31.01.2026. Соат ба вақти Исфара 21:17 дақиқа. Ҳамааш аз он шуруъ шуд, ки Собир Рустамзод, яке аз шоҳсутунҳои журналистикаи советии тоҷик дар солҳои 1990-уми асри ХХ, хабарнигори Паёми Душанбе ва Сухан, ки он даврон фурор ба амал меоварданд, аз Чоркӯҳи Исфара занг задаву гуфт, 1 акси кӯдакиатро ёфтаму таъмиру тармим, рангу бору барқарор карда, ба ту фиристодам. 1 бор бин…
Вотсапро кушода, ҳамин аксро дидам, ки ту, хонанда, дар ин саҳифа дида истодаӣ. Ва ин акс маро ба дунёи ёдҳо бурд…
Аксро дар саҳифаи ФБ (фейсбук) гузоштаму зерматнаш чунин навиштам:
– Ин акс таърихчаи хубе дорад: Соли 1978. Синфи 5 будам ва ба 1 духтарчаи синфи 1, ки аз Муъминобод ба Кӯлоб, хонаи апааш Зебои ҳамсояи мо, меҳмонӣ омада буд … ошиқ шудам. Рафтаму ин аксро гирифтам, то ба ӯ тақдим кунам. Ӯ куҷосту чикора? Намедонам. Вале ишқи ӯ дар умқи чашмони кӯдакии ман ҷило медиҳад…
Зи ман тифлӣ бирафту бе нишон шуд,
Савори най гузашту ноаён шуд.
Вале ишқи замони кӯдакиям,
Зи дил берун нашуд, бо ман калон шуд!!!
Гулназар
… Ин аксу ин нигошта, дар байни дӯстони ман суҳбати ширине доир намуд. Воқеан ҳам кам иттифоқ меуфтад, ки дар ФБ тоҷикон суҳбати самимиву дилнишин кунанд. Зеро контенти тоҷикии ФБ ҳақоратхона шудаасту ғайбатсарой. Коре, ки дар дигар контентҳо аслан дида намешавад. Бо 1 ҳарф мо тоҷикон ҳамдигариро ун қадар носазо мегӯем, ки ҳатто контенти укроиниву русӣ, дар ҳамин шабу рӯз, ҳамдигариро чунин намехоянд.
Бархе тоҷикакон, мутаассуф, аксари маворид, журналистакон, ки бо шумо 40 сол беш ошноянд, зумрае, ки худро шогирду шодихӯрда мехонанду онҳоро сари хони хонаводагӣ роҳ ҳам додаед, мегиранду пост ё худ нигоштае мегузоранд ва зераш худашон, бо имзои мустаор (фейк) аввалтар аз ҳама дашному ҳақорат мемонанд, то авомуннос таҳрик ёбад. Ва ана баъд тамомии коммент ё шарҳҳои ҳақоратиҷод сари шумо мерезанд. Сипас, баъди 3-4 рӯз, ки дашномҳоро мазза карда хондаву ҷой додаанд, аз шумо узр мепурсанд, ки “о, мебахшед, инро ман не, инро фарзи мисол умедаки амрикоигардида, ки дар ТВ Сафина кор мекарду дар журналистика ҷои холие беш нест (очко) навишта будӣ, мана гифтам…”.
Худо инҳоро задааст, ё калтаанд, ё ғафс, ё раддимаърака, ё беватану саргардон, ё пес, ё даюс, ё махав, ё кампираки танҳову майзадаву мӯсафедаки беватанаки майхора, дар ҷамъ гуфти дӯстам Далери Абдулло “неудачник”… Ман инҳоро лошахӯр, шағол, кафтор меномаму гуфти Ашӯр Сафари раҳматӣ аз интригаҳояшон “пашорам намебарад!”. Хонандаи некноми СССР ёд дорад, ки ин лошахӯрон аз марги воқеан фоҷеабори Қобилҷони кӯчаку кӯдак, чӣ интригае карданду авомро сари… газетаи СССР шӯронданд. Тавре ҳангома сохтанд, ки гӯиё СССР дар ин куштор даст дошта бошад… Наъузамбиллоҳ аз шарри шайтонҳо!!!
