҳои бо нишондиҳандаҳои техникӣ – иқтисодӣ қонеъкунанда, гузаронидани аудит, ҷиҳати арзёбии ҳолати техникии парки ҳавопаймоҳо ва гирифтани тавсияҳо оид ба истифода, фурӯш ва таъмири онҳо, оғоз гардид.

 Зимни музокироти дуҷониба масъалаи ба кор андохтани Маркази муосири техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла иҷрои ин корҳо дар ҳавопаймоҳои калонҳаҷми Boeing 767/А330) ва ҳавопаймоҳои хурдтар (Boeing 737-800/А320/А321), таъсиси Академияи авиатсионӣ, барномаи такмили ихтисоси кадрҳо, хизматрасонии ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» қабул гардид.

 Ҳамзамон Директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр Парвиз Шодмонзода дар моҳи июни соли 2025 дар Париж бо ноиби президенти консерни “Эйрбас” ҷаноби Шалбел Ёзкатлӣ (Charbel Yozkatli) оиди хариди 2 ҳавопаймои ин консерн таввасути лизинги молиявӣ вохурӣ анҷом дод. Кор дар ин самт давом дорад ва ҳатман ояндаи наздик ҳавопаймоҳои ин ширкати ватанӣ бо парвозҳои худ фазои Тоҷикистон ва ҷаҳонро тасхир хоҳанд кард.

Лозим ба ёдоварист, ки то сари кор омадани Парвиз Шодмонзода, ширкати ватании Тоҷик эйр, ки роҳбарияти қаблӣ онро касод карда буд, ҳаққу ҳуққи парвозро дар ягон хатсайри хориҷиву ватанӣ надошт ва қарзҳояш ҳамеша варам мекард. Белиссимо, Тоҷик эйр!!!

 Ҷ. Ҳусейнова,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube