Имрӯз таърихист. 2 тан аз шоҳсутунҳои журналистикаи советии тоҷик дар ин рӯз таваллуд шудаанд. Нозирҷон Ёдгорӣ ва Акбари Саттор…
Боре журналисти ҷавоне, Нозирҷон Ёдгориро дашном доду навишт, “ин пиракӣ худаш кист?”. Баъди ин СССР дар бораи чандин пирони кор, сар аз Нозирҷон, очеркҳои портретӣ навишта, солдидаҳоро ба насли ҷавон ошно кард. Аммо ба кӣ мегӯӣ? Ба ун ва дигар ҷавонон ишорат ҳам кардем, ки сӯи Шерони матбуот ҷакидан паёмади баде дорад. Ҳоло ҳамон ҷавонжурналист дар зиндон аст. Намаки журналистика дилхоҳ нафарро мезанад. Зимнан сӯи бузургон густохӣ нашояд кард. Сайидост, ки мегӯяд:
Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,
Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард!
Ҳоло ҳар кӯдаке, ки бинияшро пок накардааст, сари чамбараки кампутар нишаставу бузургонро маломат менависад. Оқубат ба хайр нест, муҳтарам кӯдакон. Мо Метавонем!
Нозирҷон Ёдгорӣ дар тӯли 70 соли умри пурбаракот доди журналистикаро дод, вале ҳаргиз ҳамкасберо паст назад. Бар ҳамон кӯдакони соҳаи хеш низ чун ба ҳамкасбон назар мекард…
Ҳайкали Ӯ дар дили 100 одам аст
Эҳтиромам менамоянд, ин кам аст?
Ҳар 1 одам баҳри ман 1 олам аст.
Нест агарчи ҳайкалам дар кӯчаҳо,
Ҳайкали ман дар дили 100 одам аст.
Нозир Ёдгорӣ 10 феврали соли 1956 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1978 Шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ходими газетаи «Роҳи ленинӣ» (собиқ вилояти Кӯлоб; 1978-81), мухбири махсуси газетаи «Адабиёт ва санъат» (1981-86) буд. Аз соли 1986 ба ҳайси мухбир ва муҳаррири шуъбаи давлат ва сиёсати рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кардааст. Аз соли 2000-ум то соли 2026 сардори Хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» буд. Айни замон ходими адабии рӯзномаи «Ҷумҳурият» мебошад.
Нахустин ҳикоя ва тарҷумаҳояш соли 1973 дар саҳифаҳои матбуот пайдо шуданд. Муаллифи маҷмӯаҳои қисса, очерк ва ҳикояҳои «Лаҳзаи тулӯъ» (1986), «Рӯ ба рӯшной» (1988), «Садди оташ» (1994), «Зиндагӣ дар пояи ду кӯҳи намак» (1995), «Бӯсаи мор» (2002), «Бори вазнин, роҳи дароз» (2010), «Роғун ҳамкори офтоб»
2010) «Нурафзо» (2011), «Дар талоши нур» (2016), «Ҳамкори офтоб» (2016), «Бо симхати нур» (2019), «Дар радифи офтоб» (2020), «Ваҳдати моро шаҳодатнома дод» (2020), «Корнамоӣ дар марзи номус» (2020), «Ҳафтранг» (2021), «Нигоҳи гарм» (2022), «Эй, Кадучӣ!…» (2023), «Офтоби беғуруб» (2024), «Бо Ҷодаи нур» (2024), «Дарахти муҳаббат» (2025), «Гавҳари чашми миллат» (2026), «Сӯзанбарг» (2026) ва дигар асарҳои бадеиву публитсистӢ мебошад.
Ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва украинӣ тарҷума шуда, дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расиданд. Аз адиби рус В. Распутин қиссаҳои «Пул барои Мария» ва «Валентин ва Валентина», адиби эстон Маатс Трат романи «Рақси гирди деги буғ»-ро (дар ҳамкорӣ бо Бахтиёри Муртазо) тарҷума ва нашр кардааст.
Нозир Ёдгорӣ рисолаи равоншинос ва нависандаи америкоӣ Дейл Карнеги «Чи тавр ташвишу ҳаяҷонро пушти сар кунем?»-ро ба тоҷикӣ гардонидааст. Ин асар, бо хоҳиши хонандагони сершумор 2 маротиба солҳои 2005 ва 2022 дар силсилаи «Серхонандатарин китоби дунё» нашр шудааст.
Нозир Ёдгорӣ аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соли 2012 ба мукофоти давлатӣ – медали «Барои меҳнати шоиста» мукофотонида шудааст. Соли 2010 барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва соли 2025 сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.
Шаммае аз эҷодиёти Нозирҷон Ёдгорӣ пешкаши хонандагон мегардад.
Як гурӯҳе беибо Синогадоӣ мекунанд,
Бо Синои тоҷик онҳо худнамоӣ мекунанд.
Айб аст бар он касе, дорад чунин хоҳишро
Хоб дидаст кӯсаи бечора гӯё ришро.
Ҳар ки дорад кушише, к‐ӯ Ибни Синоро барад,
Аз вуҷуди зиндаи мо чашми биноро барад.
Аз дили дардолуди мо ӯ тасаллоро барад,
Нисбати худ эътимоду ҳурмати моро барад.
РУҶУИ МАРДУМИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ
Хайрамақдам Пешво, бар пояи кӯҳи намак,
Сарзамини дар паноҳи сояи кӯҳи намак!
Бо қадамҳои Шумо ин ҷо замин гул кардааст,
Пиру барноро дилу ҷону ҷабин гул кардааст.
Мардум, акнун аз дигар дар рӯи пост, истода рост.
Бомуҳаббат интизори дидани рӯи Шумост.
Чун Шуморо эҳтироми таърихи аҷдодияст,
Қасри Ҳулбукро сафову ифтихору шодияст.
Аз шарри сад Аҳриман моро халос бинмудаед,
Қалби моро пур зи шодиву сипос бинмудед.
Хайрамақдам, Пешво, эй чеҳраи нури саҳар,
Рӯи хуршед ин саҳар мо дидаем наздиктар.
БА ЗОДГОҲАМ НОҲИЯИ ВОСЕЪ
Хоҷамуъмин дар дар даруни мазаи нони ман аст,
Як намакдони бузурги Тоҷикистони ман аст.
Як нишони таърихи халқи тамаддунофарам,
Ҳулбук осори бузурге аз ниёгони ман аст.
Аз Гулистон то ба Пушён – ин ҳудуди муътабар,
Марзаи сабзе барои роҳати ҷони ман аст.
Духтари ҳамсояву ишқи даруни пахтазор,
То ҳанӯзам гавҳари дар дида пинҳони ман аст.
Ҳар касе боре нафас бигрифтааст аз ин ҳаво,
Ман ҳаводорам варо, аз гӯшаи ҷони ман аст.
Аз даме, ки модарам бо хоки он омехта шуд,
Хокаш, акнун, сурмаи дармони чашмони ман аст.
Ман самимӣ дӯст медорам, диёри арҷманд,
Меҳраш андар махзани виҷдону имони ман аст.
Ба шарафи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон
Ду дарахту решаҳои мо як аст,
Бо ҳамем ар, сарфарозем, бешикаст.
Даст бар даст, дар бари ҳамдигарӣ,
Боз наздиктар ҳамебояд нишаст
*
Бо Курушу давлати Сосониён,
Мо тамаддунро тамаддун кардаем,
Пайравони Ҳофизи Шерозием.
Сақфи гардунро дигаргун кардаем.
*
Пешвозаш ин замин аст парниён,
Тоҷикистон аст мунаввар ин саҳар,
Гул барафшонем ба пеши пойи ӯ,
Омадаст имрӯз фарзанди падар.
БОБО
Ягон унвон аз ин боло набошад,
Аз ин боло дар ин дунё набошад,
Ягон ному ягон унвони олӣ
Ҳаловатовар аз “Бобо” набошад.
НАЗАР
Як назар бар дидаву рӯям нигар,
Хори рӯи ман наметобад дигар.
То, ки чашмеро наорам ман халал
Метарошам риши худро ҳар саҳар.
Меҳрубонӣ мефишонам ман ба шаҳр,
Мешавам аз хонаам вақте бадар.
Бо муҳаббат менгарам бар одамон,
Медароям ҳар куҷое ман зи дар.
Суннати ашъори ман меҳру вафост,
Одамонро мекунам наздиктар.

Акбари Бузург
10.02.1965. Бузургтарин журналисти асри муосир, Акбаралӣ Сатторов таваллуд шудааст. Акбари Саттор дар соли 1993 инқилобе кард. Ӯ матбуоти Тоҷикро наҷот дод. Дайджест-Прессро кушод. Даҳҳо нафар журналистро ба кор гирифт. 25.04.1996 дар зодрӯзи банда “Чархи Гардун”-ро ташкил намуд ва дар Бари ГЖК, вақте ин газетаро “мешустем”, гуфт:
-Ин тақдими ман ба 30-умин зодрӯзи туст!