Инҳо Қобилҷонро дастаки ҳангома сохтанд. Ҳоло ҳатто намедонанд, аз марги ин тифлак чанд рӯз гузаштааст. Ва низ намедонанд, ки дӯстони газетаи СССР ба ин хонаводаи ғамзада чӣ кумакҳо карданду дар маркази шаҳри Душанбе хонаи 2-ҳуҷрагӣ тақдим. Ман адреси ин хонаро медонам! Аммо наменависам. Зеро ин лошахӯрон сари модари ғамзада тохтаву барои ВВС ва “пайғамбарашон” дар Аврупо гузориш таҳия мекунанду Очаи бечораро дар ғам тар месозанд. Вале бало паси ишон. Сари матлаби фавқ баргардем.
Чун аксро мондаму навиштам, ки сурати ошиқи 12 солаест. Раъно Каримоваи давлатмеҳвар навишт:
-Аҷаб кӯдаки хушрӯ будааст, ин Сайёфи мо!
Ман дар шарҳи ин нигошта навиштам:
– Апаи Раъно, медонед, ки дар Кӯлоб ҳама лақаб доранд. 1 кампири ҳамсоя доштем, лақабаш «Момай Сиган» буд. Зеро шӯху шангу маҳфилоро ва муҳимтар аз ин зани Бобои Акрами «Нос», яке аз гизалатарин сокинони кӯчаи Куйбеши номӣ, иштирокчии ҶБВ будӣ. Ба ҳама аҳли гузар ин Момаи Сиган лақаб мемонд: Гулга, Миной, Чурек, Гаскон, Крис, Гаган, Ғаш, Иван… Инҳо чӣ маънӣ доштанд, худаш медонисту тамом. Ана ҳамин кампир аз ҳама лақаби бадеро ба ман дода буд:
-Хшрууввв…
Дар Кӯлоб хушруй неву Хшрув мегӯянд. Маро дар кӯчае, ки ҳама тахаллуси авбошии «дуруст» дошт, чун «Хшрув» мегуфтанд… (дар кӯдакӣ, албатта, ҳоло куҷо?), замин намекафид, ки дароям… Гиря карда меомадаму Очама мегуфтам, «ҳамин момай Сигана бугӯ (кӯҳистониён ба ягон кас Шумо гуфта муроҷиат намекунанд!!!), дугонаед охир, маро дигар лақаб монад». Очам механдиду мегуфт:
-«Охӣ ӯра Сиган меган бачам, хафа нашав» …
Вақте чандин сол баъд издивоҷ кардам, занам омаду гуфт, «Кампири ҳамсоя маро занаки Хшрув» гуфт.
Пурсидам:
-Занаки хшрув гуфт ё зани хшрув?
Гуфт, фарқаш чист?
Гуфтам фарқ ин аст, ки «лақаби ман Хшрувай пеши момай Сиган ва ӯ туро зани ман номидааст, аз худ нарав» …
Заб мардуми хубе буд он давронеее. Ҷошон ҷаннат…
Ва аммо ҳадаф аз ин навишта чист? Таърифу тавсифи ман? Ҳаргиз на. Ҳама дар хӯрдӣ, дар наврасӣ, дар ҷавонӣ зебост. Ҳадафи ман ин аст, ки ту, хонандаи ин сутур, оре маҳз туе, ки мепурсӣ «наход СМ маро дар назар дошта бошад?», дар бораи ИШҚИ АВВАЛат навис! Бисёр мехоҳам солдидаҳо, солхӯрдаҳо мӯсафедакону кампиракон дар бораи Ишқи Аввалашон нависанд. Зеро дар ин ҷаҳони каҷдорумарезу маҷозиву парешон, Ишқи Аввали мо шояд садде бигардад ва ҷаҳони Тоҷиконро аз вартаи ноумедӣ, фориғболӣ, бенизомӣ, бетарбиятӣ раҳонад???
3 мукофот эълон мекунем:
Ҷои аввал 3000 сомонӣ
Ҷои дуввум 2000 сомонӣ
Ҷои саввум 1000 сомонӣ
Матлабҳо бояд бо ин байти Лоиқ Шералӣ оғоз шаванд:
Ёдаш ба хайр бод, он ишқи кӯдакӣ,
Он ишқи гумшуда чун шеъри Рӯдакӣ…
Мо Метавонем!!!