Банда, ки 25.04.1966 таваллуд шудаам, ин туҳфаи пурарзишро қабул кардаму ба Россия барнагаштам. Чархи Гардун дар он шабу рӯз газетаи №1 ҳам не, ягона газетае шуд, ки ҳар ҳафта мебаромад ва аудиторияи бузурги хонандаи худро дошт. Даҳҳо тан ба кор ҷалб шуд. Садҳо нафар соҳиби нон гашт. Ҳазорон кас ба мутолиа бозгардид. Матбуоти Тоҷик эҳё шуд. Тули мавҷудияти ООО Чархи Гардун оилаи рӯзномаҳо таваллуд шуданд ва масс-медиаи Тоҷик соҳиби аввалину охирин Медиамагнати Тоҷик шуд, ки ӯро ном Акбаралӣ Сатторов будӣ.
«Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Авиценна», «Аладдин», «Студент», «День за днём», «Время-деньги» ва «Дайджест пресс» узви қавии ин оила будандӣ, ки баъди фавти Акбар куллан аз байн рафтанд.
Акбари Вазир
Ростӣ, шахсан ман намедонам, Иттифоқи Журналистони РСС Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ чӣ манзалате дошт, вале дақиқан медонам, ки то омадани Акбар ИЖТ ба ном вуҷуд дошту бас. Соли 2006 интихоби раиси ИЖТ баргузор шуд, ки дар он Акбари Саттор алтернатива надошт. Зеро аксарияти кулли рӯзноманигорон роҳи наҷоти ин ниҳодро маҳз дар симои ӯ медиданд. Дар тӯли 9 сол, ки Акбар раис буд, тавонист аз ИЖТ воқеан ҳам 1 ниҳоди қавӣ ва боэътимоде созмон диҳад. Дар даврони раҳбарии Акбар журналист қадру қимат дошт: хоҳ дар музофоти дурдасттарин ва хоҳ дар пойтахт. Зеро ҳама ниҳодҳои калидӣ медонистанд, ки “Вазири Журналистон”, тахаллуси Акбари Саттор, аз аъзояш дар ҳама ҳолатҳо дифоъ мекунад…
Боре 1 журналисткаро бо иттиҳоми авомфиребӣ боздошт карданду чанд нафаре аҳд бастем, ки барои ҳимояташ ба ниҳоди қудратии масъул меравем. Пагоҳ омада, дар назди дари ИЖТ танҳо Акбари Сатторро дидам. Сигор бар лаб, чашмони хуморияш ба ханда мойил, гуфт:
-Ҳа, сағера, гумон доштӣ, ки боз ягон кас меояд? Ман туро интизор будам. Рафтем!!!
Ягон кас бо мо нарафт, вале мо рафтаву бо асли воқеа шинос шудем. Ун нафар воқеан ҳам муҷрим буду ҳабс шуд. Аммо сухан сари ин нест: суҳбат ин ҷост, ки Акбари Саттор ҳатто барои ҷинояткорони узви ниҳодаш ба дилхоҳ мақомот мерафту то метавонист таъсир мегузошт. Зеро Шахсият буд! Ва ҳар журналист дар симои ӯ пуштигири худро медид. Руиҳамрафта, он даврон воқеан ҳам мо Иттифоқ на, ки Вазорати Журналистону ВАЗИРИ худро доштем!
Дилхоҳ чиновник агар мушкиле пеш меомад, ҳатман ба Вазир занг мезаду мушкилро миёниҳамӣ ҳаллу фасл менамуд. Ин корсозӣ ва дипломатияи фардии Акбари Саттор буд, ки Тоҷикистон дар тӯли 9 соли раёсаташ дар ИЖТ дар феҳристи озодии сухан пайваста боло мерафт! Ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти судӣ БОЯД сари ин моҷаро андеша кунанд ва имиҷи давлатро ҳифз!!! Мо Метавонем!
Охирсухан
Акбари Саттор 28.08.2015, дар синни 50 солагӣ, ихтиёран ба олами улв пайваста, ба қатораи роҳӣ сӯи Биҳишт билет харид.
…Акбаро! Рӯ ба рӯи аксат, ки танҳо дар идораи мост, истода, ёдат мекунам. Ту дар зиндагониат ҳич бовар доштӣ, ки рӯзе мерасаду суратҳои зебоят аз ҳама идораҳои газетаҳо гум мешаванду танҳо дар 1 редаксия барои ҳамешагӣ овезон мемонӣ ва ин редаксияро ном газетаи мардумии СССР аст? Дар СССР “Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад!”. Мо намакпосдорем!! Мо Метавонем!!!
С. Мизроб,
СССР
